Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Президенти кишвар дар Данғара Маркази нави саломатиро ифтитоҳ карданд
Имрӯз, 23-юми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара дар деҳаи Корези ноҳияи мазкур Маркази нави саломатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти кишвар хабар медиҳад, бинои Маркази саломатӣ дар деҳаи Корез аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланду саховатпеша бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа ва фароҳам овардани шароити беҳтари хизматрасонии тиббӣ ба сокинон сохта шудааст. Он дуошёна буда, аз 14 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои қабул, иммунизатсия, табобатӣ, доругузаронӣ, барои табибони оилавӣ ва таҳлилгоҳ иборат мебошад.
Иттилоъ дода мешавад, ки Маркази саломатӣ бо таҷҳизоти мухталифи тиббӣ муҷаҳҳаз мебошад ва дар ин иншооти соҳаи тандурустӣ ҳамакунун мутахассисони лаёқатманд ба кор ҷалб гардида, бо шароити кории хуб таъмин карда мешаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст

