Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Бори аввал дар кишвар бемори қанди навъи ду ҷарроҳӣ карда шуд
Дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар кишвар ба як бемори 57-сола, ки давоми 5 соли охир аз бемории қанди навъи ду азият мекашид, амалиёти ҷарроҳии шунткунонӣ байни меъда бо рудаи борик ва руда ба руда, яъне дар ду ҷо анҷом додани пайвандсозии узв гузаронида шуд.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ин ҷарроҳӣ имкон медиҳад, ки бемор дар муддати кӯтоҳ аз бемории қанди навъи ду шифо ёбад ва ҳамзамон як андоза аз вазни изофа низ халос шавад.
“Мутахассисони соҳа иброз медоранд, ки чунин усули нави ҷарроҳӣ агар аз як ҷониб давраи барқароршавии саломатии беморро кӯтоҳ намояд, аз ҷониби дигар бо осеби ками ҷисми бемор анҷом дода мешавад. Яъне, дар натиҷаи осеби камтар дидан баъди ҳамагӣ як-ду рӯзи ҷарроҳӣ бемор ба хона рухсат дода хоҳад шуд”, - зикр мекунад манбаъ.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст