Дидори таърихии Трамп, Ҷинпин, Путин ва саволҳои беҷавоб дар бораи Украина
Як сокини маҳаллӣ дар Ӯзбекистон ба гумони додани таълимоти динӣ ба 7 кӯдаки тоҷик боздошт шудааст
“Тарс аз Эрон”. Мақомоти амрикоӣ аз тарси Эрон ба паноҳгоҳҳо мераванд
“Артиши Афғонистон об шуд”. Ҷо Байден пас аз 5 сол аз қарори хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар китоби нави худ ҳимоят кард
Созиши роҳбурдии Арабистони Саудӣ бо Покистон. Ҳамла ба яке, ҳамла ба ҳарду шумурда мешавад
Муҳаммад ибни Салмон, Валиаҳди Арабистони Саудӣ ва Шаҳбоз Шариф, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон рӯзи чоршанбе дар шаҳри Риёз созишномаи роҳбурдӣ оид ба дифои дуҷонибаро имзо намуданд. Тибқи ин созишнома ҳар гуна ҳамла ба яке аз ин ду кишвар ҳамла ба дигаре арзёбӣ мешавад.
Имзои ин созишнома нишондиҳандаи он аст, ки Арабистони Саудӣ мехоҳад муттаҳидони амниятиашро гуногунсозӣ кунад.
Ин созишнома бо як кишвари дорои қудрати атомӣ дар ҳоле имзо мешавад, ки дар гузашта кишварҳои Халиҷи Форс одатан ба ҳамкории амниятӣ бо Амрико такя мекарданд. Ба назар мерасад, баъди ҳамлаи Исроил ба Қатар ин муодила тағйир ёфтааст.
Як мақоми ҳукумати Арабистони Саудӣ ба рӯзномаи “Financial Times” гуфт: “Умедворем, ки ин созиш қувваи пешгирикунандаи моро тақвият мебахшад, зеро ҳар гуна таҷовуз ба яке, таҷовуз ба дигаре шумурда мешавад. Ин як созишномаи пурраи дифоист ва вобаста ба навъи таҳдид, аз ҳамаи воситаҳои зарурии дифоӣ ва низомӣ истифода хоҳад шуд”.
Вазорати корҳои хориҷии Покистон гуфт, ки ин созишнома бо такя ба чанд даҳсолаи ҳамкориҳои таърихӣ ва ҳамбастагии исломӣ бо манфиатҳои стратегӣ ва ҳамкории наздики дифоӣ миёни ду кишвар имзо шудааст.
“Ин созишнома ифодаи уҳдадориҳои муштараки ду миллат барои тақвияти амният ва расидан ба сулҳ дар минтақаву ҷаҳон аст. Ҳамчунин, ҳадафи ин созиш густариши ҳамкориҳои дифоӣ ва тақвияти қудрати пешгирикунандаи муштарак дар муқобили ҳар гуна таҷовуз аст”- зикр кардааст Вазорати корҳои хориҷии Покистон.
Ин паймон дар ҳоле имзо мешавад, ки танишҳо дар минтақа баъд аз ҳамлаи ҳавоии Исроил ба пойтахти Қатар, ки боиси марги шаш нафар шуд, афзоиш ёфтааст.
“Мо беш аз як сол аст, ки ба ин масъала машғулем ва ин натиҷаи гуфтугӯҳои аз ду то сесола мебошад”- таъкид кардааст як мақоми Саудӣ ба “Financial Times”
Рӯзи чоршанбе Шаҳбоз Шариф, Сарвазири Покистон ҳамроҳ бо Осим Мунир, фармондеҳи артиши ин кишвар барои имзои созишнома ба Риёз сафар карданд. Покистон равобити наздик бо Арабистони Саудӣ дорад. Риёз яке аз ҳомиёни асосии иқтисодии Покистон аст.
Баъди имзои созишнома Зулмай Халилзод, собиқ сафири Амрико дар Афғонистон суолҳоеро матраҳ кард. Ӯ пурсид, ки оё ин созиш дар посух ба ҳамлаи Исроил ба Қатар сурат гирифтааст? Ҳамчунин, ӯ дар хусуси муҳтавои пинҳони созиш - оё ин нишон медиҳад, ки Арабистони Саудӣ ва шариконаш ба ҳамкории дифоӣ бо Амрико бовар надоранд, суол гузошт.
Вобаста ба ин як мақоми Саудӣ ба Рейтерз гуфт, ки имзои созишнома посух ба ҳич рӯйдод ё кишвар нест. Ҳадафи он густариши робитаҳои амиқи миёни ду кишвар мебошад. Зулмай Халилзод ҳамчунин, масъалаи боз шудани чатри атомии Покистон барои Арабистони Саудиро матраҳ кард. Ӯ ҳушдор дод, Покистон силоҳ ва мушакҳоеро дорад, ки метавонанд ҳамаи Шарқи Миёна ва Исроилро ҳадаф қарор диҳанд. Зулмай Халилзод афзуд, ин кишвар низ системаҳое таҳия мекунад, ки метавонанд ҳадафҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро мавриди ҳадаф қарор диҳанд.
Аммо то ба ҳол ҷузъиёти пурраи созишнома аз ҷониби Арабистони Саудӣ ва Покистон эълон нашудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии рушди сайёҳӣ берун монд
Ҳомид Карзай: “Афғонистон бидуни таълими духтарон наметавонад ба пешрафт расад”
4 кишвари Осиёи Марказӣ мехоҳанд платформаи муштараки экологӣ таъсис диҳанд
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамкорӣ дар назорати сифати ҳаворо тақвият медиҳанд