Таксиҳои 10-сомона. Дар ду рӯз 136 ҳолати ғайриқонунӣ машғул шудан ба мусофиркашонӣ ошкор шуд
Вазорати тандурустӣ бо Бонки исломии рушд ва Барномаи кумакҳои хайриявии Шоҳ Абдуллоҳ иҷрои лоиҳаи “воҳидҳои мобилии тиббӣ”-ро баррасӣ кард
Ба 170 тарбиятгирандаи мактаб-интернати Истаравшан туҳфаҳои Президенти кишвар расид
Агентии обуҳавошиносӣ: “Се рӯзи оянда омадани сел пешгӯӣ мешавад”
“Ширинӣ ва маводи ғизоӣ”. Раҷаб Аҳмадзода покизакорони вилояти Суғдро ба Рӯзи модар табрик гуфт
Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, дар арафаи Рӯзи модар ба зиёда аз 330 покизакор аз ҷониби Раҷаб Аҳмадзода тӯҳфаҳо тақдим карда шуд.
Гуфта мешавад, ки ба покизакорон ширинӣ ва маводи ғизоӣ туҳфа гардид.
“Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода занону модаронро бо фарорасии ин ҷашни фархунда таҳният гуфта, аз саҳми арзишманди кормандони соҳа дар ободиву тозагии маркази маъмурии вилоят ёдовар шуд. Раиси вилоят таъкид намуд, ки маҳз бо заҳмати содиқона ва фаъолияти шабонарӯзии кормандони Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хуҷанд имрӯз кӯчаву хиёбонҳои шаҳр тозаву озода ва назаррабо гардидаанд. Барои саҳми арзандаашон дар нигоҳдории симои зебои шаҳр ба занони меҳнаткаш изҳори сипос баён карда шуд”, - навиштааст манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар эраи нави робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ
Чин аз Русия хост эътирофи расмии Толибонро лағв кунад
Ба Президенти мамлакат ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ тақдим гардид
Ба оилаи афсари ҳалокшуда дар сарҳад хонаи истиқоматӣ тақдим гардид