“Раванди сабз”-и Амруллоҳ Солеҳ қароргоҳи Толибон дар як мактаби Панҷшерро ба оташ кашид
Трамп: “Ҳар лаҳза омодаи ҳамла ба Эрон ҳастам”
Русия ҳамроҳи Оверчук ҳайати беш 70-нафараро ба Кобул фиристод
Политико: Трамп Ҷей Ди Вэнсро аз музокирот бо Эрон канор гузошт
Кишварҳои Осиёи Марказӣ барои сайёҳони ӯзбекистонӣ ҷолибтар боқӣ мемонанд
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 3,5 миллион шаҳрванди Ӯзбекистон бо ҳадафи сайёҳӣ ба хориҷи Ӯзбекистон сафар кардаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 29,7% бештар аст. Бар асоси иттилои Кумитаи миллии омори Ӯзбекистон, ки расонаҳо нашр кардаанд, аксари сайёҳон, мисли солҳои қаблӣ Қирғизистонро интихоб кардаанд.
Дар ин давра беш аз 1,5 миллион нафар аз Ӯзбекистон ба Қирғизистон сафар кардаанд. Дар сегонаи аввал, ҳамчунин, ҳамсоякишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон бо беш аз 664 ҳазор ва Тоҷикистон бо 631 ҳазор сайёҳ ҷой гирифтаанд. Русия бо 230 ҳазор сайёҳи ӯзбекистонӣ дар ҷои чорум қарор дорад. Арабистони Саудӣ бо 145 ҳазор нафар дар ҷойи панҷум аст, ки ин нишондиҳанда асосан ба ҳоҷиёне вобаста аст, ки ба зиёрати Макка ва Мадина рафтаанд.
Ба даҳгонаи аввал ҳамчунин, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Миср, Тайланд ва Ветнам шомил мебошанд.
Бар асоси иттилои идораи омори Ӯзбекистон, дар нимсолаи аввали соли 2025 ба Ӯзбекистон 5, 3 миллион сайёҳи хориҷӣ ворид шуда, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 1,5 баробар зиёд аст. Дар ин ҷо низ шаҳрвандони кишварҳои ҳамсоя – Қирғизистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон пешсаф мебошанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт