Чину Русия дар канори ҳам дар умқи Афғонистон. Ё Чин чӣ гуна ба бозгашти Русия ба Афғонистон монеа мегузорад?
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар эраи нави робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ
Чин аз Русия хост эътирофи расмии Толибонро лағв кунад
Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро ба рӯйхати таҳримҳои зидди Эрон шомил кард
Чину Русия дар канори ҳам дар умқи Афғонистон. Ё Чин чӣ гуна ба бозгашти Русия ба Афғонистон монеа мегузорад?
Раванди ба расмият шинохтани гурӯҳи террористии Толибон аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон коҳиш ёфтааст. Он кишварҳое, ки Толибонро ба расмият шинохтаанд, сатҳи равобити худро бо тиҷорату иқтисод маҳдуд мекунанд. Толибон бо сиёсати саркӯбгарона ва қабул накардани меъёрҳои пешниҳодии ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки ҳанӯз аз чорчӯби як гурӯҳи террористӣ берун наомадаанд.
Толибон бо идеологияи хос, собиқаи гузаштаи ҳамкорӣ бо сохторҳои истихбороти ғарбӣ ва сиёсати дохилии ҳаросафканона натавонистанд муттаҳидони аслии худ дар сиёсати байналмилалро қонеъ кунанд.
Бар асоси иттилои рӯзномаи фаронсавии “Intelligence Online” Чин ба Русия пешниҳод кардааст, ки эътирофи расмии Толибонро лағф намуда, равобити дипломатии худро фақат дар бахшҳои иқтисод ва тиҷорат идома диҳад. Русия ин дархости Чинро баррасӣ мекунад ва эҳтимол меравад, ки мақоми ба расмият шинохтани Толибонро пас гирад.
Дар пайи расонаӣ шудани ин хабар бархе таҳлилгарони аврупоӣ навиштанд, ки Чин барои бозгашти Русия ба Афғонистон монеа мегузорад ва ин кор бар асоси ҳассосиятҳои аманиятӣ ва сафбандиҳои геополитикӣ сурат мегирад.
Масалан, таҳлилгарон Элданиз Ҳусенов ва Эндрю Кучинс дар мақолае таҳти номи “Чӣ гуна Чин ба бозгашти Русия ба Афғонистон маҳдудият мегузорад”, ки дар сомонаи “Нейшнл интерест” чоп шуд, масъалаи бозгашти Русия ба Афғонистон ва ҳамоҳангии Русияву Чин дар робита ба масъалаи Афғонистонро баррасӣ мекунанд.
Ду таҳлилгари номбурда дар мақолаи худ ошкоро менависанд, ки афзалиятҳои Русия дар Афғонистон мубориза бо терроризм ва бастани шартномаҳои тиҷоратӣ мебошанд. Аммо, амалӣ гардидани ҳадафҳои бузургтари Маскав дар самти бунёди долонҳои нақлиётӣ ва миёнаравӣ аз ризоияти Пекин вобаста мебошад.
“Фаъолияти дипломатӣ ва иттилоотию амниятии Русия дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ афзоиш дорад. Фақат дар давоми як ҳафтаи моҳи октябр Маскав се мақоми баландпояро ба пойтахтҳои кишварҳои ҷанубии Осиёи Марказӣ фиристод”.
Тибқи иттилои ин ду таҳлилгар Сергей Наришкин, раиси Хадамоти истихбороти хориҷии Русия (СВР) ба Кобул сафар карда, бо Абдулҳақ Васиқ, раҳбари хадамоти истихбороти Толибон мулоқот намуд. Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия нахустин намояндаи ин мақом дар таърихи Русия буд, ки ба Покистон сафар намуд. Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ҳамзамон рӯзи 19-уми октябр ба Теҳрон омад. Ин нахустин сафари ӯ ба Эрон аз моҳи феврали соли 2025 ба ин ҷониб буд.
Рӯзи дигар Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббос Ироқчӣ навишт, ки Теҳрон ва Маскав дар ҳич давраи таърихи худ ба андозаи имрӯз ҳамкории наздик надоштаанд. Ҳоло ҳар ду пойтахт бори дигар аз шарикони муҳимми хориҷии Кобул ба шумор мераванд. Чаҳоряк аср пеш низ онҳо чунин мавқеъ доштанд, вале дар шароти комилан дигар.
Чӣ тавр нақши Русия ва Эрон дар ҷанги Афғонистон фаромӯш шуд
Таҳлили сафарҳои мақомоти Эрону Русия ба Афғонистонро як сӯ гузорему ба соли 2001 баргардем, ба вузуҳ мушоҳида мешавад, ки дар он замон низ Русия ва Эрон дар шаклгирии ҷабҳаҳои дохилии Афғонистон ва таъйини сиёсат дар ҳукумат нақши фаъол доштаанд.
Баъди рӯй додани ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябр дар соли 2001 Русия ва Амрико ҳамкориҳоро дар заминаи аз миён бурдани таҳдидҳои террористӣ дар Афғонистон оғоз намуданд. Ин ҳамкориҳои табодули иттилооти истихборотӣ, иҷозат додан аз истифодаи фазои ҳавоии Русия барои парвозҳои башардӯстона, мусоидат ба боз шудани фазои ҳавоии кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ҳавомайҳои амрикоӣ ва афзоиши кумаки низомӣ ба Эътилофи Шимолро дар бар мегирифт.
Дар ин давра Русия истифодаи Амрико аз пойгоҳҳои низомӣ дар Ӯзбекистон ва Қирғизистонро қабул намуд. Ин минтақа солҳои тӯлонӣ дар доираи нуфузи Русия қарор дошт. Албатта, қарорҳои ниҳоиро президентҳои Ӯзбекистону Қирғизистон Ислом Каримов ва Аскар Акаев қабул намуданд. Дар он замон Владимир Путин ба ин тасмими президентҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон эътироз накард, зеро ҳузури Толибон дар Афғонистон барои Маскав як таҳдиди амниятӣ буд.
Эътилофи Шимол, ки аксаран фармондеҳон ва тарафдорони Аҳмадшоҳи Масъуд буданд, бо истифода аз силоҳҳои Русия дар набардҳои заминӣ дар муқобили Толибон меҷангиданд. Эътилофи Шимол бо ҳимояи ҳавоии неруҳои Амрико ва НАТО ҳамон сол, моҳи ноябр тавонист шаҳри Кобулро аз дасти Толибон пас гирад. Ба иттилои таҳлилгарони русӣ, ҳимояти Русия аз Эътилофи Шимол, ки асосан аз расондани иттилооти истихборотӣ ва додани силоҳ иборат буд, дар шикаст додани Толибон нақши муҳим дошт.
Ҷавод Зариф, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соли 2001, баъд аз пас гирифтани шаҳри Кобул аз дасти Толибон нақши бисёр муҳим дар аз миён бурдани ихтилоф ва такшили ҳукумати фарогир дар Афғонистон дошт. Ҳукумати пасотолибонии он замон бо роҳбарии Ҳомид Карзай ва муовинати Моршол Фаҳим шакл гирифт. Дар ибтидои ин ҳукумат вазифаҳои калидӣ ба фармондеҳони аршади Аҳмадшоҳи Масъуд ва дигар роҳбарони мухолифи Толибон гузошта шуд. Мудирияту ҳукуматдорӣ аксаран ба дасти тоҷикон гузашта буд. Тасмимҳои ҷиддӣ ва таъсиргузорро дар ин ҳукумат Ҳомид Карзай бо супориши амрикоиҳо мегирифт, вале корҳоро Ҷабҳаи Шимол ба анҷом мерасонд.
Ҳукумат бо роҳбарии Ҳомид Карзай аз ибтидо бо ихтилофоти шадид дар мавриди ҳувияти милливу тақсими қудрат оғоз шуд ва ниҳоятан, баъд аз бист сол бо омадани дубораи Толибон ба қудрат аз миён рафт. Роҳбарони он натавонистанд пеши роҳи фурӯ рехтани низоми сохтаи худро бигиранд, зеро на демократия дар ин кишвар ниҳодина шуда буд ва на як раванди муҳимми давлатдорӣ шакл гирифт. Тасмимҳо бар асоси идеологияҳои исломи ифротӣ, шиорҳои пополистӣ ва қавмӣ гирифта мешуд.
Ин ду таҳлилгари рӯзномаи “Нейшнл интерест” иддао мекунанд, ки муттассифона дастовардҳои ҳамкории Амрикову Русия ва Эрон дар Афғонистон ба зудӣ фаромӯш гардиданд.
Тибқи иттилои ин ду таҳлилгар, дар соли 2002 Ҷорҷ Буш, президенти вақти Амрико дар суханронии худ Эронро дар қатори кишвари Ироқ ва Кореяи Шимолӣ ба “меҳвари бадӣ” шомил намуд.
Дар муқобили он, Путин аз ҷониби Вашингтон бо хуруҷи ИМА аз Паймони мушакҳои зиддибаллистикӣ, давраи нави густариши НАТО ва ҳамлаҳои нокомили Амрико ба Ироқ рӯ ба рӯ гардид.
Ҳоло, баъди 25 сол Теҳрону Маскав ва Пекин дубора ба Афғонистон баргаштанд. Онҳо ин бор, чун шарикони гурӯҳе ба Кобул баргаштанд, ки як замоне барои аз миён бурдани онҳо талош мекарданд. Куштори дипломатҳои эронӣ дар Ҳирот дар даври аввали ҳукуматдории Толибон “чун як захм” аз равобити ба хун омехтаи Эрон ва Толибон дар солҳои гузашта гувоҳӣ медиҳад. Маскав низ аз нигоҳи амниятӣ ин гурӯҳро ба ҳайси таҳдиди амниятӣ мешиносад. Ҳукумати теократӣ бо қонунҳои сахтгирона, ҳузури гурӯҳҳои ифротӣ дар бадани ҳукумати Толибон бузургтарин таҳдид барои кишварҳои Осиёи Марказист, ки Русия мехоҳад аз онҳо дар баробари таҳдидҳои амниятӣ аз хоки Афғонистон ҳимоят кунад.
Баъд аз хуруҷи ИМА Чин ба қудрати муҳимтарини хориҷӣ дар Афғонистон табдил ёфт.
Русия дар Афғонистон чӣ меҷӯяд?
Федератсияи Русия аз ҷумлаи нахустин кишварест, ки дар соли 2025 ҳукумати террористии Толибонро ба расмият шинохт. Дар моҳи майи соли 2026 дабири Шурои амнияти Русия Сергей Шойгу ва вазири дифои Толибон Мулло Муҳаммад Яъқуб ба созишномаи ҳамкории ҳарбию техникӣ имзо карданд. Замир Кобулов, намояндаи хоси Русия гуфт, ки ин созишнома асосан барои таъмири таҷҳизоти сохти Русия равона хоҳад шуд. Мулло Яъқуб баъди бозгашт аз Русия ба Кобул гуфт, ки Покистон ба зудӣ дигар ҷуръати ҳамла ба Афғонистонро нахоҳад кард.
Яке аз мушкилоти асосӣ барои Толибон ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии Покистон ба хоки Афғонистон аст. Покистон, ки солҳо аз ин гурӯҳ ҳимоят мекард ва дар ба қудрат расидани он саҳм дошт, ҳоло бо ин гурӯҳ дар заминаи ҳукуматдорӣ, сарҳадот, тиҷорат ва ғайра мушкилоти ҷиддӣ дорад. Ҳузури гурӯҳҳои ҳаросафкани зидди покистонӣ дар дохили гурӯҳи Толибон занги хатар барои Покистонро афзоиш додааст.
Ду таҳлилгари номбурда менависанд, ки Сафари Сергей Наришкин нишон медиҳад, ки мубориза бо терроризм дар садри рӯзномаи музокироти Маскав қарор дошт ва масъалаи транзит дар марҳилаи баъдӣ меистод. Нигаронии асосии Русия шохаи афғонистонии гурӯҳи “Давлати Исломӣ” (ДОИШ-Хуросон) мебошад. Ин гурӯҳ масъулияти ҳамлаи моҳи марти соли 2024 ба толори консертии “Крокус сити ҳолл”- и наздикии Маскавро бар дӯш гирифт. Дар ин ҳамла садҳо нафар куштаву захмӣ шудаанд.
Бояд зикр кард, ки бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ Пойгоҳи 201 аст, ки дар Тоҷикистон, дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон қарор дорад. Тоҷикистон бо Афғонистон тақрибан 1350 километр марзи муштарак дорад.
Равобити иқтисодии бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ӯзбекистону Қазоқистон ва Эрон бо Афғонистон дар ҳоли шакл гирифтан аст. Ҳайати иқтисодии Ӯзбекистон ва Эрон дар як намоишгоҳ ва ярмакаи байналмилалии тиҷоратӣ, ки дар моҳи гузашта, дар шаҳри Кобул баргузор шуда буд, ширкат карданд. Эрон ба ин намоишгоҳи тиҷоратӣ 180 намояндаи бахши тиҷорат ва масъулони давлатиро фиристод. Ӯзбекистон 32 ширкат ва 100 соҳибкорро ба намоишгоҳ фиристод.
Ширкатҳои чинӣ бо шумори камтар ширкат доштанд. Дар ин намоишгоҳ тоҷирони рус фаъолона кӯшиш мекарданд, ки дар ҳошияи намоишгоҳ қарордодҳои тиҷоратӣ имзо кунанд. Ин кор нишон медиҳад, ки тиҷорат дар рӯйхати аввалини робитаҳои дипломатии Маскав бо Кобул қарор дорад.
Тибқи омори гумруки Русия ҳаҷми тиҷорати ин кишвар бо Афғонистон дар соли 2025 тақрибан 326 долларро ташкил дод. Дар 7 моҳи аввали соли 2026 ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 150 фоиз афзоиш ёфтааст.
Тибқи дидгоҳи муаллифон таҳримҳои Амрико бар зидди Афғонистон барои фаъолиятҳои тиҷоратӣ монеаи камтар нисбат ба таҳримҳои Амрико бар зидди Эрон эҷод мекунад.
“Русия то соли 2030 бо норасоии пешбинишудаи 1,5 то 3,1 миллион нафар неруи корӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Маскав масъалаи ҷалби муҳоҷирони корӣ аз Афғонистонро бо Кобул баррасӣ кардааст. Аммо ин музокирот ба далели талаботи забони русӣ мушкилоти санҷиши довталабон ва дигар монеаҳо ба бунбаст расидаанд. Кобул низ дар ояндаи наздик пешрафти ҷиддиро дар ин масъала интизор аст” – таъкид мекунад ду таҳлилгари ғарбӣ.
Русия ва долонҳои нақлиётӣ ба воситаи Покистон
Русия тайи сулҳои тӯлонӣ дар пайи баррасӣ намудани долони байналмилалии нақлиёти Шимол ва Ҷануб ба воситаи бандарҳои Покистон ва Эрон имкони интиқоли молҳои русиро фароҳам мекунад.
Лоиҳаи роҳи оҳани Ӯзбекистон, Афғонистон, Покистон яке аз бузургтарин ҳадафҳои Русия дар минтақа ба ҳисоб меравад. Ин роҳи оҳан бояд тақрибан 640 километр тӯл кашад ва аз Тирмиз то марзи Покистон идома ёбад.
Ин се кишвар моҳи июли соли 2025 як созишномаро дар чорчӯби омӯзиши муштараки техникӣ ва иқтисодии лоиҳа имзо намуданд. Покистон арзиши бунёди ин роҳро 8,2 миллиард доллар ҳисоб кард. Ин маблағ барои се кишваре, ки дар ин лоиҳа ширкат мекунанд, маблағи зиёд аст.
Ин роҳ амалан барои интиқоли молҳои Русия бо хоки Қазоқистону Ӯзекистон ба Афғонистон дар назар дошта шудааст. Бо ин далел, ҳар гузаргоҳи марзӣ хароҷот ва рискҳои иловагӣ талаб мекунад. То ба кор даромандани ин роҳи оҳан роҳи дароз дар пеш аст ва анҷоми омӯзиши техникӣ фақат як марҳилаи аввал мебошад.
Гуфтан ба маврид аст, ки ҳаҷми тиҷорати Афғонистон ва Покистон дар соли 2010 2,5 миллиард долларро ташкил медод. Қабл аз охирин буҳрон ҳаҷми тиҷорати ин ду кишвар ба 1,6 миллард доллар коҳиш ёфта буд.
Гузаргоҳи Турхум, ки дар марзи Афғонистон ва Покистон ҷойгир аст, моҳи октябри соли 2025 баъди даргириҳои шадиди низомиёни ин ду кишвар баста шуд. Покистон моҳи августи соли 2026 ин гузаргоҳи марзӣ ва транзитиро боз кард.
Як роҳи дигари оҳан, роҳи оҳани Рашт -Остара, ки роҳи иртиботи ғарбии долони байналмилалии Шимолу Ҷануб ба воситаи Эрон аст, ҳанӯз бар марҳилаи иҷро нарасидааст. Теҳрон ба далели ҷанг бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Исроил қарордоди бунёди онро ба охири соли 2026 ба таъхир гузошт.
Таҳримҳои Амрико бар зидди Русия ва Эрон ба лоиҳаҳое, ки аз қаламрави ин ду кишвар мегузаранд, таъсири манфӣ гузошт.
Дар ҳамин ҳол, тиҷорати миёни Русия ва Ҳиндустон дар соли 2024-2025 ба ҳадди рекордии 68,7 миллиард доллар расид. Дар ҳамин ҳол ҳаҷми тиҷорат бо Покистон тақрибан 1 миллиард доллар боқӣ мемонад.
Ин ду таҳлилгар дар мақолаи худ менависанд, ки ҳар гуна наздикшавии Маскав ба Исломобод бояд бо назардошти шарикии Русия ва Ҳиндустон сурат гирад. Ин шарикӣ яке аз муносибатҳои пойдортарин дар сиёсати хориҷии Маскав мебошад.
Уҳдадории Ҳиндустон ба сиёсати худмухтории стратегӣ онро ба шарике табдил додааст, ки Русия метавонад ба он такя кунад. Аз ин рӯ, ҳамкории Маскав бо Исломобод фақат дар сурате имконпазир аст, ки шаффоф бошад ва ба эътимоди Деҳлии Нав осеб нарасонад.
Манфиатҳои Чин дар Афғонистон
Чин ва Покистон равобити сиёсиву низомӣ ва иқтисодӣ доранд. Ин ду кишвар дар пайи иҷрои лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ мебошанд. Чин барои бунёди долони иқтисодии Чину Покистон (СРЕС) сармоягузорӣ мекунад. Марҳилаи аввали ин лоиҳаи 46 миллиард доллар арзиш дошт. Бо ин далел, иқдомҳои Русия дар Покистон бояд бо ҳадафҳои Чин мувофиқ бошад.
Пекин, Исломобод ва Кобул моҳи майи соли 2025 дар бораи густариши ин долон то Афғонистон ба мувофиқа расиданд. Аммо татбиқи он пас аз оғози даргириҳои Афғонистону Покистон дар моҳи октябри соли 2025 боздошта шуд.
Дар ин замина, мақомоти Покистону Афғонистон дар моҳи апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Урумчии Чин тайи як ҳафта музокироти ғайрирасмӣ анҷом доданд.
“Аз соли 2021 ба ин сӯ ҳамлаҳои ҷангҷӯён дар Покистон тақрибан 20 шаҳрванди Чинро куштаанд. Пекин ҳамчунин, нигарон аст, ки ҷангҷӯёни уйғур метавонанд дар Афғонистон паноҳгоҳ пайдо кунанд. Аз ин рӯ, Чин эҳтимолан аз ҳамкории зиддитеррористии Русия истиқбол хоҳад кард. Аммо манфиати Пекин дар бунёди долони нақлиётие, ки Русия онро ба бандарҳои Покистон мепайвандад, чандон равшан нест. Чин роҳҳои дигари худро пеш мебарад, аз ҷумла долони Покистон ва роҳи оҳани Чин - Қирғизистон - Ӯзбекистон, ки ҳоло дар ҳоли сохтмон аст. Пекин барои кумак ба Маскав дар бунёди пойгоҳи мустақили нуфуз дар Покистон сабаби ҷиддӣ надорад” - менависанд ин ду таҳлилгари рӯзномаи “Нейшнл интерест”.
Барои Чин маълум нест, ки ҳалли таниш миёни Покистону Афғонистон то чӣ андозае масъалаи таъҷилии манфиатҳои ин кишвар аст. Мулоқоти намояндагони Толибону Покистон дар Урумчӣ заминаи гуфтугӯҳои ин ду кишварро фароҳам кард. Аммо мушкили асоси амалӣ шудани уҳдадориҳои Толибон аст. Масъала ин аст, ки Толибон ҳанӯз ба уҳдадориҳои хаттии худ дар робита ба масъалаи мубориза бо гурӯҳҳои террористие, ки аз Афғонистон бар зидди Покистон иқдом мекунанд, амал накардаанд.
Чин дар Афғонистон Русияро аз чӣ огоҳ мекунад?
Бар асоси гузориши мақолаи рӯзномаи “Нейшнл интерест” Русия бо Толибон пойгоҳи мустақими истихборотӣ дорад. Мулоқоти Сергей Наришкин бо Васиқ ин робитаро ошкортар кард. Ҳоло маълум шуд, ки Чин низ бо Толибон пойгоҳи истихборотӣ дорад.
Таҳлилгарон менависанд, ки Русия бо эътирофи расмии ҳукумати Толибон ва ҳузури низомӣ дар кишвари ҳамсояи он – Тоҷикистон, ба иттилоот ва робитаҳои амниятие дастрасӣ дорад, ки Чин бо вуҷуди солҳои ҳамкории иқтисодӣ бо Кобул ба онҳо даст наёфтааст.
Ду таҳлилгари рӯзномаи “Нейшнл интерест” дар мақолаи худ ин фарзияро зикр мекунанд, ки “То кадом андозае Чин метавонад барои ҳифзи робитаҳои худ бо Осиёи Марказӣ ва Афғонистон ба иттилооти истихбороти Русия ва ҳузури амниятии ин кишвар такя кунад? Ҳамин мантиқ метавонад дар мавриди Қафқози Ҷанубӣ низ татбиқ шавад, агар аз ҷониби Эрон таҳдидҳое ба вуҷуд оянд. Ин таҳдидҳо метавонанд аз эҳтимоли оғози дубораи ҷанг бо ИМА ва Исроил ё нооромии дохилии Эрон сарчашма гиранд”.
Маскав барои миёнаравӣ миёни Исломобод ва Кобул изҳори омодагӣ кардааст. Аммо таърихи муносибатҳои Русия бо ҳар ду кишвар ба ин иқдом монеа эҷод мекунад.
Покистон дар солҳои 1980 ба муҷоҳидини афғон барои мубориза бо неруҳои шӯравӣ силоҳ медод. Дар солҳои 1990 низ аз Толибон пуштибонӣ мекард, дар ҳоле ки Маскав аз Эътилофи Шимолӣ ҳимоят менамуд.
Чин бошад, барои ҳалли низоъҳо дар Осиёи Ҷанубӣ чандон омодагии ҷиддӣ нишон надодааст. Вашингтон ҳанӯз дар Исломобод нуфуз дорад. Туркия, ки дар миёнаравии оташбаси Доҳа саҳм дошт ва раиси хадамоти истихборотии он Иброҳим Калин моҳи сентябр ба Кобул ва Исломобод сафар кард, барои чунин нақш мавқеи беҳтаре дорад.
Русия мехоҳад дар ин раванд низ нақшофарин бошад, чунон ки тақрибан дар ҳамаи минтақаҳо чунин талош мекунад. Аммо фикри он ки Маскав метавонад миёнарави асосии сулҳ дар ин низоъ бошад, чандон воқеӣ нест.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвари давлат бо Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ мулоқот намуданд
Гади Айзенкот ба ҷои Нетаняҳу сарвазири нави Исроил мешавад
Трамп: “Ҷанг бар зидди Эрон ва норозигии мардум аз Исроил омили шикаст дар интихобот буд”
Наздик ба 50 кишвар бо ташаббуси Бритониё алайҳи Исроил изҳороти муштарак нашр мекунанд