“Раванди сабз”-и Амруллоҳ Солеҳ қароргоҳи Толибон дар як мактаби Панҷшерро ба оташ кашид
Трамп: “Ҳар лаҳза омодаи ҳамла ба Эрон ҳастам”
Русия ҳамроҳи Оверчук ҳайати беш 70-нафараро ба Кобул фиристод
Политико: Трамп Ҷей Ди Вэнсро аз музокирот бо Эрон канор гузошт
Дар Душанбе Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ “диалоги зиддитеррористӣ” доир кард
Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 11-уми июл дар шаҳри Душанбе аввалин муколамаи худ оид ба мубориза бо терроризмро доир намуданд. Дар ин бора намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
“Ҷониби Иттиҳоди Аврупо бо намояндагони Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон мулоқот намуд, то масъалаҳои васеи мубориза бо терроризм, аз ҷумла арзёбии таҳдиди террористиро мавриди баррасӣ қарор диҳад” – зикр шудааст дар изҳорот.
Дар ҷараёни нишаст самтҳои ҳамкории мушаххас низ муҳокима шуданд, аз ҷумла мубориза бо радикалшавӣ, таъқиби ҳуқуқӣ, барқарорсозӣ ва бозинтегратсияи шахсони бозгашта, ҳамчунин, чораандешӣ бар зидди таблиғоти ифротгароӣ дар интернет.
Илова бар ин, ҷонибҳо масъалаи ҳамкорӣ бо кишварҳои севум, аз ҷумла дар доираи форумҳои бисёрҷонибаро баррасӣ карданд.
“Иттиҳоди Аврупо зарурати мутобиқ кардани табдирҳои зиддитеррористӣ ба принсипҳои волоияти қонун ва риояи ҳуқуқи инсонро таъкид намуд. Иттиҳоди Аврупо муҳокимаи мазмуннок ва созандаро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ истиқбол мекунад. Диалоги навбатӣ дар шаҳри Брюссел доир мегардад”- таъкид кардааст Иттиҳоди Аврупо.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт