“Раванди сабз”-и Амруллоҳ Солеҳ қароргоҳи Толибон дар як мактаби Панҷшерро ба оташ кашид
Трамп: “Ҳар лаҳза омодаи ҳамла ба Эрон ҳастам”
Русия ҳамроҳи Оверчук ҳайати беш 70-нафараро ба Кобул фиристод
Политико: Трамп Ҷей Ди Вэнсро аз музокирот бо Эрон канор гузошт
Писари Трамп мегӯяд Амрико эҳтимол дорад аз маъмурияти сулҳ дар Украина хориҷ шавад
Писари Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп гуфт, эҳтимол дорад роҳбари ҳукумати Амрико аз раванди сулҳ дар хусуси Украина хориҷ шавад.
Ӯ ин изҳоротро дар ҷараёни баҳси сиёсати хориҷии Вашингтон дар “Форуми Давҳа-2025” баён намуд. Дар ин ҳамоиш писари Доналд Трамп, ҳамчунин, дар хусуси лоиҳаҳои сармоягузории худ дар бахшҳои дифоъ ва зеҳни сунъӣ сухан гуфт. Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи барномаҳои сиёсиву иқтисодиаш ба принсипи “аввал Амрико” асос ёфта, амнияти ҷаҳониро мустақиман ба шукуфоии иқтисодии Амрико мепайвандад.
Ӯ дар посух ба суоле дар хусуси эҳтимоли даст кашидани Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз музокироти сулҳ гуфт: “Ман фикр мекунам, чунин имконият вуҷуд дорад”. Бар асоси гуфтаи ӯ, хосияти асосии сабки сиёсиву дипломатии Доналд Трамп дар он аст, ки “қадамҳои баъдии ӯ ҳич гоҳ пурра пешбинишаванда нестанд”.
“Хусусияти нотакрори падарам дар ҳамин аст. Шумо ҳич гоҳ намедонед, қадами навбатии ӯ чӣ хоҳад буд. Ӯ ғайриинтизор ва пешгӯинашаванда аст”- гуфт писари Доналд Трамп.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт