Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
“Karamelka” барои идора намудани нақлиёт бидуни шаҳодатнома дастгир гардид
Мақомоти интизомӣ дар вилояти Хатлон як ҷавондухтарро барои идора намудани нақлиёт бидуни шаҳодатнома ва ҳуқуқи ронандагӣ дастгир карданд.
Тавре ки Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад, кормандони милитсия шаҳрванд Шарафова Маҳинабону Суҳробовна санаи таваллудаш 15.12.2007, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъро дар асоси идора намудани воситаи нақлиёт бидуни шаҳодатнома ва ҳуқуқи ронандагӣ дастгир карданд.
Гуфта мешавад, ки номбурда ин кирдори худро ба навор гирифта бо мақсади худнамоӣ дар саҳифаи шахсиаш бо номи "karamelka" дар Инстаграм нашр кардааст.
Иттилоъ дода мешавад, ки воситаи нақлиёт ба шаҳрванд Холов Шерзод Раҳмоналиевич санаи таваллудаш 12.12.1999 сокини н.Восеъ, шаҳраки Ҳулбук тааллуқ дорад.
Мақомот менависад, ки нисбат ба ҷавондухтар тибқи талаботи моддаи 336 қисми 1 ва нисбат ба соҳиби нақлиёт тибқи талаботи моддаи 336 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкуниии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар баррасӣ қарор дорад.
Зикр мегардад, ки идора намудани воситаи нақлиёт бе шаҳодатномаи ронандагӣ тибқи қонун ба андозаи 250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 19 500 сомонӣ ҷарима муқаррар намудааст. Илова бар ин, барои шахсе, ки воситаи нақлиётро ба шахси ҳуқуқи ронандагӣ надошта вогузор менамояд, ҷарима ба андозаи 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 16 500 сомонӣ ва маҳрум намудан аз ҳуқуқи ронандагӣ ба мӯҳлати 5 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст