Беш аз 10,3 миллион сайёҳ ба Ӯзбекистон рафтаанд: Тоҷикистон дар сафи пеш
Шавкат Мирзиёев хостори суръат бахшидан ба ҷорӣ кардани кортҳои ID дар марзи Тоҷикистон шуд
Аббос Ироқчӣ: “Эрон таслим намешавад, музокирот бо ИМА идома дорад ва боз шудани тангаи Ҳурмуз ба созиш вобаста аст
Пизишкиён: “Хок мехӯрем, аммо хок намедиҳем”. Ин сухани Сатторхон аст ё Аҳмадшоҳи Масъуд?
Ироқчӣ бо вазирони хориҷии кишварҳои минтақа: “Ба масъулияти таърихии худ алайҳи Исроил амал кунед”
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исомии Эрон имрӯз, 28-уми феврал дар тамоси телефонӣ бо вазирони хориҷаи баъзе кишварҳои ҳамсоя гуфт: “Ҷанги таҳмилии Амрико ва режими саҳюнистӣ на танҳо алайҳи миллати Эрон, балки алайҳи кулли кишварҳои минтақа аст, бинобар ин, бар ҳамаи миллатҳо ва давлатҳои мусалмон ва минтақа аст, ки ба масъулияти таърихии худ барои муқобила бо нақшаи шуми режими саҳюнистӣ амал кунанд”.
Ба гузориши “ИРНА”, дар қиболи таҷовузи низомии Амрико ва Исроил алайҳи Эрон, Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тамоси телефонӣ бо ҳамтоён аз кишварҳои Арабистони Саудӣ, Аморот, Қатар, Кувайт, Баҳрайн ва Ироқ зимни иттилоърасонӣ дар бораи таҳаввулоти ҷорӣ, ин таҷовузи низомиро нақзи фоҳиши усули бунёдии Маншури Милали Муттаҳид ва ҷинояти ошкор алайҳи сулҳ ва амнияти байналмилалӣ донист.
Сайид Аббос Ироқчӣ дар ин тамосҳои телефонӣ таъкид кард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон бар асоси ҳаққи зотии дифои қонунӣ аз ҳамаи тавонмандиҳои дифоӣ ва низомии худ барои ҳимоя аз Эрон истифода хоҳад кард.
Вазири корҳои хориҷии Эрон бо ишора ба азми кишвараш барои истиқрори сиёсати ҳусни ҳамҷаворӣ ва дӯстӣ бо ҳамаи кишварҳои минтақа ва бо ишора ба асли бунёдии ҳуқуқи байналмилал дар манъи ҳар гуна мушорикат дар амали таҷовузкорона алайҳи як кишвари дигар, масъулияти ҳамаи кишварҳои минтақаро барои ҷилавгирӣ аз суиистифодаи Амрико ва режими саҳюнистӣ аз имконот ва қаламрави онҳо ҷиҳати иҷрои амалиёти таҷовузкорона алайҳи Эрон ёдовар шуд ва таъкид кард: “Нерқҳои Мусаллаҳи Эрон бо истифода аз ҳуқуқи зотии худ барои дифоъ аз кишвари мо мувофиқи қонунҳои байналмилалӣ, маншаъ ва манбаи амалиёти таҷовузкоронаи Иёлоти Муттаҳида ва режими саҳюнистӣ, инчунин, ҳама гуна амал барои муқобила бо амалиёти дифоии Эронро ҳадафҳои қонунӣ медонанд”.
Ироқчӣ тасреҳ кард: “Ҷанги таҳмилии Амрико ва режими саҳюнистӣ на танҳо алайҳи миллати Эрон, балки алайҳи кулли кишварҳои минтақа аст ва бинобар ин, бар ҳамаи миллатҳо ва давлатҳои мусалмон ва минтақа аст, ки ба масъулияти таърихии худ барои муқобила бо нақшаи шуми режими саҳюнистӣ амал кунанд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
26 сухани афкорсози устод Иброҳим Исмонов дар бораи зиндагӣ, сулҳ, журналистика ва сиёсат
Путин мегӯяд Русия барои ҳалли низоъ омода аст ба Эрон кумак кунад
Ҷабҳаи озодӣ: Мо се Толибро дар вилояти Парвони Афғонистон куштем
Тарғиби фарҳанги китобхонӣ. XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.