“Раванди сабз”-и Амруллоҳ Солеҳ қароргоҳи Толибон дар як мактаби Панҷшерро ба оташ кашид
Трамп: “Ҳар лаҳза омодаи ҳамла ба Эрон ҳастам”
Русия ҳамроҳи Оверчук ҳайати беш 70-нафараро ба Кобул фиристод
Политико: Трамп Ҷей Ди Вэнсро аз музокирот бо Эрон канор гузошт
Рейтерз: Артиши Амрико барои амалиёти эҳтимолии чандҳафтаӣ алайҳи Эрон омода мешавад
Ду мақоми амрикоӣ ба Рейтерз гуфтаанд, ки артиши Иёлоти Муттаҳида дар ҳоли омодасозӣ барои эҳтимоли иҷрои амалиётҳои низомӣ ва чандҳафтаӣ алайҳи Эрон аст.
Мақомҳои амрикоӣ рӯзи ҷумъа, 13-уми феврал гуфтаанд, ки Пентагон як нови ҳавопаймобари дигар ба Ховари Миёна эъзом мекунад ва ҳазорон неруи дигар бо ҷангандаҳо, новшиканҳои муҷаҳҳаз ба мушаки ҳидоятшаванда ва як қатор таҷҳизоти размӣ, ки тавони анҷоми ҳамла ва дифоъро доранд, ба минтақа изофа хоҳад шуд.
Трамп дар суханронӣ барои неруҳои амрикоӣ дар пойгоҳе дар Каролинаи Шимолӣ гуфта, ки дастёбӣ ба тавофуқ бо Эрон душвор будааст.
Ӯ афзудааст: “Гоҳе бояд тарс вуҷуд дошта бошад. Ин танҳо чизест, ки воқеан метавонад авзоъро сомон диҳад”.
Дар гузориш омадааст, ки артиши Амрико мумкин аст афзун бар зерсохтҳои ҳастаӣ, таъсисоти давлатӣ ва амниятии Эронро низ ҳадаф қарор диҳад.
Дар ҳамин ҳол, нашрияи “Аксиос” гузориш дода, ки даври дувуми музокироти Эрон ва Амрико қарор аст рӯзи сешанбе баргузор шавад.
Қобили зикр аст, ки дафъи қабл Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сари музокира буд, ки Амрико бо Исроил ба Эрон ҳамла карданд ва ба ҳадафи худ, ки ноором кардану аз байн бурдани ҳукумат буд, нарасидаанд ва ин бор низ ба назари коршиносон зургӯйиро ҳамчун унсури қависоз дар музокира истифода кардан мехоҳанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт