Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Солеҳа Холмаҳмадзода: Беш аз 35 ҳазор муҳоҷир дар хориҷи кишвар ба кор таъмин гардиданд
Дар соли 2025 аз ҷониби 30 субъекти хоҷагидори дорои иҷозатнома барои интиқоли қувваи корӣ ба хориҷи кишвар 35747 нафар бо кор таъмин гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18805 нафар зиёд мебошад. Аз ҷумла тавассути сохторҳои дахлдори вазорат 21669 нафар шаҳрванд дар кишварҳои хориҷӣ бо кор таъмин карда шуданд.
Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора дар ҳисоботи солонааш иттилоъ дод.
Дар ин замина, Вазир гуфт, бо мусоидати намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, диаспора, соҳибкорони бурунмарзӣ ва корфармоён зиёда аз 12 000 нафар шаҳрванди дар Россия қарордошта, бо кор таъмин карда шуданд.
Тибқи иттилои Вазорат масъалаи диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ зери таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти вазорат қарор дошта, соли 2025 фаъолият дар ин самт тақвият ёфт. Моҳи ноябри соли 2025 Ёддошти тафоҳум байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумхурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи корҳои дохилӣ ва идораи муҳоҷирати Хадамоти федералии давлатии корҳои дохилии Подшоҳи Белгия ба имзо расид, ки айни ҳол дар марҳилаи гузаронидани расмияти дохилидавлатӣ қарор дорад.
Баъди ба имзорасии санади мазкур, муҳоҷирон метавонанд дар кишварҳои Белгия, Нидерландия ва Люксембург дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, парасторӣ ва тиб фаъолият намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст