“Раванди сабз”-и Амруллоҳ Солеҳ қароргоҳи Толибон дар як мактаби Панҷшерро ба оташ кашид
Трамп: “Ҳар лаҳза омодаи ҳамла ба Эрон ҳастам”
Русия ҳамроҳи Оверчук ҳайати беш 70-нафараро ба Кобул фиристод
Политико: Трамп Ҷей Ди Вэнсро аз музокирот бо Эрон канор гузошт
Аз Қазоқистон ба Ӯзбекистон хатсайри сафари наврӯзӣ роҳандозӣ мешавад
Як ширкати сайёҳии Қазоқистон хабар медиҳад, ки ба муносибати ҷашни Наврӯз хатсайри сайёҳии байнисарҳадӣ миёни Ӯзбекистону Қазоқистон роҳандозӣ хоҳад шуд.
Ширкати миллии “Kazakh Tourism”-и Қазоқистон эълон намуд, ки сафари навбатии байнисарҳадии сайёҳӣ аз Қазоқистон ба Ӯзбекистон танҳо ба муносибати ҷашни Наврӯз роҳандозӣ хоҳад шуд.
Тибқи иттилои ширкат сайёҳон тавассути қатора метавонанд ин ҷашни баҳориро дар сафар ба Қазоқистону Ӯзбекистон таҷлил кунанд. Сафари сеюми байнисарҳадӣ аз 20 то 25-уми марти соли 2025 ба нақша гирифта шудааст.
Муддати сафари байналмилалӣ панҷ рӯз буда, масири он чунин хоҳад буд: Алмаато-Туркистон-Тошканд-Самарқанд-Тараз-Алмаато.
Ширкати “Қазоқ-туризм” иттилоъ медиҳад, ки дар ҷараёни сафар имкони ошноӣ бо таърихи шаҳрҳои қадим, мероси маънавии Роҳи Абрешим ва боздиди ёдгориҳои таърихии Ӯзбекистон ва Қазоқистон фароҳам мешавад.
“Ҳамзамон, сайёҳон муҳити суннатии меҳмоннавозии шарқиро эҳсос карда, бо анъанаҳои миллии мардумони ин минтақа шинос хоҳанд шуд”- таъкид мекунад ширкати “Қазоқ-туризм”.
Ҳамчунин, таъкид мешавад, барномаи сафари байнисарҳадии сайёҳӣ чорабиниҳои идонаро дар этнорусто фаро мегирад, ки дар он барномаи консертӣ, маросимҳои миллӣ ва дегустатсияи таомҳои анъанавӣ барномарезӣ шудааст.
Дар иттилоияи ширкати “Қазоқ-туримз” таъкид шудааст, ки ҳамроҳии роҳнамои касбӣ, шароити бароҳати иқомат дар вагонҳои муосир ва хӯрокҳои болаззат фароҳам оварда мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт