27 Сентябр 2026,
якшанбе, 10:51, Душанбе
25.07.2025 14:14

Форуми байналмилалии иқтисодии Осиёи Марказӣ - 2025: Душанбе ҳамчун маркази ҳамкориҳои Авруосиё

Тобистони соли 2025 барои тамоми Авруосиё бо як рӯйдоди беназир – экспедитсияи байналмилалии “Сафар ба қалби Авруосиё” хотирмон гардид, ки даҳҳо шаҳрҳо, кишварҳо ва садҳо иштирокчиён - намояндагони соҳаи илм, тиҷорат, фарҳанг ва васоити ахбори оммаро ба ҳам овард. Нуқтаи ниҳоии он Форуми байналмилалии иқтисодии Осиёи Марказӣ  гардид, ки санаи 22-уми июл дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Маҳз дар ҳамин ҷо, дар пойтахти Тоҷикистон, намояндагони кишварҳои ИДМ, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва СҲШ барои баррасии уфуқҳои (дурнамоҳои) нави ҳамкорӣ дар шароити дигаргуншавии ҷаҳонӣ ҷамъ омаданд.

Сафар ба қалби АвруОсиё

22-уми июли соли 2025 дар Душанбе Форуми байналмилалии иқтисодии Осиёи Марказӣ - чорабинии асосӣ дар доираи экспедитсияи байналмилалии «Сафар ба қалби АвруОсиё» баргузор гардид. Форум ҳам нуқтаи ниҳоӣ ва ҳам ибтидоии марҳилаи нави ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ гардид. Экспедитсияи «Саёҳат ба дили АвруОсиё» санаи 6 июн дар Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқ дар шаҳри Москав  оғоз ёфт. Иштирокчиён масири дароизаш зиёда аз 10 ҳазор километрро тай намуда, аз 30 шаҳр ва 5 кишвар - Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон гузаштанд. Дар тӯли 50 рӯз як гурӯҳи олимон, соҳибкорон, фарҳангчиён, рӯзноманигорон ва блогерон дар зиёда аз 50 чорабинӣ - аз мубоҳисаҳои илмӣ то мулоқотҳои корӣ, аз намоишҳои фарҳангӣ то дарсҳои маҳорати таълимӣ иштирок намуданд. Ин лоиҳа бо ташаббуси Шӯрои тиҷоратии Русияву Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Дар нахустин Форуми байналмилалии иқтисодии Осиёи Марказӣ беш аз 500 иштирокчиён, аз ҷумла намояндагони мақомотҳои давлатӣ, соҳаи тиҷорат, илм ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гирд омаданд. Дар байни онҳо зиёда аз 70 нафар иштирокчиёни худи экспедитсия - соҳибкорони ҷавон, тадқиқотчиён ва пешвоёни афкор низ  буданд.

Намоянда оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои узви БРИКС Екатерина Шмалко қайд кард: «Форуми байналмилалии иқтисодии Осиёи Марказӣ  нақши худро ҳамчун платформаи калидӣ барои рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва таҳкими робитаҳои иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва шарикони онҳо тасдиқ намуд. Дар шароити дигаргуншавии меъмории ҷаҳонии тиҷорат ва сармоягузорӣ, чунин муколамаҳо барои коркарди қарорҳои муштарак, ки ба рушди устувор ва баланд бардоштани рақобатпазирии тамоми минтақа равона карда шудаанд, махсусан муҳиманд. Барои Русия ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти стратегӣ дорад. Мо иқтидори бузургеро дар амиқгардонии ҳамгироӣ, бахусус дар соҳаҳои логистикаи нақлиётӣ, энергетика, рақамикунонӣ ва фарҳанг дида истодаем.

Форум як имконияти хубе барои ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои нав дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, СҲШ ва БРИКС фароҳам овард, ки ба манфиатҳои умумии кишварҳои мо мувофиқат мекунад. Боварӣ дорам, ки тавофуқҳои дар рафти форум ҳосилшуда дар татбиқи ин ҳадафҳои бузург саҳми арзанда хоҳанд гузошт".

 Дар Форум масъалаҳои энергетика, рушди соҳибкории занон, рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, бунёди паркҳои саноатӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ, инчунин пешбурди сайёҳӣ ва саноатҳои эҷодӣ баррасӣ карда шуданд. Таваҷҷӯҳи махсус ба таҳкими нақши забони русӣ ҳамчун абзори муоширати байнифарҳангӣ ва эътимод зоҳир карда шуд. Форум 9 ҷаласаи мавзӯиро дар бар гирифта, бо имзои як қатор созишномаҳо ва меморандумҳо дар соҳаи тиҷорат, сармоягузорӣ, хӯрока, шарикии байниминтақавӣ ва рушди МОИ анҷом ёфт.

Президенти Русия Владимир Путин экспедитсияро ҳамчун намунаи равшани дипломатияи халқӣ тавсиф дод, ва махсусан дар соли таҷлили 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ - рӯйдоди бузурге, ки халқҳои минтақаро бо хотираи ягонаи таърихӣ муттаҳид мекунад, рамзӣ  номид.

Ҳамгироии авруосиёӣ

Дар рӯзномаи форум ба масъалаҳои ҳамгироии авруосиёӣ ва тавсеаи ҳамкориҳо дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, СҲШ, ИДМ ва дигар сохторҳои байналмилалӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шуд. Ба андешаи иштирокчиён, Осиёи Марказӣ имрӯз ба як нуқтаи муҳими пайвандкунандаи манфиатҳои Шарқу Ғарб табдил ёфта истодааст ва маҳз дар ҳамин ҷо шаклҳои нави шарикӣ, ки ба баланд бардоштани устуворӣ, коҳиш додани хатарҳо, инчунин ҳамоҳангсозии меъёрҳои муҳит ва мувофиқкунонии стратегияҳои иқтисодӣ нигаронида шудаанд, санҷида мешаванд. Нақши минтақа дар бунёди меъмории нав барои рушди устувор торафт меафзояд.

Тоҷикистон   пайваста ба  ҷонибдории амиқгардонии равандҳои ҳамгироӣ дар доираи ИДМ баромад карда, инро ҳамчун муҳимтарин абзори таъмини истиқлолияти иқтисодӣ, устуворӣ ва амнияти худ арзёбӣ мекунад. Дар шароити афзудани нооромиҳою бетартибиҳо дар робитаҳои байналмилалӣ, чолишҳои ҷаҳонӣ ва ташкили «ҷангҳои гибридӣ» аз ҷониби Ғарби дастаҷамъона, аз ҷумла кӯшиши ноором кардани минтақаҳои бо Афғонистон ҳаммарз, маҳз ҳамкории ҳамаҷониба дар доираи ИДМ барои ҷумҳурӣ аҳамияти стратегӣ пайдо мекунад.

Михаил Черепанов, муовини президенти Конгресси байналмиллалии саноатчиён ва соҳибкорон, таъкид кард: "Ҳамкориро танҳо тавассути боварӣ (эътимод) мустаҳкам кардан мумкин аст. Боварии он одамоне, ки омодаанд, софдилона фаъолияти соҳибкории худро пеш баранд ва онҳо бояд ба ҳамдигар боварӣ дошта бошанд. Аз ин лиҳоз, чунин чорабиниҳо, ба монанди чорабинии имрӯза, як ишораи муҳим ба он аст, ки мо бо роҳи дуруст рафта истодаем, ва ин ба таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва содиротӣ мусоидат мекунад".

Соли ҷорӣ Тоҷикистон дар давраи раисии худ дар ИДМ масоили ҳамкориҳои иқтисодӣ ва амалигардонии лоиҳаҳои муштаракро ҳамчун вазифаи (самти) авлавиятноки рӯзномаи худ муайян кардааст. Махсусан ба ҳамкории саноатӣ, устувории экологӣ, инчунин ташаккули фазои ягонаи рушд барои таъмини самаранокии дарозмуддат таваҷҷӯҳ карда мешавад. Дар ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ, ки дар Душанбе баргузор гардид, Тоҷикистон бо ташаббуси омӯхтани механизмҳои шарикии саноатии замони Иттиҳоди Шӯравӣ баромад кард. Бо назардошти муттасилии таърихӣ пешниҳод карда шуд, ки ҳамкориҳо, чӣ дар заминаи корхонаҳои амалкунанда ва чӣ тавассути ташкили шаклҳои нави фаъолияти муштарак, барқарор ва густариш дода шаванд.

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода дар навбати худ қайд кард, ки Осиёи Марказӣ имрӯз дар марҳилаи муттаҳидшавии дохилӣ қарор дорад, ки бо муколамаи созандаи байнидавлатӣ ҳамроҳ аст. "Мо ҳамоҳангсозии сиёсати иқтисодӣ, рушди тиҷорат ва ташаббусҳои сармоягузориро мушоҳида карда истодаем. Ҳамаи ин натиҷаи рафтори минтақавии бар пояи ҳамсоягӣ ва эҳтироми ҳамдигар  асосёфта мебошад. Дар ҳамин ҳол, шаклҳои анъанавии ҳамкорӣ торафт бештар бо маҳдудиятҳои бюрократӣ, сиёсикунии равандҳо ва ҳассосияти нокифоя ба талаботҳои мушаххаси минтақавӣ рӯбарӯ мешаванд. Имрӯз мо шоҳиди дигаргуниҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳастем: мамлакатҳои Осиёи Шарқӣ, Африқо ва халиҷи Форс иттиҳодияҳои функсионалие  ташаккул медиҳанд, ки на бар пояи идеология, балки бар пояи манфиатҳои муштарак асос ёфтаанд.

Барои Осиёи Марказӣ на нусхабардории амсилаҳои беруна, балки таҳияи механизмҳои шахсии фаъоли (қобили ҳаёти) ҳамкориҳо, ки хусусияти ҷуғрофӣ ва иҷтимоии давлатҳои моро инъикос мекунанд, муҳим аст. Сухан на дар бораи таъсиси сохторҳои нав, балки дар бораи коркарди абзорҳои воқеан амалкунанда меравад. Аз ҷумла, сухан дар бораи чунин самтҳои ҳамкорӣ, ба монанди рушди платформаҳои муштараки рақамӣ барои соҳаҳои саноат, санитария, энергетика, тавсеаи дастрасии мутақобила ба бозорҳои дохилӣ ва имкониятҳои сармоягузорӣ меравад. Аз ин мавқеъ Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ба ҷонибдории иштироки фаъол дар ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва механизмҳои ҷаҳонии иқлимӣ баромад мекунад.

Сарфи назар аз иқтисодиёти гузаранда ва дастрасии маҳдуд ба технологияю сармояҳо, Осиёи Марказӣ метавонад дар вокуниши масъулиятнок ва устувор ба чолишҳои ҷаҳонӣ намуна бошад. Мо на танҳо ҳамгиро шуда метавонем, балки барномаҳои худро низ таҳия карда, иштирокчии комилҳуқуқи муколамаи ҷаҳонӣ шуда метавонем. Масъалаи устуворӣ, эътимод ва ҳамкорӣ барои ояндаи минтақаи мо авлавиятнок мегардад, аз ин рӯ, Тоҷикистон омода аст дар ин равандҳо саҳмгузор бошад».

Муовини дабири кулли ИДМ, муовини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Илҳом Неъматов андешаи умумиро мухтасар баён кард: "Сирри муваффақияти Осиёи Марказӣ дар он аст, ки минтақа роҳи муттаҳидшавиро интихоб кардааст, на парокандагӣ. Ин як арзиши бузург ва ишораи сареъ барои тамоми ҷаҳониён аст".

Дар ҳақиқат, сатҳи эътимод ва нишондиҳандаҳои иқтисодӣ сол то сол боло мераванд. Абдураҳмон Абдураҳмонзода, муъовини раиси шаҳри Душанбе чанд рақамро мисол овард. Ӯ қайд намуд, ки тайи 8 соли охир Душанбе дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳамгироии минтақавӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил шудааст. Аз чумла, ҳаҷми муомилоти мол бо Федератсияи Русия 26%, бо Қазоқистон 42%, бо Қирғизистон 15%, бо Ӯзбекистон кариб ду баробар афзудааст. Ӯ инчунин таъкид кард, ки шаҳри Душанбе дар густариши равобити башардӯстона ва фарҳангӣ дар миқёси Осиёи Марказӣ фаъолона иштирок карда, ҳамчунин узви шаш созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад. Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон ба таҳкими минбаъдаи равобити дӯстона ва шарикӣ бо кишварҳои минтақа манфиатдор аст.

Тоҷикистон, новобаста аз он, ки узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нест, бо кишварҳои узви Иттиҳод робитаҳои иқтисодиро фаъолона пеш мебарад, аз ҷумла дар масоили рушди технологияҳои нав. Директори департаменти сиёсати саноатии Комиссияи иқтисодии Авруосиё Николай Кушнарев мегӯяд: "Имрӯз такмилдиҳии хидматрасонии рақамӣ барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ, махсусан барои соҳибкории хурду миёна муҳим буда, яке аз воситаҳои асосии дастгирӣ дар шароити муосир ба ҳисоб меравад. Амалисозии самтҳои афзалиятнок аз ҳисоби коркарди платформаҳои технологӣ таъмин карда мешавад, ки барои иштироки на танҳо кишварҳои узви Иттиҳод, балки намояндагони кишварҳои сеюм низ дастрас мебошанд. Чунин рафтор имкон медиҳад, ки занҷирҳои муштараки арзиши иловашударо таъсис дода, вобастагиро кам карда, ба густариши ҳамкориҳо мусоидат мекунад.  Осиёи Марказӣ – ин пулест байни Аврупо ва Осиё, аз ин рӯ, иштироки Комиссияи иқтисодии Авруосиё ва кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон барои ҳамкориҳои васеъмиқёс дурнамоҳои нав боз мекунад».

Форум майлу хоҳиши кишварҳои Осиёи Марказӣ ва шариконро барои таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, таъмини соҳибихтиёрии технологӣ, устуворӣ ва ҳамгироӣ тасдиқ кард. Таваҷҷӯҳ ба энергетика, экология, инноватсия, робитаҳои башардӯстона ва саноат барои амалигардонии ташаббусҳои муштарак, ки метавонанд меъмории ҳамкориҳои Авруосиёро тағйир диҳанд, замина фароҳам овард. Душанбе худро на танҳо ҳамчун шаҳри меҳмоннавоз, балки ҳамчун як майдони бузург барои бунёди оянда, ки дар он фарҳанг, иқтисодиёт ва технология ба ҳам пайвастаанд, нишон дод.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.