25 Сентябр 2026,
ҷумъа, 18:12, Душанбе
02.08.2025 10:56

Сукут дар баробари террор. Чаро ҷаҳон иқдомҳои золимона ва саркӯбгаронаи Толибонро хомӯшона назора мекунад

Ҳузури гурӯҳи террористии Толибон дар майдони сиёсат падидаи нодир дар асри XXI аст. Ин гурӯҳ бо нақзи тамоми қавонини байналмилалӣ, зери по гузоштани маншурҳои созмонҳои ҷаҳонӣ бо рӯйкарди комилан асримиёнагӣ дар Кобул ҳукумат мекунад.

То ба ҳол гурӯҳи террористии Толибон ба ҳич дархости кишварҳои ҷаҳонӣ вокуниши мусбат нишон надода ва дар вокуниш равиши асримиёнагии ҳукуматдориашро маънидод кардааст. Беш аз 4 сол мешавад, ки Толибон дар сари қудратанд ва ҳамеша ба пешниҳодҳои ҷомеаи байналмилалӣ дар мавриди ташкили ҳукумати фарогир ва мубориза бо терроризм посухи манфӣ додааст.

Бар асоси арзёбиҳои ниҳодҳои иттилоотии бархе кишварҳо, гурӯҳи террористии Толибон на фақат ба ҳузури гурӯҳҳои террористӣ монеъ нашудааст, балки заминаро барои фаъол шудан ва баргашти баъзе аз гурӯҳҳои террористӣ аз Сурияву Ироқ муҳайё кардааст.

Чанд рӯз қабл бархе расонаҳо бо истинод ба ниҳодҳои иттилоотӣ хабар доданд, ҷанҷӯёни исломгаро, ки дар Сурия мавқеияташон танг шудааст, ба Афғонистон интиқол дода мешаванд. Бархе расонаҳо аз ҳузури густурдаи шаҳрвандони Осиёи Марказӣ дар Афғонистон гузориш дода, вуҷуди онҳоро таҳдиди бузурги амниятӣ ба минтақа арзёбӣ кардаанд.

Муҳимтарин мушкиле, ки имрӯз домангири Толибон асту симои ҳукуматдории онҳоро барҷаста мекунад, табъизи нажодӣ, саркӯби занон, муҷозоти асримиёнагӣ, парвариши терроризм, нодида гирифтани арзишҳои муосири ҷаҳонӣ, эҷоди қонунҳои сахтгиронаи исломӣ мебошад.

Толибон баъди ба сари қудрат омадан комилан ҳуқуқи занонро нақз карда, онҳоро хонанишин кардаанд. Занон дар Афғонистон аз ҳуқуқи хондан, бозор рафтан, кор кардан маҳруманд. Толибон ҳатто барои баланд хандидани занон муҷозот таъйин кардаанд. Бар асоси қонуни амр ба маъруфи Толибон садои зан аврат буда, баланд хандидани онҳо гуноҳ ҳисобида мешавад. Дар рӯзҳои ахир бошад, Толибон ҳазорҳо занро дар Кобул ва минтақаҳои шимолии Афғонистон боздошт намуда, зиндонӣ кардаанд. Мавҷи боздошти занони афғон хашми ҷомеаи ҷаҳониро барагехтааст. Бархе созмонҳои ҷаҳонӣ бо вокуниши шадид аз гурӯҳи террористии Толибон хостаанд, ки аз ин иқдом худдорӣ намуда, занонро аз зиндон озод кунанд. Гузориши баъзе аз расонаҳои афғонистонӣ нишон медиҳад, ки Толибон дар зиндон занонро сахт шиканҷа мекунанд. Рӯйкарди золимонаи Толибон дар муқобили занон Абдураб Расул Сайёфро водор кард, ки ин амали онҳоро маҳкум кунад. Ӯ дар вокуниш ба саркӯби занон аз Толибон хост, ки аз ин амалкарди хилофи ислом даст бардоранд.

Ҳукумати Толибон бар асоси аксарияти паштун шакл гирифтааст ва онҳо сиёсати саркӯбгаронаро пиёда мекунанд. Онҳо маҳдудиятҳои зиёдеро барои дигар ақвом эҷод кардаанд. Дар сохтори ҳукумати Толибон қавмҳои дигар нақши символӣ доранд. Гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки гурӯҳи террористии Толибон поксозии густурдаеро дар сафи артиш оғоз кардаанд. Онҳо тоҷикон ва ӯзбектаборонро, ки қаблан шона ба шона бо Толибон барои соқит кардани ҳукумати вақт ҷангида буданд, аз сафи артиш ва ҳукумат берун меронанд. Вазифаҳои калидӣ дар сохтори низомии Толибон дар ихтёри аксарияти паштун аст. Фармондеҳони ғайрипаштун дар низоми Толибон дар ҳошия қарор гирифта, бархеи онҳо халъи силоҳ, кушта ё зиндонӣ шудаанд.

Сиёсати саркӯби қавмҳо фақат дар доираи сохтори қудрат маҳдуд намешавад. Толибон дар ҳама самтҳо, сиёсати густариши нуфузи як қавмро пиёда мекунанд. Дар солҳои ахир Толибон сиёсати тағйири таркиби ҷамъият дар минтақаҳои ғайрипаштуннишинро пеш гирифтаанд. Толибон мардуми рустоҳо дар Ғӯр ва бархе минтақаҳои ҳазоранишинро бо зӯр кӯч медиҳанд. Дар як иқдоми бесобиқа Толибон дар Ғӯр аҳолии чанд русторо комилан кӯчонида, ба ҷойи онҳо паштунҳоро маскун карданд. Кӯчи иҷбории мардуми ҳазора аз баъзе минтақаҳои ҳазоранишин хашми фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро барангехтааст.

Тоҷикон, ки аксарияти қавмӣ дар Афғонистонро ташкил медиҳанд, комилан аз саҳнаи сиёсат ронда шудаву фаъолон ва муътаризони сиёсати Толибон дар зиндонҳо ба сар мебаранд. Расонаҳо аз куштори хиёбонии тоҷикон низ гузориш медиҳанд. Тоҷикон аз идорот ва муассисоти давлатӣ аз кор ронда мешаванд ва ҷойи онҳоро паштун ва кӯчиҳо пур мекунанд. Ин сиёсати Толибон аст ва худ ҳич вақт тасдиқ намекунанд, ки қавмгароёна амал мекунанд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ бо судури баёниҳо ба иқдомҳои асримиёнагии гурӯҳи террористии Толибон вокуниш нишон медиҳад. Парадокс ин ҷост, ки  бархе кишварҳо барои мубориза бо терроризм аз домани Толибон гирифта, равобити сиёсӣ ва дипломатӣ барқарор кардаанд. Иддаои онҳо ин аст, ки бо ҳимоят аз Толибон аз густариши ДОИШ пешгирӣ мекунанд. Ин сиёсат пур аз таноқуз аст, зеро Толибон дар гузашта ёру рафиқи гурӯҳҳои террористӣ буданд ва идеология ва бунёди онҳо бо падидаи терроризм сиришта шудааст.

Бунбаст аз ин ҷо оғоз мешавад, ки чаҳон комилан иқдомҳои Толибонро хомӯшона назора мекунад. Чӣ Шарқ, чӣ Ғарб дар баробари Толибон ва сиёсати саркӯбгароёнаи онон иқдом намекунад. Бозии печидае дар мавриди Толибон дар ҳоли иҷро аст. Чин, Русия, Ҳинд ва Эрон равобити амиқеро бо Толибон оғоз кардаанд. Дар муқобил Амрико ва ҳампаймононаш сиёсати сардеро дар қиболи Толибон пеш гирифтаанд. Амрико гоҳу ногоҳ ба Толибон ҳушдор медиҳад, вале агар Толибон пойгоҳи Багромро дар ихтиёри Амрико қарор диҳанд, мутмаинан бо ин гурӯҳ равобит барқарор хоҳанд кард.

Олмон аз миёни кишварҳои ғарбӣ пешқадамона бо Толибон равобити дипломатӣ барқарор кард. Сафорати Афғонистон дар Олмон дар ихтиёри намояндагони Толибон гузошта шуд. Ҷомеаи шаҳрвандии Олмон аз ин иқдоми Олмон интиқод намуда, тазоҳуротҳое баргузор намуданд. Мақомоти Олмон оромона гуфтанд, ки барои ҳалли масоили муҳоҷиратӣ ин иқдомро пеш гирифтаанд.

Ҳамин тариқ, Толибон оҳиставу хомӯш дар пеши чашми ҷаҳони муосир бо қавонини асримиёнагӣ сиёсат мекунанд. Занонро саркӯб мекунанд, мардонро зиндонӣ, мадрасҳои зиёди террористпарварӣ месозанд ва пешниҳод мекунанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ онҳоро ба расмият бишиносад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

25.09.2026 18:08

Зеленский барои дидор бо Путин омодагӣ нишон дод

Кремл аз даъвати Иёлоти Муттаҳида барои ҳузури Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар нишасти ояндаи Гурӯҳи 20 кишвари бузурги иқтисодӣ (G20) истиқбол кардааст. Ҳамзамон, Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, гуфтааст, ки барои мулоқот бо Путин дар ҳошияи ин нишаст омода аст.
25.09.2026 17:51

Украина ду асири ҷангии Кореяи Шимолиро ба Кореяи Ҷанубӣ интиқол додааст

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, гуфтааст, Киев ду низомии Кореяи Шимолиро, ки дар ҷараёни ҷанги Русия ва Украина асир гирифта шуда буданд, ба Кореяи Ҷанубӣ интиқол додааст.
25.09.2026 17:21

Созишнома оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Габон имзо шуд

Дар ҳошияи иҷлосияи 81-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Габон Мари-Эдит Тассила-Йе-Думбененӣ мулоқот намуд.
25.09.2026 15:19

Роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Қатар мулоқот карданд

Имрӯз, 25-уми сентябр дар ҳошияи ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи Парлумонии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар шаҳри Душанбе вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар баргузор гардид.
25.09.2026 12:50

Даргирии шадид миёни неруҳои Толибон ва Покистон дар Қандаҳор

Манобеи маҳаллӣ ба расонаҳои Афғонистон хабар додаанд, ки миёни ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии Толибон ва неруҳои Покистон дар ноҳияи Спин-Булдаки вилояти Қандаҳор, дар минтақаи хатти Девранд, даргирии шадид рух додааст.
25.09.2026 12:04

Як хонаро ба чанд кас фурӯхтааст. Директори «Муҳандис-2014» бо гумони қаллобӣ дастгир шуд

Бинобар иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон директори ҶДММ «Муҳандис-2014» Беҳзод Садуллоев, сокини 27-солаи шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.
25.09.2026 10:58

Масъалаи таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар дидори Рухшона Насриддинзода ва Ли Нинпин матраҳ гардид

24-уми сентябр муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Рухшона Насриддинзода бо муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси намояндагони халқии Вилояти Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Нинпин мулоқот намуд.
25.09.2026 10:56

Беш 100 эътирозгар ба зидди Нетаняҳу дар Ню-Йорк боздошт шуданд

Полиси Ню-Йорк беш аз 100 нафар аз эътирозгаронеро, ки ба суханронии Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид эътироз доштанд, боздошт кардааст.
25.09.2026 10:20

Ройтерз: Амрико ва Эрон дар ҳоли баррасии як роҳи марҳилавӣ барои поёни ҷанг ҳастанд

Музокиракунандагони амрикоӣ ва эронӣ дар Ню-Йорк дар ҳоли баррасии як масири марҳилавӣ барои поён додан ба ҷанг ҳастанд, ки бар асоси он, Эрон тангаи Ҳурмузро бозгушоӣ ва Амрико муҳосираи иқтисодӣ алайҳи Теҳронро лағв мекунад.