Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Мақомоти тоҷик беш аз 100 ҳазор кило маҳсулоти бесифатро нобуд карданд
Масъулони Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон мегӯянд, ки дар нимсолаи аввали соли 2025 дар бозорҳои Тоҷикистон 550 ҳазору 268 ташхиси маҳсулоти озуқаворӣ аз тарафи мутахассисони озмоишгоҳҳо анҷом ёфта, дар натиҷа 107 ҳазору 851 килограмм маҳсулоти бесифат ва хавфнок ошкор ва нобуд карда шуд.
Муҳаммадсаид Файзулозода, раиси кумитаи зиркшуда рӯзи 22-уми июл дар ҷараёни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе дар ин бора хабар дода, афзуд, ки маҳсулоти ошкоршуда аз ҷиҳати сифат, муҳлати нигоҳдорӣ ва таркиби кимиёӣ ба талаботи санитариву бойторӣ посухгӯ набуд ва ба саломатии истеъмолкунандагон хатари ҷиддӣ дошт. Муҳаммадсаид Файзулозода таъкид намуд, ки фурӯши чунин маҳсулот қонунан манъ буда, чораҳои фаврӣ барои безараргардонӣ ва нобудсозии он рӯи даст гирифта шудааст.
Тибқи иттилоъ чунин маҳсулотҳо нобуд карда шуд:
26,1 ҳазор кг маҳсулоти гӯштӣ, 5,8 ҳазор кг (литр) маҳсулоти ширӣ, 14114 дона тухми паранда, 49788,5 кг мева ва сабзавот, 4154 кг меваи хушк, 2752 кг маҳсулоти полезӣ, 3675 кг маҳсулоти намакин, 419 кг моҳӣ, 339 кг асал ва 634,2 литр равғани растанӣ.
Ин маҳсулот ғайристандартӣ буда, бо дастури мутахассисон сӯзонда ва дафн карда шудаанд.
Ҳамзамон, дар гузориши кумита зикр шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар кишвар 2 ҳолати барангезандаи бемории сӯхтанӣ, 1 ҳолати сиёҳрон ва 20 ҳолати барангезандаи ҳорӣ ба қайд гирфта шуд. Ба гуфтаи масъулон, ҳамаи нуқтаҳои хатарнок зери назорати доимӣ қарор доранд ва чораҳои пешгирӣ, аз ҷумла эмгузаронии маҷбурӣ, безараргардонӣ ва маҳдудкуниҳои байторӣ сари вақт амалӣ карда шудаанд.
Муҳаммадсаид Файзулозода иттилоъ дод, ки дар ин давра 21 ҳазору 330 сар чорвои калони шохдор ба санҷиши бемориии сил ҷалб шудааст, аммо ҳич мавриди мусбати он ба қайд гирифта нашудааст. Ба гуфтаи ӯ, вазъи умумии эпизоотии кишвар нисбат ба бемориҳои буғумдард ва сил дар муқоиса бо солҳои гузашта муътадил арзёбӣ мегардад.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки дар нимсолаи гузашта 6071 аттестати байторию санитарии шароити истеҳсолӣ ба анборхонаҳо, сардхонаҳо, сехҳои коркард, дӯконҳои гӯштфурӯшӣ ва нуқтаҳои забҳи чорво дода шудааст.
Раиси Кумита афзуд, ки мақсади ниҳод таъмини бехатарии аҳолӣ аз хатари маҳсулоти ғизоии пастсифат ва риояи қатъии меъёрҳои байналмилалии саломатӣ ва бехатарии озуқаворӣ аст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст