“Раванди сабз”-и Амруллоҳ Солеҳ қароргоҳи Толибон дар як мактаби Панҷшерро ба оташ кашид
Трамп: “Ҳар лаҳза омодаи ҳамла ба Эрон ҳастам”
Русия ҳамроҳи Оверчук ҳайати беш 70-нафараро ба Кобул фиристод
Политико: Трамп Ҷей Ди Вэнсро аз музокирот бо Эрон канор гузошт
Шаҳбоз Шариф: “Музокироти Теҳрон ва Вашингтон мутаваққиф нашудааст”
Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон эълом кардааст, ки музокироти Эрон ва Амрико ҳанӯз поён наёфта ва танҳо дар марҳилаи бунбаст қарор дорад.
Шариф рӯзи якшанбе, 12-уми апрел дар гуфтугӯ бо “CBS” гуфтааст, ки даври аввали музокироти мустақим миёни Теҳрон ва Вашингтон дар Исломобод бидуни дастёбӣ ба тавофуқ ба поён расид, аммо дипломатия ҳамчунон идома дорад.
Нахуствазири Покистон таъкид кардааст, ки Исломобод ба талошҳои худ барои миёнаравӣ идома медиҳад ва умедвор аст ду тараф дубора ба мизи музокира бозгарданд.
Исҳоқ Дор, вазири корҳои хориҷаи Покистон низ дар баёнияе эълом кардааст, ки кишвараш дар рӯзҳои оянда барои идомаи гуфтугӯ мусоидат хоҳад кард.
Гуфтугӯҳои ахир, ки бо миёнҷигарии Покистон анҷом шуд, натавонист ихтилофоти аслии миёни ду тарафро ҳал кунад ва танишҳо ҳамчунон идома дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт