Суҳбати Масъуд Пизишкиён дар “Индиа тудей”: бо кишварҳои минтақа мушкил надорем, бо пойгоҳҳои Амрико мушкил дорем
Таҳлилгари исроилӣ: нишонаҳои шикасти стратегии Амрико дар ҷанги Эрон ошкор шудаанд
76 соли зиндагии Малика Қаландарова: рақс, шуҳрат, муҳоҷират ва муҳаббат ба Тоҷикистон
Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод
Сулҳи Пашинян ва Алиев чӣ мушкил дорад? Оё Русия нуфузашро аз даст медиҳад?
Чанд рӯз пеш дар Кохи сафед Никол Пашинян, Сарвазири Арманистон ва Илҳом Алиев, Президенти Озарбойҷон дар ҳузури Доналд Трамп, Президенти Амрико созишномаи сулҳро имзо намуданд. Бар асоси он, низои беш аз се даҳаи миёни Озарбойҷон ва Арманистон хотима ёфт.
Ин созишномаи сулҳ бо хашми Эрон рӯ ба рӯ шуд. Мушовири Оятуллоҳ Хоманаӣ, Алиакбари Вилоятӣ ба он вокуниши манфӣ нишон дод ва ҳатто гуфт, ки Эрон иҷоза нахоҳад дод, ки марзҳои геополитикиаш дар Қафқоз тағйир ёбад. Дар айни ҳол, Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён бар хилофи мавқеи мушовири роҳбари Эрон нигарониҳои дар мавриди каридори Зангизурро беасос донист.
Рӯзномаи “Экономист” бо ишора ба нишасти сеҷонибаи Доналд Трамп, Президенти Амрико, Никол Пашинян, Сарвазири Арманистон ва Илҳом Алиев, Президенти Озарбойҷон дар Кохи сафед ва “эълони созишномаи сулҳ”-и миёни роҳбарони Боку ва Ереван барои поён додан ба низои тӯлонии ду кишвар, мегӯяд, ки ин созишнома метавонад мавқеи Русияро дар Қафқози Ҷанубӣ заиф кунад. Дар баробари ин, маҷалла монеа ва мушкилоти иҷрои сулҳ миёни Арманистон ва Озарбойҷонро низ баррасӣ мекунад.
Қафқози Ҷанубӣ - муҳити пур аз низоъ бо дарҳои баста
Қафқози Ҷанубӣ як минтақаи пур аз низоъ ва бо марзҳои баста мебошад. Дар марзҳои он бурҷҳои назоратӣ ва хандақҳо ҷой гирифтаанд. 8-уми август Доналд Трамп бо Никол Пашинян ва Илҳом Алиев мулоқот намуд, то ба низои миёни ду кишвар хотима диҳад. Дар Кохи сафед се роҳбар як “эъломияи сулҳ”, созишномаи тиҷоратӣ ва амниятӣ имзо карданд.
Муҳимтарин нуқта ин буд, ки Арманистон розӣ шуд, як масири нақлиётиро зери мудирияти Амрико дар қаламрави худ таъсис диҳад, ки Озарбойҷонро бо Нахҷавон-қаламрави ҷудо аз он, мепайвандад. Ин роҳ номи “Масири Трамп”-ро хоҳад гирифт. Доналд Трамп гуфт: “Барои ман ифтихори бузург аст”.
Илҳом Алиев ва Никол Пашинян ваъда доданд, ки Доналд Трампро барои ҷоизаи сулҳи Нобед номзад мекунанд. Ин созиш мавқеи Русияро, ки солҳои зиёд дар ин низоъ дохил буд ва ҳамчунин, Эронро заиф хоҳад кард. Он шартномаи сулҳ аст ва роҳро барои ҳадафҳои бузургтар, аз ҷумла поён додан ба яке аз низоъҳои тӯлонитарини ҷаҳон ва ҳамвор намудани замина барои нарм кардани робитаҳои Арманистон бо Туркия, ҳампаймонии Боку боз мекунад. Бо вуҷуди ин, Русия метавонад ҳамоно монеа эҷод кунад.
Таърихи низои Боку ва Ереван
Арманистон ва Озарбойҷон беш аз 35 сол аст, ки бо ҳам дар низоъ қарор доранд. Дар охирҳои солҳои 1980, дар вақти фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ҷудоиталабони зери ҳимояи Арманистон минтақаи Қарабоғи кӯҳиро ишғол карданд ва баъдан як минтақаи буферӣ сохтанд. Солҳо ин низоъ “музмин” боқӣ монд. Озарбойҷон, ки бо даромади нафту газ сарватманд шуда буд, артиши қавӣ бо дронҳо ва мушакҳои туркӣ ва исроилӣ сохт.
Соли 2020 минтақаҳои гирду атрофи Қарабоғро бозпас гирифт. Соли 2023 бошад худи Қарабоғро низ пас гирифт ва дар натҷи тақрибан 100 ҳазор арманӣ гуреза шуданд. Русия, ки дар солҳои 1990 аз Арманистон ҳимоят мекард, дар ин ҷанг хомӯш монд. Ба андешаи бисёриҳо Русия барои ҷазо додани Пашинян аз Қарабоғ ҳимоят накард.
Ду мушкили асосӣ
Аз аввали соли 2024 ду ҷониб тадриҷан ба сӯи шартномаи сулҳ ҳаракат карданд. Дар гузашта онҳо аз миёнравоне, ба мисли Туркия, Русия ё гурӯҳи Минск истифода мебурданд, вале ахиран мустақим вориди гуфтугӯ шуда, моҳи март ба сари лоиҳаи шартнома ба созиш расиданд.
Бо вуҷуди ин ҳоло ду монеаи асосӣ боқӣ монд:
Исрори Озарбойҷон, ки Арманистон ҳама ишораҳо ба Қарабоғи кӯҳиро аз Конститутсияи худ ҳазф кунад, ки ниёз ба референдум дорад.
Ҳамчунин, Озарбойҷон талаб дорад, ки аз тариқи Арманистон аз Нахҷавон ва Озарбойҷон роҳ боз шавад.
Соли 2020 дар доираи оташбас Илҳом Алиев ва Никол Пашинян розӣ шуданд, ки роҳеро таҳти назорати Русия боз кунанд, аммо баъдан ҳарду аз ин идея даст кашиданд ва дар хусуси алтернативаи он ба созиш нарасиданд.
Роҳи иҷораии амрикоӣ ва хашми Русия
Дар чунин шароит Доналд Трамп пешниҳоди “қисман ҳал”-ро кард. Арманистон замини роҳи Зангизурро барои 99 сол ба Амрико ба иҷора медиҳад ва Амрико онро идора мекунад. Ин кор ба Амрико ҳузури тӯлонӣ дар амнияти минтақа медиҳад ва ин ҳолат Русияро сахт нороҳат кардааст.
Имтиёзҳои Амрико ба Пашинян ва Алиев
Амрико ҳар ду кишварро ҳавасманд кард: роҳбари ширкати давлатии нафти Озарбойҷон бо Алиев ба Вашингтон рафт, то бо “ExxonMobil” созиш кунад.
Арманистон, ки сарчашмаи табииӣ Озарбойҷонро надорад, дар иваз аз Амрико дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва нимноқилҳо кумак мегирад. Доналд Трамп, ҳамчунин, таҳримҳои соли 1992-ро, ки ҳамкории низомӣ бо Озарбойҷонро манъ мекард, лағв кард ва аз “шарикии стратегӣ” бо ин кишвари муттаҳид бо Исроил хабар дод.
Нақши Туркия
Созиши сулҳ метавонад роҳи нарм кардани ихтилофоти Туркия ва Арманистонро низ боз кунад. Муқаррар буд, ки Туркия робитаҳоро фақат баъди созиши сулҳи Боку ва Ереван барқарор мекунад. Ҳоло ин монеа бартараф шудааст ва эҳтимол дорад Анқара марзи худро бо Арманистон, ки аз соли 1993 баста аст, боз кунад.
Чолишҳо ва хатарҳо
Бо вуҷуди шуру шавқ ва намоиши “услуби Трамп” созиш ҳанӯз имзо нашудааст. Талаби Озарбойҷон барои тағйири Конститутсияи Арманистон амалӣ нашудааст. Дар дохили Арманистон Пашинян ҳамагӣ 13% пуштибонӣ дорад ва миллатгароёни тундрав ӯро ба хиёнат муттаҳам мекунанд. Ин рӯйкард бо Қонуни асосӣ баҳсбарангез аст ва интихоботи соли оянда метавонад ба Русия фурсат диҳад, ки дахолат кунад. Ҳатто моҳи июн ҳукумат эълон кард, ки кӯшиши табаддулоти банақшагирифташударо хунсо кардааст.
Аз ҷониби дигар, худи Озарбойҷон низ метавонад раванди сулҳро вайрон кунад. Алиев борҳо таҳдид кардааст, ки каридорро бо зӯр ишғол мекунад ва шиорҳои “Арманистони Ғарбӣ”-ро таблиғ менамояд, ки ба гуфтаи таҳлилгарон “заҳри марговар” барои сулҳ аст.
Хатари дигар аз сӯи Амрико аст ва эҳтимоли аз даст додани таваҷҷуҳи он. Таърих нишон додааст, ки сулҳ дар Қафқози Ҷанубӣ бештар бо миёнҷигарии қудратҳои хориҷӣ ба даст омадааст. Солҳои 2020 ин нақшаро Русия ва Туркия, солҳои 1990 гурӯҳи Минск ва солҳои 1920 болшевикҳо иҷро кардаанд. Ҳоло Трамп мехоҳад Амрикоро ба охирин миёнҷии сулҳ дар “минтақаи душвор” табдил диҳад, вале идомаи ин нақш аз ихтиёри ӯ берун хоҳад буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Зеленский барои дидор бо Путин омодагӣ нишон дод
Украина ду асири ҷангии Кореяи Шимолиро ба Кореяи Ҷанубӣ интиқол додааст
Созишнома оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Габон имзо шуд
14 низомии Қазоқистон дар обҳои Баҳри Хазар ҷон бохтанд