Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Агентии Тоҷикстандарт бархе партияҳои NAN-ро аз фурӯш боздошт
Агентии Тоҷикстандарт хабар медиҳад, ки шаҳрвандони кишвар аз бархе маҳсулоти ширкати "Нестле" ба тамғаи NAN истифода набаранд ва онҳое, ки аллакай харидорӣ кардаанд, бозпасгардонанд.
Манбаъ меафзояд, ки тибқи иттилои ширкати истеҳсолкунандаи “Нестле” дар таркиби партияи муайяни маҳсулот ба мисли ғизои кӯдакона зери нишонаҳои:
* NAN 1 OPTIPRO – партияҳои: 51490346AA, 51810346AA, 51910346AA, 52180346AC, 51510346AB, 52190346BA, 52200346BA
* NAN 2 OPTIPRO – партияҳои: 51240017C1, 51240017C2, 51420017C6, 51570017C1, 52800017C2, 52940017C3, 52950017C1, 53130017C1, 53140017C1, 51550017A1, 52920017A1, 53130017A1, 5200167811, 5200167821, 5240167821
* NAN безлактозный – партияи: 51400346AA
* PreNAN – партияи: 52560346AA
* NAN SUPREME 0–12 – партияи: 52790742C1
* NAN Кисломолочный – партияҳои: 51220017A2, 51230017A1 эҳтимолияти вуҷуд доштани токсини сереулид (ин токсин устувори гармӣ буда, ҳатто бо пухтан нобуд намешавад) дар яке аз ҷузъҳо кислотаи арахидонӣ мебошад.
Гуфта мешавад, ки кормандони Нозироти савдои Агентии Тоҷикстандарт бо намояндагони ширкати “Таҷеро”, ки воридкунандаи маҳсулоти мазкур ба кишвар мебошад, миқдори зиёди маҳсулоти мазкурро аз муомилот гирифтанд.
Ҳамчунин, иттилоъ дода мешавад, ки қатъи истифода ва фурӯши маҳсулоти ширкати “Нестле” ба тамғаи “NAN” танҳо ба партияи маҳсулоти зикршуда марбут мебошад. Шаҳрвандон метавонанд аз дигар партияи истеҳсолшудаи ин маҳсулот харидорӣ ва истифода намоянд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст