Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Рейди густурда бар зидди муҳоҷирони ғайриқонунӣ. 215 нафар боздошт шуданд
Мақомоти полиси Ҷумҳурии мардумии Донетск дар ҳамкорӣ бо Раёсати хадамоти амнияти федералӣ дар як қатор ширкатҳои сохтмонии шаҳри Мариупол санҷиш гузарониданд. Мақсади санҷиши мазкур ошкор ва пешгирӣ аз қонуншиканиҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ арзёбӣ мешавад. Дар ин бора хадамоти матбуоти ВКД-и Федератсияи Русия хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи рейдҳои густурда 215 шаҳрванди хориҷӣ дар ҳудуди минтақа мушаххас шуданд. Дар айни ҳол, нисбат ба 4 ҳолати сохтани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ бар асоси моддаи 327-и Кодекси ҷиноии Русия парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, 39 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо сабаби нақзи қоидаҳои воридшавӣ ва будубош дар қаламрави Русия тартиб дода шудааст.
“Полис ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, аз ҷумла қисмҳои кандашудаи огоҳиномаи бақайдгирии муҳоҷир ва муҳрҳои сохтаи убури марзро мусодира намуд” - зикр шудааст дар хабар.
Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия гуфтааст, ки ин рейд ба хотири пешгирӣ аз ҷинояткорӣ ва назорати ҳуқуқи муҳоҷирон роҳандозӣ шудааст.
Қабл аз ин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Санкт-Петербург низ як санҷиши калонмиқёс ба роҳ монда буданд, ки наздики 5 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ мавриди санҷиш қарор гирифтанд. Бар асоси иттилои полис беш аз 200 нафар ба боздоштгоҳҳои полис интиқол дода шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст