Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Вазорати тандурустӣ: Боз як усули нодири ҷарроҳии асаб анҷом дода шуд
Бори аввал дар Тоҷикистон ҷарроҳони шуъбаи ҷарроҳии асаби Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” гирифтани омоси чуқур ҷойгиршудаи қисми мобайнии мағзи сарро бомуваффақият анҷом доданд.
Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод.
Тибқи иттиллои манбаъ ин амалиёт баъди муроҷиати ҷавондухтар бо аломатҳои шадиди гипертензионӣ ва вайроншавии координатсия муроҷаит кард, анҷом дода шуд. Пас аз муоинаи лозимӣ ҳосилаи ҳаҷмии қисми ақибии меъдачаи 3-юм бо нишонаҳои обструксияи ҷӯяки силвиевӣ (водопровод мозга) ва афзоиши раванди гидросефалияи окклюзионӣ дарёфт гардид. Дар заминаи ин, аломатҳои гипертензияи дохиликосахонагӣ, ба монанди бандшавии диски асаби босира низ ба қайд гирифта шуд.
Бо назардошти ҷойгиршавии ҳосилаи ҳаҷмӣ, афзоиши босуръати нишонаҳои клиникӣ ва сатҳи баланди хатари декомпенсатсия ба қорор омада шуд, ки ба бемор амалиёти ҷарроҳӣ бо истифодаи гузаргоҳи мураккаби мағзи сар байнинимкурагии траснкаллиёзӣ- траснвентрикулярӣ-трансхороидалӣ ба қисми ақибии меъдачаи 3-юм гузаронида шавад.
“Амалиёти ҷарроҳӣ бо истифода аз микроскопи муосир, ки иқтидори тағйир додани кунҷҳои биноиш, дақиқият ва дигар параметрҳоро дорад, гузаронида шуд, ки ин дақиқияти баланд дар ҳама марҳилаи ҷарроҳиро таъмин мекунад”, омодааст дар хабар.
Вазъи саломатии бемор хуб арзёби мегардад ва шикоятҳое, ки то баргузории ҷарроҳӣ дар он ҷой доштанд, пурра бартараф карда шуда, гузариши роҳҳои ликворгузар барқарор гардиданд. Айни замон хулосаи гистологӣ муайян шуда истодаат, ки тибқи он тактикаи табобати минбаъда дақиқ карда мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст