Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
КҲФ: Наҷоти гардишгари хориҷӣ аз кӯҳҳои Панҷакент
Як шаҳрванди хориҷӣ ҳангоми саёҳат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ворӯ, деҳаи Ворӯ, аз кӯҳ лағжида, ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки ҷабрдида як сокини 44-солаи шаҳри Екатеренбурги Федератсияи Русия буда, ҳангоми лағжиш аз баландӣ пойашро шикастааст. Ба ӯ дар ҷойи ҳодиса кумаки аввалияи тиббӣ расонида шуда ва сипас ӯро ба беморхонаи минтақавӣ интиқол додаанд.
Дар ин замина, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба сайёҳоне, ки дар минтақаҳои кӯҳӣ гардиш мекунанд, чунин ҳушдор додааст:
Аввалан ҳангоми кӯҳбароӣ ва гардиш дар водӣ қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунед. Ҳамеша бо худ таҷҳизоти кумакрасон дошта бошед, то дар ҳолати пеш омадани ин ё он ҳодиса аз он истифода намоед.
Пеш аз оғози сафар ба кӯҳ, хатсайри худро бо мақомоти марбута ҳамоҳанг созед.
Дар ҳолати рух додани ин ё он ҳодисаи нохуш, ҳатман бо телефонҳои +992 93 880 28 74, +992 92 979 06 07 занг занед.
Dialog. tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст


