Ҷӯра Ҳошимӣ, адиби кӯдакону наврасон дар 78-солагӣ даргузашт
Иштироки Матлубахон Сатториён дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ»
Дар Тоҷикистон 1050-солагии Робиаи Балхиро таҷлил карданд
Ҷашнвораи VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид. Тоҷикистонро кадом театрҳо намояндагӣ мекунанд?
Як тилло, як нуқра ва чор биринҷӣ. Дастоварди иштирокчиёни тоҷик аз Бозиҳои Делфӣ
Имрӯз, 27-уми март дар доираи Бозиҳои Делфӣ аз рӯи ҳамаи номинатсияҳо даври дуюми озмун баргузор гардид.
Бинобар иттилои Вазорати фарҳанги кишвар, ҳайати мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин марҳилаи озмун ҳунару маҳорати баланд нишон дода, сазовори 1 медали тилло, 1 медали нуқра, 4 медали биринҷӣ ва 4 дипломи махсус шуданд.
“Ин муваффақиятҳо натиҷаи заҳмати пайваста, омодагии ҷиддӣ ва истеъдоди баланди иштирокчиёни тоҷик буда, обрӯ ва нуфузи фарҳангии Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ боз ҳам боло мебардоранд”, - зикр мекунад манбаъ.
Манбаъ меафзояд, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинии бонуфуз дар номинатсияҳои гуногун, аз ҷумла навозандагии асбобҳои мардумӣ, фортепиано, сурудхонии мардумӣ, сурудхонии эстрадӣ, санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маҳорати худро муаррифӣ карданд.
Гуфта мешавад, ки Бозиҳои Делфӣ яке аз муҳимтарин чорабиниҳои фарҳангии байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Ин рӯйдоди муҳими фарҳангӣ намояндагони ҷавону боистеъдодро аз кишварҳои гуногун гирд оварда, барои рушди санъат ва табодули фарҳангӣ шароити мусоид фароҳам месозад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Агентии обуҳавошиносӣ: “Борону барф пешгӯӣ мешавад”
Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоии Қазоқистонро муҳим арзёбӣ мекунад
Сафири Покистон дар Маскав: Вазъи Афғонистон ба амнияти Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа таъсир мерасонад
Баррасии масъалаи сохтмони неругоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ миёни Тоҷикистону Бонки Исломии Рушд