Беш аз 10,3 миллион сайёҳ ба Ӯзбекистон рафтаанд: Тоҷикистон дар сафи пеш
Шавкат Мирзиёев хостори суръат бахшидан ба ҷорӣ кардани кортҳои ID дар марзи Тоҷикистон шуд
Аббос Ироқчӣ: “Эрон таслим намешавад, музокирот бо ИМА идома дорад ва боз шудани тангаи Ҳурмуз ба созиш вобаста аст
Пизишкиён: “Хок мехӯрем, аммо хок намедиҳем”. Ин сухани Сатторхон аст ё Аҳмадшоҳи Масъуд?
Ҳизбуллоҳи Лубнон вориди ҷанг бо Исроил шуд
Муқовимати Исломии Лубнон дар нахустин баёнияи худ аз ҳамла ба аҳдофе дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин хабар дод.
Гурӯҳи муқовиматии “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон дар ин баёния эълом кард, ки бо чанд мушак ва паҳпод қароргоҳи падофанди мушакии Машмар ал-Кармел дар ҷануби шаҳри ишғолии Ҳайфоро ҳадаф қарор додааст.
Ҳизбуллоҳ афзуд: “Ин амалиёт барои интиқоми хуни мутаҳҳари валии амири муслимин, Имом Сайидалӣ Ҳусайнии Хоманаӣ, ки ба ноҳақ тавассути душмани ҷинояткори саҳюнистӣ рехта шуд ва дар дифоъ аз Лубнон ва миллати он ва посух ба таҷовузҳои мукаррари режими Исроил анҷом шудааст”.
Фармондеҳии муқовимат ҳамвора таъкид кардааст, ки иқдомҳои таҷовузкоронаи исроилӣ ва терори фармондеҳон, ҷавонон ва мардуми Лубнон, ба мо ҳаққи дифоъ ва посухгӯӣ дар замон ва макони муносибро медиҳад.
“Душмани исроилӣ наметавонад ба таҷовузи понздаҳмоҳаи худ бидуни дарёфти посухе ҳушдордиҳанда барои таваққуфи ин таҷовуз ва ақибнишинӣ аз сарзаминҳои ишғолии Лубнон идома диҳад.
Ин иқдом посухи қонунӣ ва дифоӣ аст ва бар масъулон ва дастандаркорон лозим аст, ки ба таҷовузи исроилӣ-амрикоӣ ба Лубнон поён диҳанд” – омадааст, дар баёнияи ҳаракати “Ҳизбуллоҳ”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
26 сухани афкорсози устод Иброҳим Исмонов дар бораи зиндагӣ, сулҳ, журналистика ва сиёсат
Путин мегӯяд Русия барои ҳалли низоъ омода аст ба Эрон кумак кунад
Ҷабҳаи озодӣ: Мо се Толибро дар вилояти Парвони Афғонистон куштем
Тарғиби фарҳанги китобхонӣ. XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.