Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Чаро дар пойтахт меъёрҳои муқарраргардидаи ҳарорати гармӣ риоя намегардад?
Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки санҷиши гурӯҳҳои кории ниҳоди мазкур дар самти назорати таъмини гармӣ нишон додааст, ки дар аксар мавзеъҳои ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе меъёрҳои муқарраргардидаи ҳарорати гармӣ риоя намегардад.
Ба навиштаи манбаъ, ҳарорати гармӣ дар шабакаҳо, аз ҷумла дар пойгоҳҳо ва дохили биноҳои баландошёна, то ба 55 дараҷа баробар мебошад. Ин дар ҳолест, ки мувофиқи талаботи меъёрҳои амалкунанда ҳарорати таъминоти гармӣ бояд то 75 дараҷаро ташкил диҳад.
“Паст будани ҳарорати таъминоти гармӣ боиси он мегардад, ки сокинон барои гарм нигоҳ доштани манзилҳои худ маҷбур мешаванд аз таҷҳизоти барқӣ истифода баранд. Ин ҳолат, аз як тараф сарбории иловагӣ ба низоми энергетикии мамлакат эҷод мекунад ва аз ҷониби дигар, хароҷоти иловагии молиявии шаҳрвандонро ба миён меорад”, - зикр мешавад дар иттилоияи Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст