Мактаби футболи бошгоҳи "Истиқлол" дар Амрико фаъол мегардад
«Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино ба се забон нашр шуд
Ислом Махачев розӣ нашуд. Рақобати Карлос Пратес ва Майкл Моралес барои камарбанди муваққатӣ
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ҷамъбаст мегардад
Путин дастур дод, дар муқобили “Евровидения” мусобиқаи “Интервидения” баргузор шавад
Мақомоти Федератсияи Русия бар асоси дастури Владимир Путин, президенти ин кишвар, имсол дар шаҳри Маскав озмуни суруди “Интервидения” –ро бояд баргузор кунанд. Мусобиқаи овози “Интервидения” шабеҳи мусобиқаи овози “Евровидения" аст ва мақсади он эҳёи арзишҳои “суннатӣ” –и Русия мебошад.
Бархе расонаҳо навиштанд, ки ҳадафи баргузории мусобиқаи овози “Интервидения” рақобат бо мусобиқаи овози “Евровидения” мебошад.
Баъди оғози ҷанги Русия бо Украина дар соли 2022 дастандаркорони мусобиқаи “Евровидения” ширкати намояндагони Русияро манъ карданд.
Дар пайи ин мамнуъият Владимир Путин дастури эҳёи мусобиқаи овози “Интервидения" - ро содир кардааст. “Интервидение” як барнома ё мусобиқаи суруд буд, ки беш аз 40 сол боз дигар дар Русия баргузор намешуд. Бархе таҳлилгарони рус, эҳёи “Интервидения” –ро бозгашт ба арзишҳои суннатии замони Шӯравӣ маънидод кардаанд.
Фармони баргузории мусобиқаи “Интервидение” рӯзи душанбе аз ҷониби Владимир Путин содир шуд, ки ҳадафаш “ҳамкориҳои фарҳангӣ ва инсонии байналмилалӣ” гуфта шудааст.
Таъкид шудааст, ки мусобиқаи нави овоз бояд ба “арзишҳои суннатӣ, ҷаҳонӣ, маънавӣ ва хонаводагӣ” пойбанд бошад. Ишораи ин нукта дар мусобиқаи “Интервидения” интиқоди ғайримустақим ба кори “Евровидения” аст, ки дар он гурӯҳе аз трансҷинсҳо ва ҳамҷинсгароҳо ширкат ва овозхонӣ карда буданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ карданд
Тоҷикистон барои тағйирёбии иқлим 72 миллион евро мегирад
Беш аз 100 миллиард евро зарар ба Аврупо: Олмон аз талош барои поён додани муноқишаи Эрон ва Амрико хабар дод
Кремл: Путин барои гуфтугӯ бо ҳамаи раҳбарони ҷаҳон омода аст