Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Ҷаримаи калон ё ҳабс. Дастгир шудани се ронанда дар ҳолати мастӣ
Бинобар иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, аз ҷониби кормандони бозрасии милитсияи пойтахт се далели дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шуд.
Манбаъ мегӯяд, ки Мирзоев Бахтиёр, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Тайота», рақами қайди давлатиаш 0022ZM10, Рустамов Фазлиддин, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «BYD», рақами қайди давлатиаш 6126ТТ09 ва Махсумов Саидиқбол, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Beijing», рақами қайди давлатиаш 111DV10 дар ҳолати мастӣ мошин ронда, ҷони худ ва атрофиёнро зери хатар гузоштаанд.
Гуфта мешавад, ки нисбат ба номбурдагон бо моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба Суд ирсол гардидааст.
Интизор меравад, ки дар асоси моддаи мазкур нисбат ба онҳо ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарӯз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати панҷ сол таъин карда мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст