20 Ноябр 2026,
ҷумъа, 20:52, Душанбе
20.11.2026 15:30

Иқтисоди Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2026 8,3 фоиз рушд кардааст

Маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2026 ба 136,6 миллиард сомонӣ (муодили тақрибан 14,5 миллиард долар) расидааст.  Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,3 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин бора АМИТ “Ховар” хабар дода, навишт, ки ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар ин муддат нисбат ба 9 моҳи соли гузашта 18,4 миллиард сомонӣ бештар шудааст.

Дар ҷараёни баррасии иҷрои буҷети давлатӣ дар 9 моҳи соли 2026 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рақамҳо эълон шуданд.

Дар нишаст зикр шуд, ки иқтисоди кишвар бо вуҷуди мушкилоти муҳити байналмилалӣ, аз ҷумла таҳримҳо ва маҳдудиятҳое, ки ба тиҷорату ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ таъсир мерасонанд, рушди худро нигоҳ доштааст.

Тибқи иттилои ширкаткунандагони ҷаласа афзоиши нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ба тадбирҳои давлатӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба лоиҳаҳои афзалиятнок, зиёд гардидани даромуду хароҷоти буҷет ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ рабт дорад.

Дар ин давра даромади буҷети давлатӣ 114, 9 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил додааст, ки аз иҷрои барзиёди ин нишондиҳандаҳо шаҳодат медиҳад.

Ҳамчунин, дар ҷаласа масъалаи ташкили захираҳои молиявӣ барои таъмин намудани устувории дарозмуддати иқтисод, дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва пешгирӣ аз хатарҳои эҳтимолии молиявӣ баррасӣ шудааст.

Ширкатдорони нишаст нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро дар моҳҳои январ-сентябри соли 2026 мусбат ва мутобиқ ба ҳадафҳои пешбинишуда арзёбӣ кардаанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

20.11.2026 17:43

Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии рушди сайёҳӣ берун монд

Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол дар шохиси нави ҷаҳонии Рушди сайёҳӣ ҷой нагирифт. Дар ин гузориш сабаби ба рӯйхат ворид нагардидани Тоҷикистон шарҳ дода нашудаст. Ин дар ҳолест, ки омори расмӣ мегӯяд, шумори сайёҳон афзоиш ёфтааст.
20.11.2026 17:36

Ҳомид Карзай: “Афғонистон бидуни таълими духтарон наметавонад ба пешрафт расад”

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури пешини Афғонистон гуфт, ки ин кишвар бидуни таъмин намудани саломатӣ ва амнияти кӯдакон ва фароҳам намудани имкони таҳсили озод барои духтарону писарон наметавонад ба рушд ва шукуфоӣ расад.
20.11.2026 17:30

4 кишвари Осиёи Марказӣ мехоҳанд платформаи муштараки экологӣ таъсис диҳанд

Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар хусуси таъсиси платформаи рақамии минтақавӣ барои ҷорӣ намудани технологияҳои беҳтарини мавриди истифода дар истеҳсолот созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Ҳадафи платформа мусоидат ба рушди саноати аз лиҳози экологӣ тоза ва ҳамоҳангсозии сиёсати ҳифзи муҳити зист дар Осиёи Марказӣ аст.
20.11.2026 17:24

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамкорӣ дар назорати сифати ҳаворо тақвият медиҳанд

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон масъалаи ҳамоҳангсозии меъёрҳои назорати сифати ҳаво ва арзёбии мизони зарраҳои майдаи ифлоскунандаро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ кардаанд. Ин масъала дар мулоқоти роҳбарони хадамоти миллии обуҳавошиносии ду кишвар дар ҳошияи Конфронси 31-уми Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) матраҳ шудааст
20.11.2026 15:35

Си Ҷинпин: Чину Русия ва Амрико дар бораи сулҳи ҷаҳонӣ дидгоҳи муштарак доранд

Роҳбари Ҷумҳурии Халқии Чин рӯзи 19-уми ноябр баъд аз нишасти сарони кишварҳои узви “OPEC” ва нишасти сеҷониба гуфт, ки сарони Чину Русия ва Амрико дар мавриди сулҳи ҷаҳонӣ дидгоҳои муштарак доранд.
20.11.2026 15:30

Иқтисоди Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2026 8,3 фоиз рушд кардааст

Маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2026 ба 136,6 миллиард сомонӣ (муодили тақрибан 14,5 миллиард долар) расидааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,3 фоиз зиёд мебошад.
20.11.2026 15:23

Дастури Сардори Хадамоти алоқа: "Муроҷиатҳои шаҳрвандонро сари вақт баррасӣ намуда, камбудиҳоро бартараф созед

Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло бо вазъи кор, сифати хизматрасониҳо ва нақшаҳои рушди ширкатҳои «Вавилон-Мобайл» ва «Вавилон-Т» шинос шуд.
20.11.2026 12:04

Хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил дар магистратура ба Ҷопон фиристода мешаванд

Имрӯз, 20-уми ноябр бо мақсади ҷалби бештари довталабон ва интихоби номзадҳои болаёқат аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ барои давраи нави таҳсили солҳои 2027-2029 дар зинаи магистратураи донишгоҳҳои Ҷопон, дар доираи Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ гардид.
20.11.2026 09:04

Дар 9 моҳ нақшаи даромади буҷети давлатӣ 114,9 фоиз таъмин гардид

Таҳти раёсати муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» дар 9 моҳи соли 2026» баргузор гардид.
20.11.2026 09:01

Чаро “идеологияи миллӣ” дар паси таблиғоти “диндору бедин” ранг мебозад?

Тоҷикистони имрӯзӣ, ки тақрибан як аср қабл онро кишвари коммунистӣ мешинохтанд, бар асоси идеологияи коммунистӣ ё ба истилоҳи рӯшанфикрони “нав ба исломрасида”-и тоҷик “кишвари атеистӣ” ба ҳайси як давлату миллат дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ташкил карда шуд.