Беш аз 10,3 миллион сайёҳ ба Ӯзбекистон рафтаанд: Тоҷикистон дар сафи пеш
Шавкат Мирзиёев хостори суръат бахшидан ба ҷорӣ кардани кортҳои ID дар марзи Тоҷикистон шуд
Аббос Ироқчӣ: “Эрон таслим намешавад, музокирот бо ИМА идома дорад ва боз шудани тангаи Ҳурмуз ба созиш вобаста аст
Пизишкиён: “Хок мехӯрем, аммо хок намедиҳем”. Ин сухани Сатторхон аст ё Аҳмадшоҳи Масъуд?
Поёни муҳлати оташбас миёни Амрико ва Эрон. Теҳрон: “То кунун ҳеч ҳайате ба Покистон нарафтааст”
Дар остонаи поён ёфтани муҳлати оташбас миёни Амрико ва Эрон, Теҳрон гуфт, ки то кунун ҳеч ҳайате ба Покистон сафар накардааст.
Хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон рӯзи сешанбе, 21-уми апрел гузориш дод, ки то ҳол ҳеч ҳайате ба Исломобод, пойтахти Покистон, барои музокира бо ҳайати амрикоӣ нарафтааст.
Дар гузориш омадааст: “Аз рӯзи шанбе то кунун ахбори зиёде дар бораи барномаи сафар ё вуруди ҳайати эронӣ ба Покистон ва ҳатто эълони вақти баргузории нишаст дар шоми душанбе ё субҳи сешанбе аз ҷониби расонаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла расонаҳои амрикоӣ ва минтақавӣ, матраҳ шудааст, ки ҳеч кадом дуруст набуд”.
Бар асоси гузориш, мақомоти эронӣ аз шоми якшанбе дар мавқеи собит эълом кардаанд, ки музокира зери сояи таҳдидро намепазиранд ва идомаи ҳузур дар музокирот ба тағйири рафтор ва мавқеи амрикоиҳо вобаста аст.
Ин дар ҳолест, ки расонаҳои амрикоӣ аз сафари ҳайати Вашингтон ба Исломобод хабар додаанд.
Қобили зикр аст, ки муҳлати оташбас миёни Амрико ва Эрон рӯзи чоршанбе ба поён мерасад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
26 сухани афкорсози устод Иброҳим Исмонов дар бораи зиндагӣ, сулҳ, журналистика ва сиёсат
Путин мегӯяд Русия барои ҳалли низоъ омода аст ба Эрон кумак кунад
Ҷабҳаи озодӣ: Мо се Толибро дар вилояти Парвони Афғонистон куштем
Тарғиби фарҳанги китобхонӣ. XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.