4 кишвари Осиёи Марказӣ мехоҳанд платформаи муштараки экологӣ таъсис диҳанд
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамкорӣ дар назорати сифати ҳаворо тақвият медиҳанд
Си Ҷинпин: Чину Русия ва Амрико дар бораи сулҳи ҷаҳонӣ дидгоҳи муштарак доранд
Вазири қазоқ: Фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ва густариши ақидаҳои ифротӣ амнияти Осиёи Марказиро таҳдид мекунанд
4 кишвари Осиёи Марказӣ мехоҳанд платформаи муштараки экологӣ таъсис диҳанд
Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар хусуси таъсиси платформаи рақамии минтақавӣ барои ҷорӣ намудани технологияҳои беҳтарини мавриди истифода дар истеҳсолот созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Ҳадафи платформа мусоидат ба рушди саноати аз лиҳози экологӣ тоза ва ҳамоҳангсозии сиёсати ҳифзи муҳити зист дар Осиёи Марказӣ аст.
Ин созишнома рӯзи 19-уми ноябр дар ҳошияи Конфронси 31-уми Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (СОЗ31), ки дар Ҷумҳурии Туркия доир мешавад, дар павилони миллии Қазоқистон ба имзо расид. Дар маросими имзои созишнома намояндагони ниҳодҳои экологии кишварҳои минтақа, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони соҳаи саноат ширкат кардаанд.
Ба иттилои Кумитаи экология ва тағйиёбии иқлими Ӯзбекистон нишасти зикршуда бо ташаббуси Маркази байналмилалии технологияҳои сабз ва лоҳаҳои сармоягузории Қазоқистон баргузор шудааст.
Ширкаткунандагон роҳҳои навсозии корхонаҳои саноатӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва кам шудани таъсири истеҳсолот ба муҳити зистро баррасӣ кардаанд.
Яке аз самтҳои асосии ташаббус таъсиси платформаи рақамӣ барои мубодилаи таҷриба ва иттилоот дар хусуси технологияҳои беҳтарин аст. Ин платформа бояд ба кишварҳои минтақа дар интихоби роҳҳои муассири истеҳсолот, таҳияи санадҳои меъёрии техникӣ ва татбиқи усулҳои камзарари саноатӣ мусоидат кунад.
Технологияҳои беҳтарини дастрас маҷмуи роҳҳои муосири техникӣ ва идоракуниро дар бар мегиранд, ки ба истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, кам шудани партовҳои ифлоскунанда ва коҳиши газҳои карбон равона шудаанд.
Дар ҷараёни нишаст ҳамчунин, масъалаи таҳияи меъёрҳои нави экологӣ дар асоси хусусиятҳои технологияҳои истеҳсолӣ, гузарондани санҷишҳои ҳамаҷонибаи корхонаҳо ва тадриҷан ҷорӣ намудани равандҳои аз лиҳози экологӣ самаранок баррасӣ шудааст.
Намояндагони кишварҳо ба зарур будани истифодаи таҷрибаи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, ҳамчунин, омӯзиши таҷрибаи Кореяи Ҷанубӣ ва кишварҳои Аврупо дар танзими экологии фаъолияти саноатӣ таваҷҷуҳ кардаанд.
Дар баробари тафоҳуми чаҳорҷониба Маркази байналмилалии технологияҳои сабз ва лоиҳаҳои сармоягузории Қазоқистон ва ҷониби Ӯзбекистон низ санадҳои алоҳидаи ҳамкориро дар самти гузарондани санҷишҳои технологӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои беҳтарини дастрас мубодила кардаанд.
Созишҳои мазкур ба истифодаи муштараки имкониятҳои илмӣ, техникӣ ва коршиносии кишварҳои минтақа, тақвияти танзими экологӣ ва суръат бахшидани навсозии корхонаҳои саноатӣ равона шудаанд.
Ширкати Тоҷикистон дар ин ташаббус метавонад барои густариши ҳамкории минтақавӣ дар самти коҳиши ифлосшавии муҳити зист ва ҷорӣ намудани технологияҳои камзарари истеҳсолӣ замина фароҳам оварад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии рушди сайёҳӣ берун монд
Ҳомид Карзай: “Афғонистон бидуни таълими духтарон наметавонад ба пешрафт расад”
4 кишвари Осиёи Марказӣ мехоҳанд платформаи муштараки экологӣ таъсис диҳанд
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамкорӣ дар назорати сифати ҳаворо тақвият медиҳанд