“Раванди сабз”-и Амруллоҳ Солеҳ қароргоҳи Толибон дар як мактаби Панҷшерро ба оташ кашид
Трамп: “Ҳар лаҳза омодаи ҳамла ба Эрон ҳастам”
Русия ҳамроҳи Оверчук ҳайати беш 70-нафараро ба Кобул фиристод
Политико: Трамп Ҷей Ди Вэнсро аз музокирот бо Эрон канор гузошт
Афсарони исроилӣ мегӯянд шикаст додани Ҳамос номумкин аст
Даҳҳо афсар ва низомии режими Исроил дар гуфтугӯ бо як расонаи амрикоӣ тасдиқ намуданд, ки онҳо ба нуқтаи фурӯпошӣ расидаанд ва шикаст ё нобуд кардани муқовимат номумкин аст.
Бар асоси гузориши расонҳо низомиёни исроилӣ дар суҳбат бо рӯзномаи “Уолл-стрит журнал” гуфтаанд: “Мо ба ҳадди фурӯпошӣ расидем. Тақрибан пас аз ду соли ҷанг бар зидди мардуми Ғазза сарбозон ба хастагиву фарсудагӣ дучор шудаанд”.
Афсарони исроилӣ бо ишора ба беҳуда будани ҷанг, даст наёфтан ба ҳадафҳои Бенямин Нетаняҳу ва дигар мақомоти исроилӣ таъкид намуданд, ки “шумори низомиёне, ки мепурсанд “оё идомаи ҷанг дар Ғазза арзиш дорад ё на” рӯ ба афзоиш аст.
Низомиёни Исроил, ки бо расонаи амрикоӣ суҳбат кардаанд, ба далели амниятӣ номҳояшонро ифшо накардаанд. Онҳо иқрор мекунанд, ки нобуд кардани Ҳамос имкон надорад, зеро ин ҳаракат бо тактикаи ҷанги партизанӣ муқовимат мекунад.
“Мо бинобар омилҳои мухталиф, аз ҷумла рафтори ғайриахлоқӣ бар зидди фаластиниён омода нестем, ки дар артиши Исроил хизмат кунем” – таъкид кардаанд низмоиёни исроилӣ.
Шикояти низомиёни исроилӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки тайи як ҳафтаи ахир амалиёти заминии неруҳои мусаллаҳи Исроил дар Навори Ғазза суръат гирифтааст. Бархе расонаҳо гузориш доданд, ки низомиёни исроилӣ дар амалиёти заминӣ ба шикаст рӯ ба рӯ шудаанд. Бархе расонаҳо аз асир шудани чанд тан аз сарбозони Исроил ба дасти неруҳои Ҳамос хабар медиҳанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт