Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Тоҷикистон ба Олмон муҳоҷири меҳнатӣ мефиристад
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Олмон дар бораи ҳамкорӣ дар самти омода кардани мутахассисон ва фароҳам намудани шароит барои кори шаҳрвандони тоҷик дар Олмон ба созиш расидаанд.
Дар доираи сафари ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери Солеҳаи Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз 14-ум то 18-уми июли соли 2025 ба Олмон як қатор мулоқотҳо бо намояндагони мақомоти марказӣ ва минтақавии Олмон ба ҳайси сохторҳои таълимӣ ва иқтисодӣ доир гардид.
Музокироти расмӣ бо намояндагони Ландтаги Бавария, Вазорати иқтисод, рушди минтақавӣ ва энергетикаи Бавария, Маркази иқтисодии Бавария ва Ассотсиатсияи соҳибкорони Бавария сурат гирифт. Дар ин мулоқотҳо Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов ва ҳамчунин, вазири корҳои аврупоӣ ва байналмилалии Бавария Эрик Басвенгер ширкат намуданд. Ҷонибҳо дар хусуси омода сохтани шаҳрвандони Тоҷикистон барои таҳсил ва шуғл дар Олмон ба мувофиқа расиданд.
Ҷониби Олмон изҳори омодагӣ намуд, ки барои омӯзиши забони олмонӣ барномаҳои махсус ва курсҳои кӯтоҳмуддат барои омӯзгоронро дар заминаи ГП “Маркази рушди ҳунарҳои мардумӣ ва малакаҳои муосири касбӣ” роҳандозӣ мекунад.
Ҳайати Тоҷикистон бо низоми таҳсилоти касбии Олмон шинос шуда, аз муассисаҳои зерин боздид кард: Маркази давлатии омӯзиши касбӣ ба номи Вернер фон Сименс, Маркази таълимии калонсолони ноҳия Чам, Палатаи ҳунармандии Баварияи поён ва Пфалзи Боло, ҳамчунин, Палатаи савдо ва саноати Регенсбурги Боло. Дар як мизи муддаввар, ки ба низоми дуалии таҳсилоти касбӣ бахшида шуда буд, намояндагони Тоҷикистон таҷриба ва имконоти ҳамкориро баррасӣ карданд.
Дар пойтахти Олмон мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо Лилиан Чан – котиби давлатии Вазорати меҳнат ва умури иҷтимоии Олмон доир гардид. Ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи шуғл, омодасозии кадрҳо ва мубодилаи таҷриба муҳокима карданд.
Ҳамон рӯз дар сафорати Тоҷикистон дар Берлин мулоқот бо Президенти Ландтаги Саксония - Анҳалт Гуннар Шелленбергер ва роҳбарияти ширкати TELC GmbH - ба таври арсмӣ мустаҳкам карда шуд.
Санади мазкур ҳамкорӣ дар самти таҳсилоти касбӣ, омӯзиши забон ва мутобиқ кардани ихтисоси мутахассисони тоҷик ба талаботи бозори меҳнати Аврупоро фаро мегирад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст