“Раванди сабз”-и Амруллоҳ Солеҳ қароргоҳи Толибон дар як мактаби Панҷшерро ба оташ кашид
Трамп: “Ҳар лаҳза омодаи ҳамла ба Эрон ҳастам”
Русия ҳамроҳи Оверчук ҳайати беш 70-нафараро ба Кобул фиристод
Политико: Трамп Ҷей Ди Вэнсро аз музокирот бо Эрон канор гузошт
Навраси 10-солаи тоҷикро дар Русия куштанд. Ҳамлагар гуноҳашро тасдиқ кард
Дирӯз, 16-уми декабр як навраси 15-солаи рус дар ноҳияи Одинсовои вилояти Маскав дар дохили мактаб ба хонандаи синфи чор, ки шаҳрванди Тоҷикистон буд, бо корд ҳамла карда, ӯро ба ҳалокат расондааст.
Гуфта мешавад, ки навраси 10-солаи кушташуда Қобилҷон Алиев буда, шаҳрванди Тоҷикистон ва ҳамзамон шаҳрвандии Русияро низ доштааст.
Хабаргузории “Азия-Плюс” бо такя ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳодисаи мазкурро таҳти назорати қатъӣ гирифта, дар ин робита ба Вазорати корҳои хориҷии Русия ёддошти расмӣ фиристодааст.
"Мавзӯи мазкур таҳти назорати қатъии Сафорати Тоҷикистон дар Русия қарор дорад. Ёддошти расмӣ ба Вазоркати корҳои хориҷии Русия ирсол шудааст. Сафорат бо модари марҳум ҷиҳати мусоидат дар тамоси доимӣ мебошад", - навиштааст манбаъ.
Зикр мегардад, ки ҳамлагар бо корт мусаллаҳ шуда, ба мактаб даромадааст ва пас аз куштор, худро дар ҳуҷрае пинҳон кардааст. Ҳамчунин, лаҳзаи ҳамлаашро сабт карда, дар интернет нашр намудааст. Илова бар ин, ӯ муҳофизи мактабро низ захмӣ кардааст.
Дар наворе, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтааст, дида мешавад, ки ҳамлагар аз хонандагон мепурсад, ки миллаташон чист.
Иттилоъ дода мешавад, ки навраси рус ба гуноҳи худ иқрор шудааст. Тасдиқ кардааст, ки барои содир кардани ин ҷиноят чанд муддат омодагӣ дидааст. Ҳоло алайҳи ӯ бо иттиҳоми куштор ва қасди куштор (моддаҳои 105 қисми 3, моддаи 30 қисми 2, моддаи 105 Кодекси ҷиноии Русия) парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки нашри навори ҳодисаи мазкур мавҷи вокунишҳоро ба бор овард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт