“Раванди сабз”-и Амруллоҳ Солеҳ қароргоҳи Толибон дар як мактаби Панҷшерро ба оташ кашид
Трамп: “Ҳар лаҳза омодаи ҳамла ба Эрон ҳастам”
Русия ҳамроҳи Оверчук ҳайати беш 70-нафараро ба Кобул фиристод
Политико: Трамп Ҷей Ди Вэнсро аз музокирот бо Эрон канор гузошт
Трамп: “Як рӯзи дигар ҳам ба муҳлати қаблӣ илова кардам!”
Трамп, ки ба эътирофи коршиносон дар ҷанг бо Эрон дар як бунбасти стратегӣ асир шудааст, дақиқаҳое пеш гуфт, ки як рӯзи дигар ҳам ба муҳлати пешин илова кардааст.
Доналд Трамп, президенти Амриок борҳо бо таҳдид таъкид кард, ки агар Эрон тангаи Ҳурмузро боз накунад, неругоҳҳои барқи ин кишварро бомбаборон хоҳад кард.
Эрон эълом кард, ки посухи сангине ба ҳадафҳои Трамп хоҳад дод. Трамп пас аз вокуниши Эрон гуфт, ки се рӯз ба замони қаблӣ (яъне 48 соати аввал) илова кардааст!
Бо расидани вақти иддаошуда ва истодагии Эрон, Трамп эълом кард ин муҳлатро 10 рӯзи дигар тамдид кардааст! Дар ин муддат чандин ҷангандаи Амрико ҳам мавриди ҳадафи Эрон қарор гирифт ва авзоъ барои Амрико бадтар шуд. Трамп дар ин айём ба дунболи халабонҳояш буд ва ниҳоятан ҳам мушаххас нашуд чӣ иттифоқе барои онҳо афтод.
Пас аз он дубора Трамп гуфт, ки 48 соати дигар аз муҳлати Эрон боқӣ мондааст! Боз ҳам Эрон истодагарӣ кард ва гуфт, ки агар Трамп кори баде бикунад, шигифти вижае дар интизораш хоҳад буд.
Трамп дубора гуфт, ки 1 рӯзи дигар ҳам илова кардааст ва замонро то сешанбеи ин ҳафта тамдид кардааст.
Ҳоло дақиқаҳое пеш бархе расонаҳо гуфтанд, ки Трамп як рӯзи дигар ҳам илова кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт