Беш аз 10,3 миллион сайёҳ ба Ӯзбекистон рафтаанд: Тоҷикистон дар сафи пеш
Шавкат Мирзиёев хостори суръат бахшидан ба ҷорӣ кардани кортҳои ID дар марзи Тоҷикистон шуд
Аббос Ироқчӣ: “Эрон таслим намешавад, музокирот бо ИМА идома дорад ва боз шудани тангаи Ҳурмуз ба созиш вобаста аст
Пизишкиён: “Хок мехӯрем, аммо хок намедиҳем”. Ин сухани Сатторхон аст ё Аҳмадшоҳи Масъуд?
Вазирони кишварҳои Халиҷи Форс ва Осиёи Марказӣ таҳкими ҳамкориҳоро баррасӣ карданд
Дар Кувайт нишасти Шурои кишварҳои Халиҷи Форс ва Осиёи Марказӣ доир гашт. Дар ин нишаст мақомоти дипломатии кишварҳо, аз ҷумла вазирони хориҷии бархе кишварҳои аъзо иштирок намуда, масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин нашаст масъалаи таҳкими муносибатҳо миёни ду блок – Халиҷи Форс ва Осиёи Марказӣ баррасӣ шуда, барномаи муштараки амал низ муҳокима гардид.
Шоҳзода Файсал ибни Фарҳон, вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ дар нишасти сеюми гуфтугӯ миёни кишварҳои узви Шурои ҳамкории кишварҳои Халиҷи Форс ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Кувайт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Нахустин нишасти Шурои кишварҳои Халиҷ ва Осиёи Марказӣ бо ташаббуси Арабистони Саудӣ дар соли 2023 дар Риёз баргузор шуда буд.
Дар ҷараёни ин нишаст роҳҳои густариши ҳамкориҳо миёни кишварҳои Шурои ҳамкорӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бахши заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, мубодилаи фарҳангӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид. Ҳамчунин, барномаи иқдоми муштарак барои рушди ҳамкориҳо муҳокима гардид.
Дар ин нишаст мақомоти кишварҳо оид ба баргузории нишасти Шурои ҳамкории кишварҳои Халиҷи Форс ва Осиёи Марказӣ, ки қарор аст моҳи оянда дар шаҳри Самарқанд баргузор гардад, ба созиш расиданд.
Мақомоти дипломатии кишварҳо таҳаввулоти ҷаҳонӣ, мушкилоти минтақа ва талошҳо барои ҳалли масъалаҳои ҷориро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Хабаргузории давлатии “ВАС”-и Арабистони Саудӣ хабар медиҳад, ки миёни кишварҳои Шурои ҳамкориҳои Халиҷ ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, яъне Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Туркманистон пайвандҳои муштарак вуҷуд дорад. Ин расона афзудааст, ки ҳамаи ин кишварҳо исломӣ буда, узви Созмони ҳамкориҳои Исломӣ мебошанд. Арзишҳои муштарак ва риштаҳои таърихии муштарак доранд. Ҳамчунин, ин кишварҳо дорои захираҳои бузурги нафту газанд, ки ин омилҳо онҳоро ба бозигарони муҳимми таъмини амнияти энергетикии ҷаҳонӣ табдил медиҳад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
26 сухани афкорсози устод Иброҳим Исмонов дар бораи зиндагӣ, сулҳ, журналистика ва сиёсат
Путин мегӯяд Русия барои ҳалли низоъ омода аст ба Эрон кумак кунад
Ҷабҳаи озодӣ: Мо се Толибро дар вилояти Парвони Афғонистон куштем
Тарғиби фарҳанги китобхонӣ. XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.