Иқтисоди Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2026 8,3 фоиз рушд кардааст
Дастури Сардори Хадамоти алоқа: "Муроҷиатҳои шаҳрвандонро сари вақт баррасӣ намуда, камбудиҳоро бартараф созед
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд: сармоягузорӣ дар Тоҷикистон 44,9 фоиз афзоиш ёфтааст
Роберто Кардарелли: “Тоҷикистон имрӯз ба қарзи Хазинаи байналмилалии асъор ниёз надорад”
Дастури Сардори Хадамоти алоқа: "Муроҷиатҳои шаҳрвандонро сари вақт баррасӣ намуда, камбудиҳоро бартараф созед
Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло бо вазъи кор, сифати хизматрасониҳо ва нақшаҳои рушди ширкатҳои «Вавилон-Мобайл» ва «Вавилон-Т» шинос шуд.
Тавре ки маркази матбуоти Хадамоти алоқа хабар медиҳад, зимни боздид ба омодагии инфрасохтори алоқа ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027 таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Гуфта мешавад, ки масъулон мавҷудияти манбаъҳои эҳтиётии барқ ва чораҳои пешбинишударо барои таъмини кори мунтазами пойгоҳҳои базавӣ ҳангоми қатъи барқ баррасӣ карданд.
Ба навиштаи манбаъ, зимни боздид рафти баррасии муроҷиату шикоятҳои шаҳрвандон ва тадбирҳои ширкатҳо барои беҳтар кардани сифати алоқаи мобилӣ ва интернет муҳокима шуданд.
"Дар доираи татбиқи Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 масъалаҳои тавсеаи шабакаҳои 4G ва 5G ва густариши интернети собит баррасӣ гардиданд. Нақшаҳои ширкатҳо барои соли 2027 сохтмони пойгоҳҳои нави базавӣ, навсозии таҷҳизот ва афзоиши иқтидори интиқоли маълумотро дар бар мегиранд", - зикр мегардад дар иттилоия.
Иттилоъ дода мешавад, ки сардори Хадамоти алоқа ба масъулони ҳар ду ширкат дастур дод, ки фаъолияти устувори шабакаҳоро дар зимистон таъмин кунанд, муроҷиатҳои шаҳрвандонро сари вақт баррасӣ намоянд ва камбудиҳои хизматрасониро бартараф созанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии рушди сайёҳӣ берун монд
Ҳомид Карзай: “Афғонистон бидуни таълими духтарон наметавонад ба пешрафт расад”
4 кишвари Осиёи Марказӣ мехоҳанд платформаи муштараки экологӣ таъсис диҳанд
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамкорӣ дар назорати сифати ҳаворо тақвият медиҳанд