4 кишвари Осиёи Марказӣ мехоҳанд платформаи муштараки экологӣ таъсис диҳанд
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамкорӣ дар назорати сифати ҳаворо тақвият медиҳанд
Си Ҷинпин: Чину Русия ва Амрико дар бораи сулҳи ҷаҳонӣ дидгоҳи муштарак доранд
Вазири қазоқ: Фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ва густариши ақидаҳои ифротӣ амнияти Осиёи Марказиро таҳдид мекунанд
Ҳомид Карзай: “Афғонистон бидуни таълими духтарон наметавонад ба пешрафт расад”
Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури пешини Афғонистон гуфт, ки ин кишвар бидуни таъмин намудани саломатӣ ва амнияти кӯдакон ва фароҳам намудани имкони таҳсили озод барои духтарону писарон наметавонад ба рушд ва шукуфоӣ расад.
Ҳомид Карзай бо нашри паём ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии кӯдак, ки 20-уми ноябр таҷлил мешавад, ин масъаларо зикр кард. Дар ин паём ӯ ба вазъи саломатӣ ва дастрасии кӯдакони афғон ба таҳсил таваҷҷуҳ карда, аз мушкилоти ҷойдошта изҳори нигаронӣ кард.
Раиси ҷумҳури пешини Афғонистон таъкид намуд, ки бар асоси иттилооти созмонҳои байналмилалӣ тақрибан 4 миллион кӯдак дар ин кишвар ба хатари кам шудани ғизои шадид рӯбарӯ мебошанд. Ҳамчунин, беш аз нисфи кӯдакони синни таҳсилоти ибтидоӣ аз имконияти рафтан ба мактаб маҳрум шудаанд.
Ҳомид Карзай таъкид намуд, ки фақру маҳурмият кӯдаконро ба камғизоӣ ва бесаводӣ дучор мекунад. Тибқи гуфтаи ӯ, идомаи чунин вазъият на фақат ба саломатӣ ва ояндаи кӯдакон, балки ба амнияти оилаҳо, ҷомеа ва ояндаи тамоми кишвар таъсир мерасонад.
Ӯ рӯзи ҷаҳонии кӯдакро фурсате барои ёдоварӣ аз масъулияти ҷомеа дар ҳифзи ҳуқуқҳои асосии кӯдакон, аз ҷумла ҳуқуқ ба таҳсил, тандурустӣ ва амният донистааст.
Ҳомид Карзай таъкид намуд, ки Афғонистон фақат дар сурате метавонад мушкилоти мавҷудро паси сар намояд ва ба сӯи рушду шукуфоӣ ҳаракат кунад, ки саломатӣ ва амнияти кӯдакон таъмин ва дарҳои мактабҳо бидуни маҳдудият ба рӯи ҳамаи духтарону писарон боз бошанд.
Ин изҳорот дар ҳоле нашр мешавад, ки мақомоти гурӯҳи террористии Толибон баъд аз бозгашт ба қудрат дар соли 2021 таҳсили духтаронро дар мактабҳои миёна ва донишгоҳҳо манъ кардаанд. Ин маҳдудиятҳо боиси нигаронии густурдаи созмонҳои байналмилалӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии рушди сайёҳӣ берун монд
Ҳомид Карзай: “Афғонистон бидуни таълими духтарон наметавонад ба пешрафт расад”
4 кишвари Осиёи Марказӣ мехоҳанд платформаи муштараки экологӣ таъсис диҳанд
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамкорӣ дар назорати сифати ҳаворо тақвият медиҳанд