


Қазоқистон мехоҳад ба маркази блокчейни Осиёи Марказӣ табдил ёбад

БРИКС низоми якқутбии Ғарбро бо низоми бисёрқутбии одилона иваз мекунад

Толибон аз Қазоқистон хост ин гурӯҳро ба расмият шиносад

Ҳамос бо озод кардани 10 асири исроилӣ барои оғози музокирот розӣ шудааст
Axios: Эрон дар музокирот аз Амрико барои имзои созишномаи ниҳоии атомӣ фурсати бештар мехоҳад
Эрон дастёбӣ ба як созишномаи мураккаби атомиро дар зарфи ду моҳ, ки аз сӯйи президенти ИМА муайян шудааст, ғайривоқеӣ ҳисобида, мехоҳад фурсати бештар дошта бошад, то аз шиддатгирии вазъ пешгирӣ кунад.
Дар ин хусус, расонаи маъруфи Ахиоси Амрико бо такя ба сарчашмаҳои дипломатиаш гузориш додааст, ки дар он гуфта мешавад: “Эрон эҳтимолан мехоҳад дар ҷараёни музокирот бо ИМА пешниҳоди имзои як созишномаи муваққатии атомиро матраҳ намояд, то қабл аз оғози гуфтугӯҳо оид ба як созишномаи ҳамаҷониба замина фароҳам шавад”.
Тибқи иттилои ин расона созишномаи муваққатӣ миёни ИМА ва Эрон метавонад бардоштани қисме аз фаъолиятҳои ғанисозии урани Эрон, коҳиши захираҳои урани 60 фоиз ғанишуда ва ҳамчунин, дастрасии бештари нозирони СММ ба муассисаҳои атомии Эронро дар бар гирад.
Чанде қабл расонаҳо хабар доданд, ки рӯзи шанбе ба эҳтимоли зиёд ҳайати Амрико бо роҳбарии Стив Уитков, намояндаи хоси Доналд Трамп ва Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Амрико дар Уммон музокироти мустақими атомиро оғоз мекунанд. Мақомоти Эрон музокироти мустақими атомиро бо Амрико рад мекунанд, вале иттилооти фошшуда нишон медиҳад, ки Амрико мехоҳад мустақиман бо Эрон музокира кунад. Расонаҳои амрикоӣ навиштаанд, ки агар Эрон ба музокироти мустақим бо Амрико розӣ нашавад, эҳтимол дорад нишасти рӯзи шанбе дар Уммон лағв шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тим Бурчет: “Амрико дар ҳар ҳафта ба Толибон 20 миллион доллар пул мефиристад”
Қазоқистон мехоҳад ба маркази блокчейни Осиёи Марказӣ табдил ёбад
CNN: Трамп таҳдид кардааст, ки Маскав ва Пекинро бомбаборон мекунад
Баҳодур Усмонов ва Давлат Болтаев дар “Шоми бокс” ҳунарнамоӣ мекунанд
