Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
“Ҳамлаи хусумати миллидошта”. Вазорати корҳои хориҷӣ ба куштори навраси тоҷик дар Русия вокуниш кард
Вазорати корҳои хориҷӣ ҳамлаи хусумати миллидошта ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиев Қобилҷон, хонандаи синфи чоруми мактаби миёнаи Успенскии шаҳраки Горки 2-и минтақаи шаҳрии Одинтсовскии вилояти Москваро, ки 16 декабри соли 2025 дар дохили бинои мактаб рух дод ва дар натиҷаи он шаҳрванди мазкур ба таври фоҷиавӣ ба қатл расонида шуд, қатъиян маҳкум менамояд.
Маркази матбуоти вазорат хабар медиҳад, ки дар робита ба чунин вазъ, сафири Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Григорев ба Вазорати корҳои хориҷӣ даъват шуда, ба ӯ ёддошт бо талаби аз ҷониби Русия фавран, воқеъбинона ва беғаразона гузаронидани тафтишоти ин ҳодисаи фоҷеабор ва ба ҷавобгарии қатъии қонунӣ кашидани ҳамаи ашхоси дар он дастдошта, супорида шуд.
“Ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ҷиҳати мунтазам дар тамос будан бо пайвандони марҳум, инчунин, зери назорат гирифтани масъалаи мазкур дастур дода шудааст”, - менависад манбаъ.
Ҳамчунин, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба аҳли оила ва пайвандони навраси кушташуда изҳори таслият ва ҳамдардӣ баён кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пизишкиён фардо Амрико меравад
Чин: Ҷобаҷокунии мушакҳои амрикоӣ дар Ҷопон хатари даргириро зиёд мекунад
Италия мехоҳад истифоди “бурқаъ” ва “ниқоб” дар мактабҳоро манъ кунад
"Бо ваъдаи таъмин ба манзили истиқоматӣ". Боздошти марде, ки ба шаҳрвандон беш аз 5 миллион сомонӣ зарар расондааст