


Эрон дар мавҷи нави ҳамлаҳои мушакӣ маркази артиши Исроилро маҳв кард

Латифи Пидром дар вокуниш ба ҳамлаи Исроил. “Амрико аз Эрон ва тамаддуни эронӣ тарс ва нафрат дорад”

Дар Фаронса боз як кӯчаи дигарро ба номи Аҳмадшоҳ Масъуд номгузорӣ карданд

Кореяи Шимолӣ ба Амрико дар бораи шуълавар кардани ҷанг ҳушдор дод
Трамп: “Муҳаммад ибни Салмон марди бузург ва беназир барои ояндаи минтақа ва Риёз аст”
Президенти Амрико Доналд Трамп дар доираи ҳамоиши сармоягузории муштараки Амрико ва Арабистони Саудӣ дар Риёз гуфт, ки барои ҳифзи Амрико ва манфиати кишварҳои дӯсти он, аз ҷумла Арабистони Саудӣ аз истифодаи неруи низомӣ лаҳзае таъхир нахоҳад кард.
Доналд Трамп дар доираи нахустин сафари хориҷиаш ба Арабистони Саудӣ, ки қабл аз сафар онро “таърихӣ” хонда буд, афзуд Вашингтон муносибатҳои худро бо Риёз “қавитар” хоҳад кард: “Ояндаи Ховари Миёна аз Арабистони Саудӣ оғоз мешавад”.
Доналд Трамп дар идомаи суханрониаш гуфт: “Шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон як марди бузурги беназир аст. Ӯ беҳтарин намояндаи миллати худ аст, сахт меҳнат мекунад ва ман гумон намекунам, ки шабҳо бихобад. Ҳамчунин, ман ҳеч гоҳ меҳмоннавозии истистноии подшоҳ Салмонро, ки ҳашт сол қабл маро бо меҳрубонӣ пешвоз гирифт, фаромӯш нахоҳам кард”.
Доналд Трамп бо таъкид ба ин ки сафараш ба Риёз “сафари таърихӣ” аст, гуфт Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо нигоҳ доштани суннатҳо ва расму оинҳои худ ба сӯйи оянда менигарад. Ӯ афзуд, ки “он чи имрӯз дар минтақа рӯй медиҳад, як муъҷизаи муосир бо услуби арабист”.
Доналд Трамп дар ҳамоиши сармоягузории Амрико ва Арабистони Саудӣ таъкид кард, ки даромади бахшҳои ғайринафтии Арабистони Саудӣ аз бахши нафту газ дар маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар бештар шудааст.
Президенти Амрико дар идомаи суханони худ таъкид кард, ки дар ҳолатҳои зарурӣ барои ҳимояи Амрико ва манфиатҳои кишварҳои дӯстони он, аз ҷумла Арабистони Саудӣ лаҳзае барои истифодаи неруи низомӣ таъхир нахоҳад кард.
Доналд Трам афзуд: “Ҳар коре, ки ҳоло мекунам, ба хотири шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон аст ва ҳамзамон аз нақши созандаи Риёз дар осон кардани музокирот дар бораи ҷанг дар Украина сипосгузорӣ мекунам”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳимояти журналисти турк аз журналистони эронӣ дар ҳузури Путин. “Оё аз Эрон ҳимоят мекунед?”
Эрон дар мавҷи нави ҳамлаҳои мушакӣ маркази артиши Исроилро маҳв кард
Латифи Пидром дар вокуниш ба ҳамлаи Исроил. “Амрико аз Эрон ва тамаддуни эронӣ тарс ва нафрат дорад”
Дар Фаронса боз як кӯчаи дигарро ба номи Аҳмадшоҳ Масъуд номгузорӣ карданд
