Пентагон эътироф кард, ки ҷанг бо Эрон 43, 6 миллиард доллар хароҷот доштааст
Путин ба шакли онлайнӣ дар интихоботи Думаи давлатӣ овоз дод
Як низомии пешини афғонистонӣ дар кони ангишти Тоҷикистон ҷон бохтааст
Сарвазири Шветсия пас аз шикасти интихоботӣ истеъфо дод
Зиндагии занони Афғонистон дар зери зулми Толибон. “Орзуи ягонаи онҳо тарки кишвар аст”
Аз ҳукумати саркӯбгароёна ва сахтгиронаи Толибон чор сол сипарӣ шуд. Дар давоми чор сол Толибон бо содир кардани даҳҳо қарори сахтгирона занонро комилан аз зиндагии иҷтимоӣ берун ронда, дар хонаҳояшон ҳабс карданд. Занон аз одитарин ҳуқуқ – ҳуқуқи рафтан ба мактабу донишгоҳ, рафтан ба бозору кӯчаву хиёбон, ороиш ва ҳатто баланд хандидан дар низоми ҳукумати Толибон маҳруманд.
Дар остонаи чорсолагии ҳукумати гурӯҳи террористии Толибон бархе расонаҳои ҷаҳон дубора ба баррасии вазъияти занон рӯ оварданд. Радиои Фаронса бо Шайло Нурӣ, яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Афғонистон суҳбат анҷом додааст ва ӯ ранҷу дарди занони Афғонистонро ривоят мекунад.
Шайло Нурӣ дар соли 1980, баъд аз ин ки Шӯравӣ Афғонистонро ишғол кард, аз Афғонистон хориҷ шуд ва дар Фаронса ба сар мебарад. Дар як иқдоми ҷасурона, ӯ бо шиносномаи фаронсавиаш ба Афғонистон сафар карда, вазъияти занон дар ҳокимияти Толибонро аз наздик мушоҳида мекунад. Дар зер фишурдаи суҳбати ӯ бо Радиои Фаронсаро зикр мекунем:
- Таҳти чӣ шароит ба Афғонистон сафар кардед?
Шайло Нурӣ: “Бо шиносномаи фаронсавиам ба Афғонистон рафтам. Бо сабаби он ки дар шиносномаи ман ҷойи таваллудам Афғонистон навишта шудааст, ба раводид ниёз надоштам. Ин нахустин бор буд, ба кишварам, ки зери ҳокимияти Толибон аст, сафар мекунам ва намедонистам, ки онҳо иҷозаи вуруд медиҳанд ё на. Хушбахтона, ҳама чиз хуб гузашт ва мушкиле пеш наомад. Мақсадам ин буд, ки бо сафар дар саросари кишвар аз ҷиҳати равонӣ ва инсонӣ вазъи Афғонистонро арзёбӣ кунам. Аз понздаҳ шаҳр ва вилояти бузург боздид кардам ва на фақат бо занон, балки бо духтарон, писарон ва мардон низ суҳбат намудам. Мехостам, назари афродро донам”.
- Оё бо маҳдудияти хосе рӯ ба рӯ шудед?
Шайло Нурӣ: “Расман пӯшидани бурқа (маҳкам кардани комили рӯй) ҳатмӣ аст, вале дар амал на ҳама онро риоя мекунанд. Ман бо рӯсарӣ ва либоси сиёҳи дароз ба он ҷо рафтам. Бисёре аз занони Афғонистон низ ҳамин гуна пӯшидаанд. Бо вуҷуди ин, истифода аз ниқоб ҳатмӣ буд. Вақте аз занон пурсидам, аксар гуфтанд: “Гармиро мебинӣ? Ин роҳи мо барои муқовимат аст”. Дар тамоми сафар маро як маҳрам ҳамроҳӣ мекард”.
- Оё муқовиматро дар миёни занони Афғонистон эҳсос кардед?
Шайло Нурӣ: “Ба назари ман, муқовимати асосӣ аз сӯи занон аст. Дар Фаронса фикр мекунанд, ки занони афғон бе маҳрам ҳақ надоранд аз хона берун раванд. Аммо он ҷо ба ман гуфтанд: “Ту хислати занони афғонро медонӣ, онҳо натавонистанд ҳамаи моро хонашин кунанд”.
Бинобар ин, баъзе занон ҳатто бе маҳрам аз хона мебароянд ва Толибон то андозае онро таҳаммул мекунанд, аммо неруҳои “амр ба маъруф” ҳич гуна таҳаммул надоранд”.
- Неруҳои амр ба маъруф киҳоянд?
Шайло Нурӣ: “Видеоҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд, ки нишон медиҳанд, онҳо занонро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мезананд. Масалан, фақат барои он ки ниқобашонро дуруст нагузоштаанд. Ҳар баҳона барои сарзаниш кардан пайдо мекунанд. Ҳатто одамрабоӣ низ вуҷуд дорад.
Ман дар Бомиён ба онҳо бархӯрдам. Хостам ҳатман аз кӯли Банди Амир дидан кунам. Баъди пардохти маблағи вуруд, вақте ки маҳрамам дар мошин буд, ман мисли як “аврупоӣ” рафтор кардам. Манзара чунон зебо буд, ки давида берун рафтам, телефонамро гирифтам ва ба фарзандонам занг задам. Ногоҳ шунидам, ки касе бо ман ҳарф мезанад: як нафар бо нигоҳи даҳшатбор, бо садои баланд такрор мекард: “Бино ба дастури амр ба маъруф, ҳузури занон дар ин ҷо манъ аст”. Ларза тамоми баданамро фаро гирифт. Ба ӯ гуфтам, ки бо ҷиянам ҳастам, вале ӯ ҳамон суханро такрор мекард. Одатан набояд бо онҳо баҳс кард. Бозгаштам ва онҳо то назди мошин маро ҳамроҳӣ карданд”.
- Шумо ба ҳайси як зан иҷозаи танҳо гаштанро надоштед?
Шайло Нурӣ: “Ҳатто бадтар. Ҳамаи ҷойҳои фароғатӣ барои занон манъ шудаанд. Инро ҳам дар Кобул, дар Қандаҳор ва ҳам дар дигар ҷойҳо таҷриба кардам”.
- Аз ҷиҳати равонӣ, заноне, ки ба онҳо муроҷиат кардед, дар чӣ ҳол буданд?
Шайло Нурӣ: “Тақрибан бо понздаҳ зану духтар суҳбат кардам. Вазъи руҳии духтарони хурдсол бисёр вазин аст, зеро онҳо медонанд, ки дар синни 13 аз таҳсил маҳрум мешаванд ва зиндагӣ барои онҳо анҷом меёбад. Онҳо гиря мекунанд, чун ки ҳич оянда надоранд. Барои онҳо фақат издивоҷ мемонад. Заноне, ки дар гузашта таҳсил мекарданд ё кор доштанд, комилан рӯҳафтода буданд. Ба ман гуфтанд: “Мо тамоми рӯз дар хонаем, бедор мешавем, ошпазӣ мекунем, тоза мекунем. Фақат барои харид ё дидор бо якдигар мебароем. Ба ҷуз аз ин, аз субҳ то шом ҳич коре намемонад”. Азбаски модарон ҳаққи баромаданро надоранд, фарзандон низ хонашин шудаанд”.
- Оё занон хоҳиши муҳоҷират доранд?
Шайло Нурӣ: “Ҳоло ягона орзуи онҳо рафтан аз кишвар аст. Аммо гирифтани шиноснома боз ҳам душвортар шудааст. Аз соли 2023 Покистон ҳамаи афғонистониҳоро бозмегардонад ва арзиши виза, ки қаблан 800 доллар буд, ҳоло ба 5000 доллар расидааст. Ҳама кор барои пешгирӣ аз рафтани занону мардон анҷом мешавад”.
- Оё бо заноне, ки ҳамчунон таҳсил ё кор мекунанд, мулоқот доштед?
Шайло Нурӣ: “Занеро, ки таҳсил кунад, надидам. Аммо заноне, ки кор мекунанд, мебошанд. Масалан, дар ҷойҳое, ки лозим буд, занонро ҷисман тафтиш кунанд, фақат занон ҳузур доштанд, зеро мардон ҳаққи тафтиш надоштанд. Дар фурудгоҳ низ кормандони назораткунанда занон буданд”.
- Ва, албатта, кӯдакон низ аз ин вазъият ранҷ мебаранд?
Шайло Нурӣ: “Бале, бештар аз ҳама кӯдакон моро зери таъсир қарор доданд. Дар бораи занон бисёр мегӯем, вале дар бораи кӯдакон камтар сухан меравад. Дар Афғонистон қариб ҳич кор вуҷуд надорад ва калонсолон бекор мебошанд. Ман дидам, ки кӯдакон кӯчаҳоро тоза мекунанд. Бо чанд нафари онҳо суҳбат кардам: падару модарашон бекоранд, бинобар ин, онҳо маҷбуранд барои пардохти иҷора кор кунанд. Онҳо тамоми рӯз зери офтоб бе кӯлоҳ, барои 50 сент кор мекунанд.
Вазъи инсонӣ фоҷеабор аст. Кор нест ва мардум бо қарз зиндагӣ мекунанд. Ҳама ба қарз афтодаанд. Вақте кӯдакон пуле ба даст меоранд, онро барои иҷора медиҳанд”.
- Вокуниши мардоне, ки дидед, чӣ гуна буд?
Шайло Нурӣ: “Ман ғазабро дар чашмони падари се духтар дидам. Ӯ гуфт: “орзуи ман ин буд, ки духтаронам азоб накашанд, таҳсил кунанд, муваффақ шаванд, ба шавҳар вобаста набошанд. Аммо акнун онҳо ҳам, мисли ҳамсарам, вобаста хоҳанд шуд. Ман умед доштам, ки онҳо духтур шаванд” ва гиря кард”.
- Оё онҳо таслим шудаанд ё ҳанӯз умед доранд?
Шайло Нурӣ: “Онҳо мегӯянд: “Агар умедро аз даст диҳем, худкушӣ мекунем. Бинобар ин, мо умедворем, умед ба ояндаи дур дорем”. Чор сол бе таҳсил фоҷеаи бузург аст. Паёме, ки мехостанд, ман ба ин ҷо биёрам, чунин буд: “Ба ин режим фишор оред, гузоред кор кунем, гузоред таҳсил кунем”.
- Ба вазъияти саломатии ҷисмонӣ ҳам ишора шуд? Агар духтарон дигар аз ҷониби духтурони мард табобат нашаванд ва худ ҳам таҳсил накунанд, дар оянда ҳич табиби зан намемонад?
Шайло Нурӣ: “Бале, ин насл аз даст меравад. Ҳоло чанд духтури зан фаъол аст, вале дар оянда дигар нахоҳад буд. Ҳама кор мекунанд, ки итминон ҳосил кунанд, дигар табиби зане вуҷуд надошта бошад”.
- Шумо аз Кобул ва ҳамчунин, аз дигар минтақаҳо, аз ҷумла Қандаҳор, Ҷалолобод ва Ҳирот боздид кардед. Оё миёни пойтахт ва дигар шаҳрҳо фарқият дида шуд?
Шайло Нурӣ: “Аҷиб аст, ки ҳар ҷо мерафтам, вазъият яксон буд. Чӣ дар шаҳрҳои бузург, чӣ дар деҳаҳо, ҳама чиз монанд буд. Амният набуд, ки Толибон барқарор карданд, вале ҳамзамон ноамнӣ низ аз ҷониби худи онҳо эҷод шудааст”
- Шаклҳои дигари муқовимат ва ҳамбастагӣ дар байни занон дида шуд?
Шайло Нурӣ: “Имрӯз ҳама кошонаҳои зебоӣ ва салонҳои ороишӣ баста шудаанд. Бо ин ҳама, ман дидам, ки тӯйҳои бошукӯҳ бисёр баргузор мешаванд. Вақте пурсидам, чӣ гуна имконпазир аст, ба ман гуфтанд: ҳама ба хонае ҷамъ мешаванд ва худашон якдигарро оро медиҳанд. Онҳо гуфтанд: “Мо, мисли гузашта, амал мекунем, вале пинҳонӣ дар хона. Ин муқовимати мост”.
Хатти хабарҳо
“Телеграф”: Эрон метавонад Амрикоро аз Ховари Миёна берун кунад
Пентагон эътироф кард, ки ҷанг бо Эрон 43, 6 миллиард доллар хароҷот доштааст
Намояндагони Осиёи Марказӣ дар Синин: шиносоӣ бо Чини муосир аз тариқи «Насли Z»
Путин ба шакли онлайнӣ дар интихоботи Думаи давлатӣ овоз дод