22 Октябр 2026,
панҷшанбе, 06:23, Душанбе
23.05.2025 13:35

Сарвазири Британия Бенямин Нетаняҳуро ба таҳримҳои шадид таҳдид кард

Кир Стармер, сарвазири Британияи Кабир дар як изҳороти бесобиқа буҳрони шадиди башарӣ дар Навори Ғаззаро “ғайриқобили таҳаммул” хонда, ба сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ҳушдор дод, ки аз фикри ишғоли комили ин минтақа даст бардорад.

Шаби гузашта, 19 – уми май Кир Стармер, сарвазири Британия, Эммануил Макрон, президенти Фаронса ва Марка Карни, сарвазири Канада дар як изҳороти муштарак амалиёти низомии Исроил дар минтақаи Ғаззаро маҳкум намуда, ҳушдор доданд, ки агар ин амалиёт ва ишғоли минтақа боз дошта нашавад, чораҳои дигар хоҳанд дид. Онҳо Исроилро таҳдид карданд, ки аз ҷорӣ кардани чораҳои иловагӣ, аз ҷумла “таҳримҳои мақсаднок”  худдорӣ намекунанд.

“Мо қабул намекунем, ки ҳукумати Нетаняҳу чунин иқдомҳои ғайриқобили қабулро идома диҳад. Агар Исроил амалиёти низомии навро қатъ накунад, маҳдудиятҳои ирсоли кумакҳои башардӯстонаро лағв накунад, чораҳои иловагӣ меандешем. Исроил бояд шаҳраксозӣ барои яҳудиёнро, ки ғайриқонунӣ буда, амнияти исроилиҳо ва фаластиниҳоро зери хатар мегузорад, фавран қатъ кунад” – таъкид намуданд роҳбарони Британия, Фаронса ва Канада.

Кир Стармер иҷозаи Исроил дар хусуси ворид шудани як қисми ками кумакҳои ғизоӣ ба Навори Ғаззаро “нокофӣ” хонда, афзуд, ки буҳрони башарӣ дар ин минтақа “ғайриқобили таҳаммул” аст.

Дар изҳороти муштарак роҳбарони Британия, Фаронса ва Канада ҳамчунин, афзуданд: “Монеа эҷод кардани ҳукумати Исроил дар роҳи ироаи кумакҳои башардӯстонаи зарурӣ ба ғайринизомиён ғайриқобили қабул буда, хатари нақзи ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалиро дар пай дорад”.

Вазорати хориҷаи Британияи Кабир дар пайи шиддат гирифтани ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба Навори Ғазза эълон кард, ки дар моҳҳои оянда Британия ва Фаронса кишвари Фаластинро ба расмият хоҳанд шинохт.

Талошҳои кишварҳои ҳомии оташбас барои барқарор кардани сулҳ дар Фаластин бе натиҷа анҷом меёбад. Гурӯҳи Ҳамос, ки гаравгонҳои Исроилро дар ихтиёр дорад, иддао мекунад, ки Исроил барои ҷанг омода нест ва замонат намедиҳад. Дар айни ҳол, Исроил бо пешниҳоди қотеъ талаб дорад, ки Ҳамос силоҳашро ба замин гузошта, минтақаи Ғаззаро комилан тарк кунад. Ҳамос ин пешниҳоди Исроилро рад карда, афзудааст, ки ҳеч вақт силоҳашро ба замин нахоҳад гузошт.

Исроил ба баҳонаи фишор ба гурӯҳи Ҳамос чораҳои шадидро дар робита ба ворид шудани кумакҳои башардӯстона ба Ғазза амалӣ кардааст, ки он боиси норасоии шадиди ғизо дар ин минтақа шудааст. Созмонҳои кумакрасони байналмилалӣ мегӯянд, ки  нарасидани кумакҳои башардӯстона Навори Ғаззаро ба буҳрони норасоии ғизо, об ва дигар маводҳои аввалияи зиндагӣ дучор кардааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

21.10.2026 17:36

26 сухани афкорсози устод Иброҳим Исмонов дар бораи зиндагӣ, сулҳ, журналистика ва сиёсат

Профессор, устоди журналистони тоҷик, донишманди варзида ва ходими сиёсӣ Иброҳим Усмонов яке аз чеҳраҳои ҳамеша дастрас, фаъол ва мусоҳибадиҳанда барои расонаҳои кишвар ҳастанд. Дар тӯли ду даҳсола дар расонаҳо аз Иброҳим Усмонов мусоҳиба ва суҳбатҳое нашр шудаанд, ки бозгӯкунандаи вазъияти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон мебошанд. Дар бархе аз ин мусоҳибаҳо устод Иброҳим Усмонов суханҳои афкорсоз гуфтаанд. Бо истифода аз мусоҳибаҳои дар солҳои мухталиф анҷомдодаи Иброҳим Усмонов 26 сухани афкорсозро дар ин ҷо гулчин кардаем, ки метавонед мутолиа кунед:
21.10.2026 17:29

Путин мегӯяд Русия барои ҳалли низоъ омода аст ба Эрон кумак кунад

Президенти Федератсияи Русия имрӯз бо Стив Уиткофф, намояндаи хоси Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар умури Ховари Миёна дар шаҳри Маскав мулоқот намуда, масъалаи ҳаллу фасли буҳрони Эрон ва ҷанги Украинаро мавриди баррасӣ қарор додааст.
21.10.2026 17:11

Ҷабҳаи озодӣ: Мо се Толибро дар вилояти Парвони Афғонистон куштем

Ҷабҳаи озодии Афғонистон хабар дод, ки шоми сешанбе ба як посгоҳи Толибон дар вилояти Парвони Афғонистон ҳамла кардаанд. Дар натиҷаи ин ҳамла се узви гурӯҳи террористии Толибон кушта ва ду нафари дигар захмӣ шудаанд.
21.10.2026 17:05

Тарғиби фарҳанги китобхонӣ. XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22–юм то 24-уми октябр дар Осорхонаи миллӣ XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.
21.10.2026 15:01

Дипломати аршади тоҷик дар Бағдод рушди ҳамкориҳои сиёсиву тиҷоратӣ ва фарҳангиро баррасӣ кард

Идибек Қаландар, муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 18-уми октябр ва Муҳаммад Баҳр ал-Улум, муовини Вазири корҳои хориҷии Ироқ, дар шаҳри Бағдод мулоқот намуда, масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
21.10.2026 10:46

Аз мубориза бо терроризм то зеҳни сунъӣ: Тоҷикистон авлавиятҳои худро дар СҲШ эълон кард

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарони ҳайтаҳои узви кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай даъват намуданд, ки ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисод, амният ва технологияҳои навро густариш диҳанд. Дар мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои узв дар шаҳри Душанбе ҳамчунин, масъалаҳои ҳалли осоиштаи низоъ, ҳифзи пиряхҳо, дастгирии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
21.10.2026 10:28

Беш аз 10,3 миллион сайёҳ ба Ӯзбекистон рафтаанд: Тоҷикистон дар сафи пеш

Тоҷикистон дар қатори Қазоқистон ва Қирғизистон дар ҷумлаи кишварҳое қарор гирифтааст, ки дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ аз қаламрави он, бештари сайёҳон ба Ӯзбекистон сафар кардаанд.
21.10.2026 10:20

Шавкат Мирзиёев хостори суръат бахшидан ба ҷорӣ кардани кортҳои ID дар марзи Тоҷикистон шуд

Ӯзбекистон мехоҳад раванди ҷорӣ кардани убури марз бо Тоҷикистон ба воситаи кортҳои ID-ро осонтар намуда, талош кунад, ки ин раванд ҳар чӣ зудтар анҷом дода шавад.
21.10.2026 10:14

Аббос Ироқчӣ: “Эрон таслим намешавад, музокирот бо ИМА идома дорад ва боз шудани тангаи Ҳурмуз ба созиш вобаста аст

Аббос Ирқочӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон мегӯяд, ки музокирот бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба воситаи миёнравҳо, аз ҷумла Покистон ва Қатар идома дорад. Ба гуфтаи ӯ, Эрон барои ҳалли дипломатии ихтилофҳо омода аст, вале то замони иҷрои уҳдадориҳои қаблӣ аз сӯйи ИМА, боз шудани комили тангаи Ҳурмуз имконпазир нахоҳад буд. Ӯ гуфтааст, ки Эрон ҳеч вақт таслим намешавад.