Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Тандурустӣ: Гузоштани стен-графт дар шоҳраги шикам
Вазорати тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар аз навгоние, дар самти ҷарроҳӣ хабар дод, ки қаблан ин намуди амалиёт ба таври кушода гузаронида мешуд ва табибони тоҷик ин навбат чунин амалиётро ба таври пӯшида ва бо муваффақият анҷом доданд.
Дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бемори 72-солаи сокини ноҳияи Рашт, ки бо ташхиси аневризма дар ин муассиса бистарӣ гашт, стент-графт дар шоҳраги шикам гузошта шуд.
Амалиёти ҷарроҳӣ бо истифода аз дастгоҳи ангиография ба тариқи пушида, яъне ба воситаи рентген-эндоваскулярӣ амалӣ гашт. Қаблан ҷарроҳии аневризма дар маркази мазкур ба тариқи кушода, яъне бо воситаи буриши қисми бадани бемор гузаронида мешуд.
Пас аз гузоштани стент-графт хатари кафидани аневризма дар бемор пурра бартараф шуда, ин ҳолат имкон медиҳад, ки бемор ба ҳаёти муқаррарӣ баргардад.
Ҷамшед Раҳмонов, мутахассиси Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо” қайд кард, ки сабабҳои асосии пайдоиши аневризма тангшавии рагҳо аз сабаби ҷамъшавии чарб, фишори баланди хун, осебҳо ва заъфи модарзодии бофтаҳои пайвасткунанда мебошад.
“Аневризма-ин васеъшавӣ ё барҷастагии девори рагҳои хун мебошад, ки дар натиҷаи заъф ё тунук шудани девори он ба вуҷуд меояд. Ба ибораи содда, як қисми раг зери фишори хун васеъ шуда, ба шакли “қубурча” ё “ҳубоб” табдил меёбад. Ҳамин тавр, аксаран аневризма дар аорта, яъне рагҳои асосии бадан ва ё дар рагҳои майнаи сар пайдо мешавад. Дар ҳолати калон ва ё хатарнок будани аневризма, ба бемор амалиёти ҷарроҳии кушод ва ё эндоваскулярӣ бо гузоштани стент-графт гузаронида хоҳад шуд”, гуфт Ҷамшед Раҳмонов.
Дар маркази мазкур ҷарроҳии ҳама намуди аневризмаҳои шоҳрагӣ бо истифода аз дастгоҳи муосири ангиография, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин муассиса дастрас карда шудааст, гузаронида шуда мешаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст