“Раванди сабз”-и Амруллоҳ Солеҳ қароргоҳи Толибон дар як мактаби Панҷшерро ба оташ кашид
Трамп: “Ҳар лаҳза омодаи ҳамла ба Эрон ҳастам”
Русия ҳамроҳи Оверчук ҳайати беш 70-нафараро ба Кобул фиристод
Политико: Трамп Ҷей Ди Вэнсро аз музокирот бо Эрон канор гузошт
Фидон: “Эрон дар пайи силоҳи ҳастаӣ нест”
Ҳокан Фидон, вазири корҳои хориҷии Туркия таъкид кард, ки ҳеч гуна далеле дар бораи қасди Эрон барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ вуҷуд надорад.
Ба гузориши расонаҳои байналмилалӣ Ҳокан Фидон, вазири корҳои хориҷии Туркия, шаби душанбе ба шабакаи хабарии “SNN” гуфт: “Эрон бомбаи ҳастаӣ надорад ва ҳеч гуна далеле дар бораи қасди онҳо барои дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ вуҷуд надорад”.
Фидон афзуд: “Низоми Эронро наметавон аз тариқи ҳамлаҳои ҳавоӣ ё ҳар василаи дигаре тағйир дод, сухан гуфтан дар ин маврид орзу ва хаёл аст”.
Вай ҳамзамон гуфт: “Ба назар намерасад, ки дар ҳоли ҳозир ҳеч таҳдиди наздикулвуқуе алайҳи Эрон вуҷуд дошта бошад”.
Расонаҳои Туркия ҳамчунин, аз тамоси телефонии Ҳокан Фидон бо Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон, хабар доданд.
Рӯзномаи “Дейли сабоҳ” навишт, ин гуфтугӯ дар бораи музокироти ҳастаӣ (ғайримустақим)-и Эрон ва Амрико будааст. Ин рӯзнома ба ҷузъиёти бештаре аз ин гуфтугӯ ишорае накардааст.
Қаблан Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, бар зарурати истифода аз роҳкорҳои дипломатӣ ва мусолиматомез барои идораи буҳронҳои минтақаӣ ва коҳиши танишҳо дар ин мавзуъ таъкид карда буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт