20 Ноябр 2026,
ҷумъа, 21:34, Душанбе
28.08.2025 10:40

Бозгашти Ҳинд ба домани Шарқ. Оё Ҳинд аз Амрико фосила мегирад?

Ҷанги Ҳиндустону Покистон, Эрону Исроил, Исроилу Ҳамос ва Русияву Украина дар саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ тағйиротҳои ҷиддиро ба вуҷуд овард. Низоми собити байналмилал, ки дар меҳвари Амрико мечархид, ҳоло ба нуқсон гирифтор шудааст ва Амрико ба хотири Украинаву Исроил бо шарикони муҳимаш низ ихтилоф дорад.

Муҳимтарин дигаргунӣ дар таҳаввулоти байналмилалӣ ихтилофоти ҷиддии боҷҳои гумрукии Амрико аст, ки ҳатто шарикони роҳбурдии ин кишварро низ нигарон кардааст. Сиёсати ҳукумати Доналд Трамп дар мавриди боҷҳои гумрукӣ собит нест ва он ҳар лаҳза метавонад тағйир ёбад. Дар миёни ин ҳама мушкилоти дипломатӣ ҷангҳо низ ба мисли гурбаи сиёҳ дар пешорӯи кишварҳо қарор гирифта, муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва дипломатии онҳоро ба бунбаст рӯ ба рӯ кардааст.

Ҳиндустон дар замони ҳукумати Нарендра Модӣ аз сиёсати шарқмеҳварӣ ба сиёсати ғарбмеҳварӣ рӯ оварда, ба сӯи Амрико шитофт. Дар ин давра сарвазир Нарендра Модӣ бо Амрико ва Исроил қарордодҳои муҳимми тиҷоратӣ ва роҳбурдӣ, аз ҷумла қарордодҳои низомӣ ба имзо расонд. Ширкатҳои бузурги Амрико ва Ҳинд равобити хуби тиҷоратӣ барқарор карданд. Ҳаҷми тиҷорат дар миёни ду кишвар афзоиш ёфт. Дар замони ҳукумати демократҳо, бо сарварии Барак Обама ва Ҷо Байден Ҳинд ба ҷойи дӯсти деринаи Покистон ба шарики муҳимми тиҷоратӣ ва роҳбурдии Амрико табдил шуд.

Дар пасманзари доду гирифтҳои муҳимми сиёсӣ Исроил низ ба сӯи Ҳинд оғӯш боз намуда, дар заминаҳои иқтисодиву технологӣ ва низомӣ ҳамкориҳояшро густариш дод. Сафарҳои пай дар пайи Нарендра Модӣ ба Тел-Авив ва ҳамчунин, сафарҳои Бенямин Нетаняҳу ба Деҳлӣ паёмовари равобити роҳбурдии ду кишвар буд.

Ҳиндустон, ки аз замони Шӯравӣ бо Шарқ, бахусус меҳвари Русия равобити қавӣ ва пурумқи стратегӣ дошт, ногаҳон ба сӯи Ғарб, бахусус Амрикову кишварҳои аврупоӣ оғӯш кушод. Ин гашти сиёсӣ Ҳиндро аз ширкат дар созмонҳои байналмилаливу сиёсии зери раҳбарии Чину Русия дур сохт.

Роҳбарони Ҳинд бо баҳонаи рақобат бо Покистон бо гумони тақвияти муносибатҳо бо Ғарбу Амрико сиёсати ғарбмеҳвариро пиёда намуданд. Бо вуҷуди ин, мақомоти ҳиндӣ талош мекарданд, ки равобити худ бо кишварҳои шарқӣ, бахусус Русия, кишварҳои Осиёи Марказиро низ ҳифз намоянд. Рӯйкарди сиёсати ғарбмеҳварии Ҳиндустон чандон пояҳои устувор ва роҳбурдӣ надошт. Зеро, Ҳиндустон аз бисёр ҷиҳатҳо ба Шарқ ниёз дорад. Ҳиндустон аз назари инфрасохтори иқтисодӣ комилан вобаста ба кишварҳои шарқӣ аст. Ҳамчунин, ҷойгоҳи географии Ҳиндустон ба унвони кишвари рӯ ба рушд дар қитъаи Осиё омили муҳимми вобастагии ин кишвар ба Шарқ буд.

Дар соли ҷорӣ миёни Ҳинду Покистон ҷанги хунин дар гирифт. Ин ҷанг, ки дар расонаҳо Ҷанги ҳавопаймоҳо дар осмон унвон шуд, сиёсати хориҷии Ҳиндустонро ба мушкилоти бузург мувоҷеҳ кард. Мақомоти ҳиндӣ баъди даргирӣ ва оғози оташбас дар сиёсати хориҷии худ тағйир оварданд. Ҳимояти бархе кишварҳо аз Покистон ва дахолати қатъии Доналд Трамп дар поён додан ба ин ҷанг нигоҳи ҳукумати Нарендра Модиро ба Аврупо ва Амрико тағйир дод.

Бисёре аз коршиносон бар ин назаранд, ки боҷҳои гумрукӣ масъалаи асосӣ дар равобити миёни Амрико ва Ҳинд аст. Ба як ҳисоб, ин масъалаи иқтисодӣ дар сард шудани равобити ду кишвар нақши асосӣ дорад, аммо ихтилофоти Амрикову Ҳинд фаротар аз ин мавзуъ аст.

Баъди сафарҳои пай дар пайи Осим Мунир ба Амрико ва тағйир ёфтани сиёсати фишори Амрико нисбат ба Покистон мақомоти Ҳиндустон рӯйкарди сиёсии худро тағйир доданд. Покистон шарики дерина ва ҳамешагии Амрико, ки дар Шарқ “корҳои касиф” –и амрикоиҳоро анҷом медиҳад, дубора ба оғӯши Амрико бозгашт. Ин бозгашт дар чанд моҳи ахир баръало ва рӯшан ба назар мерасад.

Покистон сиёсати иқтисодӣ, низомӣ ва роҳбурдии худ бо Амрикоро таҷдиди назар кардааст. Ҳоло он ихтилофҳои замони роҳбарии Барак Обама ва Ҷо Байден ранг бохтаанд. Доналд Трамп зиракона ба Покистон рӯ овардааст, зеро медонад, ки бо “дӯстон” –и қадимӣ ва озмудашуда “корҳои бузург” –ро бидуни нуқсон метавон анҷом дод.

Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон тайи ҳафтаҳои ахир бо лаҳни комилан дигар дар муқобили кишварҳои аврупоӣ ва Амрико вокуниш нишон медиҳад. Амрико ва кишварҳои аврупоӣ аз ин ки Ҳинд нафти Эрон ва Русияро мехарад, сахт асабониянд. Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон дар посух ба ин вокунишҳои манфӣ гуфт, ки “ба касе писанд аст, нафти Русия” –ро мехирад. Ҳиндустон дар Шарқ яке аз кишварҳоест, ки бо хариди нафти хом ва коркард ва содироти он сӯди зиёд ба даст меоварад. Бар асоси баъзе маълумотҳо бензини Ҳиндустон то ба бозорҳои Аврупо мерасад.

Амрико ва Иттиҳоди Аврупо бо вуҷуди таҳримҳои шадид натавонистанд иқтисоди Русияро фалаҷ кунанд. Ҳоло бо фишор бар рӯйи шарикони иқтисодии Русия мехоҳанд ин сиёсаташон таъсиргузор воқеъ шавад. Аммо, ба гуфтаи баъзе коршиносон, Русия на Эрон аст ва на Кореяи Шимолӣ, ки битавонӣ иқтисодашро ба бунбаст бикашонӣ.  Иқтисоди ҷаҳон ба ашёи хоми Русия ниёз дорад ва ҳич кишвари дигар наметавонад дар ин замина ҷойгузини Русия шавад.

Мақомоти ҳиндӣ нағз дарк кардаанд, ки бидуни Шарқ, бахусус Русия ва Чин наметавонанд дар сиёсати хориҷӣ ва равобит бо қудратҳои бузурги ҷаҳон тавозунро ба вуҷуд оваранд. Аз ин ҷост, ки сарвазир Нарендра Модӣ баъди 7 соли таваққуф ба кишвари Чин сафар намуда, дар бораи ҳалли низои марзӣ ва тақвияти ҳамкориҳои бо ин кишвар гуфтугӯ кард.

Ҳинду Чин бо вуҷуди ҳамсоя будан, бо ҳам мушкилоти марзӣ доранд. Дар соли 2020 миёни сарбозони Чину Ҳинд задухӯрди низомӣ ба вуҷуд омад ва ин ҳодиса ба рӯйи равобити дуҷониба соя андохт. Аз он сол ба баъд ҳукумати Нарендра Модӣ бо Чин равобиташро коҳиш дод. Ҳоло вазъ тағйир ёфтааст ва Ҳинд мехоҳад тавозунро дар муносибат бо қудратҳои ҷаҳонӣ барқарор кунад.

Ин нукта возеҳ аст, ки Ҳинд бо Русия робитаҳои таърихии низомӣ дорад. Русия дар лаҳзаҳои ҳассос ба Ҳиндустон ҳавопаймоҳои ҷангӣ дод, ки имрӯз ин ҳавопаймоҳо қудрати ҳавоии Ҳиндустонро тақвият мекунанд. Дар ҷанги Покистон эҳсос шуд, ки неруҳои ҳавоии Ҳиндустон дар муқобили Покистон аз коромадӣ бархӯрдор нестанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

20.11.2026 17:43

Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии рушди сайёҳӣ берун монд

Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол дар шохиси нави ҷаҳонии Рушди сайёҳӣ ҷой нагирифт. Дар ин гузориш сабаби ба рӯйхат ворид нагардидани Тоҷикистон шарҳ дода нашудаст. Ин дар ҳолест, ки омори расмӣ мегӯяд, шумори сайёҳон афзоиш ёфтааст.
20.11.2026 17:36

Ҳомид Карзай: “Афғонистон бидуни таълими духтарон наметавонад ба пешрафт расад”

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури пешини Афғонистон гуфт, ки ин кишвар бидуни таъмин намудани саломатӣ ва амнияти кӯдакон ва фароҳам намудани имкони таҳсили озод барои духтарону писарон наметавонад ба рушд ва шукуфоӣ расад.
20.11.2026 17:30

4 кишвари Осиёи Марказӣ мехоҳанд платформаи муштараки экологӣ таъсис диҳанд

Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар хусуси таъсиси платформаи рақамии минтақавӣ барои ҷорӣ намудани технологияҳои беҳтарини мавриди истифода дар истеҳсолот созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Ҳадафи платформа мусоидат ба рушди саноати аз лиҳози экологӣ тоза ва ҳамоҳангсозии сиёсати ҳифзи муҳити зист дар Осиёи Марказӣ аст.
20.11.2026 17:24

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамкорӣ дар назорати сифати ҳаворо тақвият медиҳанд

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон масъалаи ҳамоҳангсозии меъёрҳои назорати сифати ҳаво ва арзёбии мизони зарраҳои майдаи ифлоскунандаро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ кардаанд. Ин масъала дар мулоқоти роҳбарони хадамоти миллии обуҳавошиносии ду кишвар дар ҳошияи Конфронси 31-уми Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) матраҳ шудааст
20.11.2026 15:35

Си Ҷинпин: Чину Русия ва Амрико дар бораи сулҳи ҷаҳонӣ дидгоҳи муштарак доранд

Роҳбари Ҷумҳурии Халқии Чин рӯзи 19-уми ноябр баъд аз нишасти сарони кишварҳои узви “OPEC” ва нишасти сеҷониба гуфт, ки сарони Чину Русия ва Амрико дар мавриди сулҳи ҷаҳонӣ дидгоҳои муштарак доранд.
20.11.2026 15:30

Иқтисоди Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2026 8,3 фоиз рушд кардааст

Маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2026 ба 136,6 миллиард сомонӣ (муодили тақрибан 14,5 миллиард долар) расидааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,3 фоиз зиёд мебошад.
20.11.2026 15:23

Дастури Сардори Хадамоти алоқа: "Муроҷиатҳои шаҳрвандонро сари вақт баррасӣ намуда, камбудиҳоро бартараф созед

Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло бо вазъи кор, сифати хизматрасониҳо ва нақшаҳои рушди ширкатҳои «Вавилон-Мобайл» ва «Вавилон-Т» шинос шуд.
20.11.2026 12:04

Хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил дар магистратура ба Ҷопон фиристода мешаванд

Имрӯз, 20-уми ноябр бо мақсади ҷалби бештари довталабон ва интихоби номзадҳои болаёқат аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ барои давраи нави таҳсили солҳои 2027-2029 дар зинаи магистратураи донишгоҳҳои Ҷопон, дар доираи Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ гардид.
20.11.2026 09:04

Дар 9 моҳ нақшаи даромади буҷети давлатӣ 114,9 фоиз таъмин гардид

Таҳти раёсати муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» дар 9 моҳи соли 2026» баргузор гардид.
20.11.2026 09:01

Чаро “идеологияи миллӣ” дар паси таблиғоти “диндору бедин” ранг мебозад?

Тоҷикистони имрӯзӣ, ки тақрибан як аср қабл онро кишвари коммунистӣ мешинохтанд, бар асоси идеологияи коммунистӣ ё ба истилоҳи рӯшанфикрони “нав ба исломрасида”-и тоҷик “кишвари атеистӣ” ба ҳайси як давлату миллат дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ташкил карда шуд.