14 Ноябр 2026,
шанбе, 19:46, Душанбе
07.02.2025 14:55

“Шаби Тоҷикистон” дар Эрон. “Мардуми тоҷик эрониёнро дӯст медоранд”

Дар доираи силсилаи барномаҳои “Шабҳои дипломатӣ” “Шаби Тоҷикистон” бо ҳузури масъулони сафорати Тоҷикистон дар Эрон, мақомоти расмии Эрон, фарҳангиён ва дӯстдорони Тоҷикистон баргузор гардид.

“Шаби Тоҷикистон” бо ташаббуси Муассисаи фарҳанг ва ҳунари “Ҳуршед” зери роҳбарии Ҳуҷатуллоҳ Аюбӣ ва сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ доир гашт.

Дар сароғози маҳфили фарҳангӣ ва адабии “Шаби Тоҷикистон” Ҳуҷатуллоҳ Аюбӣ, раиси Муассисаи фарҳангӣ ва ҳунарии “Ҳуршед” таъкид кард, ки дар диёри мо, дар сарзамини азизамон арзишмандтарин сармоя фарҳанг, адаб ва ирфон аст.

“Агар имрӯз андешамандони бузург ба ин натиҷа расиданд, ки фарҳанг ҷудо аз хосиятҳои санъати сармоя аст, бояд гӯям, ки Фирдавсӣ – бузурги эронзамин дар давраи ҳаёти худ чунин гуфта “фарҳанг роиши ҷон бувад”.

Раиси Муассисаи фарҳангӣ ва ҳунарии “Ҳуршед” Ҳуҷатуллоҳ Аюбӣ бо таъкиди ин ки дипломатияро бо лаззати фарҳанг дӯст доранд, чунин афзуд: “Барои он талошҳои бисёр анҷом шудааст. Барномаи “Шаби Тоҷикистон” яке аз ҳамон бешумор талошҳоест, ки дар масири ишқ варзидан ба фарҳанги кишварамон ва ҳамчунин, ёдоварии иштирокоти фарҳанги Эрон ва Тоҷикистон барпо шудааст”.

Мир Ҷалолуддин Каззозӣ, устоди забон ва адаби форсӣ дар маҳфили “Шаби Тоҷикистон” суханронӣ карда, гуфт, ин базм ба поси Эрон ва Тоҷикистон сомон дода шудааст - базмест дилпазир, навидбахш ва умедофарин.

“Мо ҳар ду яке ҳастем. Ду кишвар- як сарзамин. Ман мехоҳам дар ин гуфтор ба пайванди Эрон ва Тоҷикистон андаке бипардозам. Ба ростӣ, пайванди ин ду кишвар чӣ гуна аст? Ба чӣ пояҳое устувор шудааст? Аз он рӯй, ки посухе санҷида, сохта ва устувору донишварона битавонем, ба ин пурсиш посух дод, ба ночор мебояд пурсиши дигареро нахуст посух диҳем. Он пурсишҳоро посух надиҳем ва ин андешаро ба сомону саранҷом нарасонем, наметавонем пурсиши нахустинро ҳам посухи барозанда, дарохур ва пазируфтанӣ диҳем” –гуфт Мир Ҷалолуддини Каззозӣ.

Донишманди эронӣ дар идома афзуд, ки Эрон ва Тоҷикистон сарзаминҳои бисёреро дар бар мегиранд: “Ман дар сухане, ки чанде қабл таъкид кардам, кӯтоҳан ба ин замина пардохтам. Сухани ман дар ин базм дар бораи Эрон буд. Гуфтам мо чанд Эрон дорем. Яке Эрони фармонравоён аст. Эрони сиёсӣ аст. Ин Эрон хурдтарин, тангтарин гунаи Эрон аст. Эроне, ки ҳамакнун дар он мезием. Ин сухан ниёзе ба гуфтан нест ва Тоҷикистонро мебарозад. Эрони дигар чист? Эрони таърихӣ. Бисёр паҳновар. Эроне, ки чанд ҷаҳоншоҳии бузургро дар худ падид овардааст. Ҷаҳоншоҳии Ҳахоманишӣ, Ашконӣ, ҷаҳоншоҳии Сосонӣ” –афзуд Каззозӣ.

Парисо Сомонӣ, рӯзноманигори эронӣ низ дар ин чорабинӣ ҳузур дошт ва аз он гузорише навишт: “Шаби Тоҷикистон” – “Духтарон ва писарони кӯчак бо либосҳои тоҷикӣ ва кӯлоҳҳои кӯчаки рангин бар сар, ки нишон аз ҳувияти тоҷикии онҳо буд, аз меҳмонии бузурги Эрон ва Тоҷикистон худнамоӣ мекард”.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

14.11.2026 15:16

“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад

Бархе ниҳодҳои ҷосусии кишварҳо ба ин натиҷа расидаанд, ки гурӯҳи террористии Толибон ҳанӯз як таҳдиди фаромарзӣ ва барои амнияту субот дар Осиёи Марказӣ метавонанд хатарофарин бошанд. Ин нигаронӣ аз он ҷо сарчашма мегирад, ки дар таркиби гурӯҳҳои террористии Толибон мухолифони деринаи ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ, исломгароёни тундрав ва террористӣ ҳузур доранд.
14.11.2026 13:55

Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд

Душанбе ва Куала-Лумпур ният доранд ҳамкориҳоро дар бахшҳои обёрӣ, механикакунонии кишоварзӣ ва чорвопарварӣ густариш диҳанд. Ин масъала дар ҷараёни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо вазири кишоварзӣ ва амнияти озуқавории ин кишвар Муҳаммад Сабу баррасӣ шудааст.
14.11.2026 09:36

Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт

Мушкилоти техникӣ дар низоми иртиботии ҳаракати ҳавопаймоҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар фаъолияти фурудгоҳҳо мушкилот ба вуҷуд оварда, боиси лағви парвозҳо шудааст. Ин мушкил парвозҳои ҳазорон хатсайри ҳавоиро ба таъхир гузоштааст.
14.11.2026 08:28

Роберто Кардарелли: “Тоҷикистон имрӯз ба қарзи Хазинаи байналмилалии асъор ниёз надорад”

Роберто Кардарелли, муовини директори Департаменти Ховари Миёна ва Осиёи Марказии Хазинаи байналмилалии асъор мегӯяд, ки вазъи қарзи давлатӣ ва муомилоти хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир устувор аст ва бо ин далел, ба гирифтани қарз аз Хазинаи байналмилалии асъор ниёз надорад.
13.11.2026 18:05

Тоҷикистон барои ҳамгироӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ талош дорад

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадаф дорад ҳамкориҳоро бо кишварҳои минтақа дар соҳаи энергетика густариш дода, низоми барқи худро ба шабакаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст намояд. Рушди хатҳои интиқоли неруи барқ ва таҷдиди инфрасохтори мавҷудуда аз вазифаҳои асосӣ дар ин самт мебошад.
13.11.2026 18:01

Як ширкати қазоқӣ дар Тоҷикистон аз қаъри замин кони металҳои рангаро ҷустуҷӯ мекунад

Ширкати қазоқистонии истихроҷи тилло «Solidcore Resources» тасмим гирифтааст, ки бо Сарраёсати геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои иктишофиро барои пайдо намудани конҳои металлҳои қимматбаҳо дар Тоҷикистон оғоз кунад. Ҷониби Тоҷикистон бо ин ширкати қазоқӣ шартномаи панҷсоларо ба имзо расонд.
13.11.2026 16:00

Shohin Airlines ба чор минтақаи кишвар парвозҳои мунтазамро ба роҳ мемонад

АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines хабар дод, ки парвозҳои мунтазами дохили дар самти Душанбе – Хоруғ, Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Бохтар ва Душанбе – Кӯлоб ба роҳ монда мешавад.
13.11.2026 15:33

Вазири корҳои хориҷӣ нусхаи эътимодномаи сафири Ветнам дар Тоҷикистонро қабул кард

Имрӯз, 13-уми ноябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нгуен Тхань Леро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома қабул кард.