


Толибон 7 нафарро барои фурӯши шароб шаллоқ зада ва зиндонӣ карданд

Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Амрико бояд бидонад, миллати Эрон таслим намешавад”

Исроил тасдиқ кард, як ҳавопаймои бесарнишинаш аз сӯи Эрон сарнагун шудааст

Русия ҳушдор дод. Кумаки Амрико ба Исроил боиси нооромии бештар мешавад
14.05.2025 14:14
Трамп ҳамаи таҳримҳои “ваҳшиёна ва фалаҷкунанда” бар зидди Сурияро бекор мекунад
Доналд Трамп дар ҳамоиши сармоягузории Амрико ва Арабистони Саудӣ дар шаҳри Риёз эълон кард, ки ҳамаи таҳримҳои “ваҳшиёна ва фалаҷкунанда” бар зидди ҳукумати Сурияро бекор мекунад. Ин иқдоми муҳим метавонад мунсобатҳои Ховари Миёнаро вориди марҳилаи нав кунад.
Доналд Трамп дар суханрониаш бо ишора ба гуфтугӯҳояш бо Муҳаммад ибни Салмон ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт: “Ман дастури бекор кардани таҳримҳо бар зидди Сурияро медиҳам, то ба онҳо фурсати бузург диҳам. Акнун замони дурахшиши онҳо фаро расидааст”.
Президент Доналд Трамп хабар дод, ки бо раиси ҳукумати нави Сурия Аҳмад аш-Шаръ дар Риёз мулоқот хоҳад кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
19.06.2025 12:07
"Камбэк". Пирӯзии мунтахаби олимпии Тоҷикистон бар Ҳиндустон
Дирӯз, 18-уми июн дар Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол бо тими олимпии Ҳиндустон бозии дӯстона гузарониданд.
19.06.2025 10:36
Кореяи Шимолӣ ба Амрико дар бораи шуълавар кардани ҷанг ҳушдор дод
Вазорати корҳои хориҷии Кореяи Шимолӣ бо нашри як изҳорот ҳамлаи Исроил ба Эронро маҳкум карда, ба Амрико ва кишварҳои аврупоӣ оид ба шуълавар кардани ҷанг дар Ховари Миёна ҳушдор дод.
19.06.2025 10:31
Толибон 7 нафарро барои фурӯши шароб шаллоқ зада ва зиндонӣ карданд
Гурӯҳи террористии Толибон аз муҷозоти 7 нафар бо ҷурмҳои мухталиф хабар додааст. Ин гурӯҳ навишт, 7 нафарро дар Кобул ба ҷурми содир кардани ҷинояти “фурӯш шароб” ва “маводи мухаддир” боздошт намуда, аз 7 моҳ то 2 сол зиндонӣ кардаанд.
19.06.2025 10:18
Сафири Тоҷикистон хоҳони баргузории брифинги сайёҳии вижа дар Абу-Дабӣ шуд
Ашрафҷон Гулов, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аморати Муттаҳидаи Арабӣ рӯзи 16-уми июн бо Муҳаммад Солеҳ ал-Ҷазирӣ, Директори генералии Мақомоти фарҳанг ва сайёҳии Аморати Абу Дабӣ мулоқот намуда, масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳиро баррасӣ намуд.

19.06.2025 10:07
Омадани сел, хокбориш ва ифлосшавии ҳавои атмосферӣ пешгӯӣ мешавад
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки чор рӯз, аз 19-ум то 22-юми июн дар кишвар баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ пешгӯӣ мешавад.
19.06.2025 10:04
Дар Тоҷикистон муассисаҳои томактабии хусусиву алтернативӣ зиёд шудаанд
Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ оид ба муҳокимаи лоиҳаи нави “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030” ва нақшаи чорабиниҳои он баргузор гардид.
19.06.2025 04:59
Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Амрико бояд бидонад, миллати Эрон таслим намешавад”
Оятуллоҳ Хоманаӣ, роҳбари олии Эрон бо нашри паёми телевизионӣ дар вокуниш ба изҳороти ахири Президенти Амрико гуфт, ки “миллати Эрон дар мақобилаи ҳар гуна таҳмил, чӣ ҷангӣ ва чӣ сулҳомез, истодагарӣ хоҳад кард ва таслим нахоҳад шуд”.
19.06.2025 04:50
Исроил тасдиқ кард, як ҳавопаймои бесарнишинаш аз сӯи Эрон сарнагун шудааст
Неруҳои мусаллаҳи Исроил дар як изҳороти расмӣ рӯзи чоршанбе эълон кард, ки ҳавопаймои бидуни сарнишини Исроил баъд аз он, ки аз сӯйи мушаки замин ба ҳавои неруҳои Эрон мавриди ҳадаф қарор гирифт, сарнагун шуд.
19.06.2025 04:43
Русия ҳушдор дод. Кумаки Амрико ба Исроил боиси нооромии бештар мешавад
Вазорати корҳои хориҷии Русия ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳушдор дод, ки ҳар гуна кумаки мустақими низомии Вашингтон ба Исроил дар муқобили Эрон метавонад боиси нооромии фарогир дар Ховари Миёна гардад.
18.06.2025 16:57
“Ҳама ҷо баста аст”. Иқтисоди Исроил дар ҳоли фурӯпошии комил аст
Дар пайи ҳамлаҳои шадиди мушакии панҷ рӯзи ахири Эрон иқтисоди Исроил ба буҳрони бесобиқа дучор шуда, гирифтори фурӯпошии сохторӣ шудааст. Дар ин ҳамлаҳо сохторҳои асосии иқтисоди Исроил, аз ҷумла корхонаҳои тавлиди нафт, бандарҳо ва майдонҳои ҳавоӣ мавриди ҳадаф қарор гирифта, комилан аз фаъолият боз мондаанд.
18.06.2025 11:40
“Зиндагии сахт ва дарднок”. Садҳо исроилӣ бо қаиқҳои баҳрӣ ба Қибрис мегурезанд
Расонаҳои Исроил навиштанд, ки дар пайи ҳамлаҳои мушакии шадиди шаби гузаштаи Эрон сокинони Исроил ба ваҳшат афтода, роҳи хориҷ шудан аз Исроилро меҷӯянд. Бархе аз сокинони Исроил аллакай бо қаиқҳо ва бо қабул намудани роҳи пурхатар аз тариқи баҳр ба минтақаи Қибрис дар наздикии Юнон фирор кардаанд.
18.06.2025 11:32
Тақдими 161 тонна хурмо ба 500 мактаби Тоҷикистон
Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 161 тонна хурмо тақдим карда мешавад, ки он зиёда аз 500 мактаб ва 43 ҳазор толибилмро фаро мегирад.