Беш аз 10,3 миллион сайёҳ ба Ӯзбекистон рафтаанд: Тоҷикистон дар сафи пеш
Шавкат Мирзиёев хостори суръат бахшидан ба ҷорӣ кардани кортҳои ID дар марзи Тоҷикистон шуд
Аббос Ироқчӣ: “Эрон таслим намешавад, музокирот бо ИМА идома дорад ва боз шудани тангаи Ҳурмуз ба созиш вобаста аст
Пизишкиён: “Хок мехӯрем, аммо хок намедиҳем”. Ин сухани Сатторхон аст ё Аҳмадшоҳи Масъуд?
Артиши Яман: Ба нови ҳавопаймобари Амрико ҳамла кардем
Неруҳои Артиши Яман эълон кард, ки тайи чанд рӯзи ахир ба нови ҳавопаймобари Троман ва дигар киштиҳои Амрико ҳамла карданд.
Яҳё Сареъ, сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман баёнияи нави амалиёти ин гурӯҳ бар зидди неруҳои дарёии Амрико ва Исроилро нашр кард. Бар асоси ин баёния, артиши Яман нови ҳавопаймобари Тромани Амрико ва чанд киштии ҷангии дигари душманро бо чанд мушаки болдор ва паҳпод мавриди ҳамла қарор доданд.
“Амалиёти муштараки нав дар ростои мубориза бо таҷовузи Амрико ба кишварамон ва посух ба ҷиноятҳо бар зидди мардуми мо сурат гирифт” – зикр мешавад дар баёнияи артиши Яман.
“Артиши Яман таъкид намуд, ки амалиёти низомии худ барои дифоъ аз сарзамини Яманро идома хоҳад дод. Гуфта мешавад, ки неруҳои мусаллаҳи Яман ба масъулияти худ дар замину дарё идома хоҳанд дод.
Амалиёти низомии Амрико бар зидди гурӯҳи ҳусиҳои Яман чанд ҳафта боз идома дорад. Доналд Трамп дар оғози амалиёти низомӣ мустақиман дар ситоди фармондеҳӣ ширкат карда, гуфта буд, ки Амрико барои нобудии артиши Яман то охир меҷангад.
Артиши Яман, ки таҳти идораи гурӯҳи ҳусиҳои Яман аст, аз оғози ҳамлаи Исроил ба навори Ғазза бар зидди киштиҳои Исроил, Амрико ва Британия амалиёти низомии дарёӣ анҷом медиҳад. Барои аввалин бор ин гурӯҳ аз мушаки ҳайперсоник дар муқобили Исроил истифода кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
26 сухани афкорсози устод Иброҳим Исмонов дар бораи зиндагӣ, сулҳ, журналистика ва сиёсат
Путин мегӯяд Русия барои ҳалли низоъ омода аст ба Эрон кумак кунад
Ҷабҳаи озодӣ: Мо се Толибро дар вилояти Парвони Афғонистон куштем
Тарғиби фарҳанги китобхонӣ. XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.