


Қазоқистон мехоҳад ба маркази блокчейни Осиёи Марказӣ табдил ёбад

БРИКС низоми якқутбии Ғарбро бо низоми бисёрқутбии одилона иваз мекунад

Толибон аз Қазоқистон хост ин гурӯҳро ба расмият шиносад

Ҳамос бо озод кардани 10 асири исроилӣ барои оғози музокирот розӣ шудааст
Ҷинояти хунин. Исроил эътироф кард, ки сарбозонаш кормандони ёрии таъҷилиро куштаанд
Баъд аз се ҳафта артиши Исроил тасдиқ намуд, ки рӯзи 23-уми март сарбозонаш ба иштибоҳ 15 корманди хадамоти ёрии таъҷилиро куштаанд. Артиши Исроил гуфтааст, ки бархе аз кушташудаҳо бо Ҳамос иртибот доранд, вале то ҳанӯз дар ин хусус санаде пешниҳод накардааст.
Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид кушта шудани табибони ёрии таъҷилиро маҳкум намуда, хостори тафтишоти беғаразона шуданд.
Расонаҳо аз зери оташ қарор гирифтани корвони мошинҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар, як мошини Созмони Милали Муттаҳид ва як мошини хадамоти оташнишонӣ дар Ғазза, дар минтақаи Рафаҳ хабар доданд.
Қаблан, Исроил гуфта буд, сарбозонаш ба сӯйи корвони мошинҳо, ки дар торикӣ ва бидуни чароғ ва сигнал ба шакли шубҳанок ҳаракат мекарданд, тир кушоданд.
Пас аз як ҳафтаи ҳодиса дар телефони табиби кушташуда навор пайдо шуд. Ин навор нишон медиҳад, ки мошинҳо бо чароғакҳои фурӯзон ҳаракат менамуданд ва мехостанд ба маҷруҳон кумак кунанд. Ин навор аввалин бор аз сӯйи рӯзномаи “Ню-Йорк таймз” нашр гардид. Дар он видео дида мешуд, ки мошинҳо дар вақти тулӯи офтоб дар роҳ меистанд ва баъди чанд лаҳза артиши Исроил ба сӯйи онҳо тирпаронӣ мекунад.
Ҷасади табибони кушташуда баъди як ҳафта пайдо шуд. Зеро созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ба минтақа дастрасӣ надоштанд.
Дар хусуси ҳодисаи мазкур Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Фаластин ва чанд созмонҳои байналмилалӣ талаб намуданд, ки тафтишоти мустақил анҷом ёбад ва омилони он ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тим Бурчет: “Амрико дар ҳар ҳафта ба Толибон 20 миллион доллар пул мефиристад”
Қазоқистон мехоҳад ба маркази блокчейни Осиёи Марказӣ табдил ёбад
CNN: Трамп таҳдид кардааст, ки Маскав ва Пекинро бомбаборон мекунад
Баҳодур Усмонов ва Давлат Болтаев дар “Шоми бокс” ҳунарнамоӣ мекунанд
