“Раванди сабз”-и Амруллоҳ Солеҳ қароргоҳи Толибон дар як мактаби Панҷшерро ба оташ кашид
Трамп: “Ҳар лаҳза омодаи ҳамла ба Эрон ҳастам”
Русия ҳамроҳи Оверчук ҳайати беш 70-нафараро ба Кобул фиристод
Политико: Трамп Ҷей Ди Вэнсро аз музокирот бо Эрон канор гузошт
Боздошти 7 энергетик дар ҷаласаи зиддикоррупсионии Самарқанд
Дар ҷараёни як ҷаласаи зиддикоррупсионӣ ҳафт корманди ширкатҳои энергетикии вилояти Самарқанд боздошт шудаанд. Дар ин хусус хадамоти матбуоти Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон дар саҳифаи телеграми худ хабар додааст.
Ҳодисаи боздошти кормандони соҳаи энергетика рӯзи 14-уми феврал дар вақти баргузории ҷаласаи мубориза бо коррупсия дар соҳаи энергетика рух додааст.
Ҷаласаи мазкур зери раҳбарии муовини Прокурори генералии Ӯзбекистон Шоҳрух Аминов доир гашт.
Дар ин ҷаласа намояндагони филиалҳои минтақавӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрии ширкатҳои “Шабакаи барқи минтақавӣ” ва “Ҳудудгазтаъминот” ширкат доштанд.
Бар асоси иттилоъ, афроди боздоштшуда дар ҷиноятҳои коррупсионӣ, аз ҷумла сӯйистифода аз ваколатҳои хизматӣ гумонбар дониста мешаванд.
Онҳоро дар толори ҷаласа ба дастонашон завлона зада, боздошт ва аз толор берун бурданд.
Дар анҷоми ҷаласа намояндагони Прокуратураи генералӣ ба раҳбарони ширкатҳои энергетика дастур доданд, ки назорати интизоми меҳнатӣ дар миёни кормадонро тақвият диҳанд ва барои мубориза бар зидди коррупсия чораҳои иловагӣ андешанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт